"Ҷодугарҳо" дубора ба бозор бармегарданд

Навбати дари як фолбин дар Душанбе

Дар Тоҷикистон бозори фолбинҳо торафт гармтар мешавад. Бисёри мардум аз мушкилоти зиндагӣ ба ҷон омада, роҳи халосиро дар фолбину фолкушоӣ мебинанд.
«Фол мебинам, бо нирӯи кайҳонӣ муолиҷа мекунам. Ва рақами телефон.»

Эълонҳое ба ин мазмун, ки ба шумо ваъдаи тиҷорати муваффақ, кушоиши кору бахт ва ҳалли мушкили хонаводагиатонро медиҳанд, имрӯз дар нашрияҳои тарғиботии кишвар хеле зиёд шуданд.

Дар баробари рекламаву тарғиботи дигар навъҳои хизматрасонӣ дар расонаҳо ба осонӣ метавон рақами телефони ҳамагуна фолбинро пайдо кард. Онҳо ошкоро ин хизматрасонӣ ва шумораи телефонашонро пешниҳод мекунанд. Ин ҳам дар ҳоле ки беш аз ҳафт сол боз дар Тоҷикистон фолбинӣ ва сеҳру ҷоду расман манъ шудааст ва онҳое, ки ба ин амал даст мезананд, аз 150 то беш аз 200 доллар ҷаримабандӣ мешаванд.

Маҳбуба, фолбин ва табиби халқӣ, ки мо рақамашро аз огаҳии як нашрия пайдо кардем, мегӯяд, талаботи мардум ба кори ғайбдонҳо зиёд аст ва агар онҳо ин корро накунанду ба муштариёни худ кӯмак нарасонанд, бемор мешаванд ва ба қавли худашон, «пирҳо» азияташон медиҳанд.

Ӯ мегӯяд: «Ин кори мо ягон қаллобӣ нест. Мо аз рӯи китоби Қуръон фол мебинем. Ноф мегардонем, аловгардон, кушоиши кор, қайтарма мекунем. Ман аз сини 16-солагӣ хоб медидам, як мӯйсафед дар хобам меомад, ӯ ба ман китобу тасбеҳ дод. Дар хоб ман 3 бор Ҳаҷ рафтам. Ва ҳамин тавр ба ин кор шурӯъ кардам. Мо ягон нафарро маҷбурӣ намеорем ин ҷо, одамҳо эътиқод доранд, ки меоянд, аз рӯи имкон табобат мекунем ва барои хуб шудани зиндагӣ кӯмак мекунем. Агар ҳамин кори мо ба мардум кӯмак накунад, онҳо назди мо намеоянд.»

Маҳбуба, ки маълумоти олии тиббӣ доштааст, беш аз 30 сол аст, ояндаро барои мизоҷонаш гӯйё пешгӯӣ мекунад ва барои табобати бемориҳои мухталиф бо усули халқӣ, иҷозатнома дорад. Ӯ фолбинӣ ё пешгӯии ояндаи мардум ва кӯмак ба онҳоро як ҷузъи кори табиби халқӣ медонад. Бо вуҷуди он, ки қонунгузорӣ дар Тоҷикистон фаъолияти ӯро дар ин самт иҷоза намедиҳад.
Маҳбуба мегӯяд, на аз пеши худ, балки аз рӯйи китоб, ояндаро мебинад ва дар кори ӯ ягон қаллобӣ нест. Нархи фолкушоӣ дар назди Маҳбуба барои як нафар аз 20 сомонӣ шурӯъ мешавад ва бо ворид шудани қайтармаву дигар хизматрасониҳо ин маблағ то ба 100 сомонӣ мерасад.

Шаҳло, зани ҷавоне, ки аз хонаи Маҳбубаи табиб ва фолбин берун мешуд, гуфт бори аввал аст барои ҳалли мушкили худ аз хизмати чунин афрод истифода мебарад: «Ман аслан ҳам барои табобат ва ҳам барои як мушкили хонаводагӣ ин ҷо омадам. Чанд воқт боз бо шавҳарам муносибати хуб надорем, ҷангу ҷанҷол аст дар хона, гуфтам як бор ӯ бинад, ки ояндаи мо чӣ мешуда бошад ва ҳарчанд инҳо ягон сухани умедворкунанда нагуфтанд ба ман, аммо ваъда доданд, ки кӯмак мекунанд.»

Аз хизмати фолбину ғайбдонҳо, мисли Шаҳло бештар онҳое истифода мекунанд, ки дар зиндагии хонаводагӣ мушкиле доранд ва ё мехоҳанд бахташон кушода шаваду кору тиҷораташон бобарор бошад. Аммо аз хонаводаҳои афроди мансабдор ҳам ба фолбинҳо муроҷиа мешавад ва одатан занони мансабдор дари фолбинҳоро мекӯбанд, на худи онҳо.

Эътимоду таваҷҷӯҳ ба фолкушоиҳо ва кори сеҳргарон ва ҳамоно гарм боқӣ мондани бозори ин афрод дар ҳолест, ки мардуми соҳибназар фаъолияти онҳоро дурӯғ, хурофот ва бепоя медонанд ва рӯҳониёни саршинос ҳам кори онҳоро маҳкум кардаву ҳаром мехонанд. Тибқи қонунгузориҳои Тоҷикистон низ, аз соли 2007 ин амал манъ шудааст ва фолбинӣ баробар ба ҷурми қаллобӣ дониста мешавад. Ҳоло аксаран фолбинҳо ҳам бо иҷозатномаи расмии вазорати тандурустӣ ва супурдани андоз чун табиби халқӣ фаъолият мебаранд.

Фолбине дар Ғазнии Афғонистон

Тибқи иттилои Хадамоти назорати тиббии назди вазорати тандурустӣ, имрӯз дар ҳудуди кишвар 28 нафар иҷозати чун табиби халқӣ, фаъолият бурданро доранд. Аммо дар маҷмӯъ бино ба як таҳлили ин хадамот дар оғози соли равон маълум шудааст, ки дар кишвар беш аз 80 нафар ғайриқонунӣ ба фолбинӣ машғул аст ва Ғаффор Миралиев, намояндаи хадамоти мазкур мегӯяд, «мо дар ин маврид чораҷӯӣ дорем барои ҷилавгирӣ аз кори ғайриқонунии онҳо. 10 нафари онҳоро барои кори ғайриқонунӣ ба додгоҳ пешниҳод кардем.»

Ҷомеашиносон як омили афзун будани талабот ва эътиқод ба фолбиниву сеҳргаронро дар мушкилоти иҷтимову иқтисодии одамон рабт медиҳанд, ки кӯмаки фолбинҳоро ба мисли рӯшноӣ дар охири зулмот медонанд. Аммо Лолаи Саидакбар, хабарнигори тоҷик мегӯяд, сабаби аслии зиёд будани таваҷҷӯҳи мардум ба фолбин дар набуди боварӣ ба рӯҳшинос ва камбуди худи рӯҳшиносон аст.

Ҳамсӯҳбати мо меафзояд: «Мо рӯҳшинос ё психологӣ хуб надорем барои ҳамин ба фолбин таваҷҷӯҳ бештар аст. Аз сӯи дигар ин кор дар нашрияҳои хусусӣ зиёд тарғиб мешавад ва бинобарин мардум ҳам фикр мекунанд, ки ин афрод метавонанд мушкили онҳоро ҳал кунанд. Ин нашрияҳо барои пул ҳар афроди қаллобро ҳам чун фолбину табиб ва сеҳргар муаррифӣ мекунанд. Ман шахсан худам барои санҷиш назди як нафаре даромадам, ки дар як нашрия бисёр таърифаш карда буданд. Ӯ бароям бисёр дурӯғҳо гуфт ва гуфт барояш матоъ ва пояфзолу чизҳои дигар биёрам. Инҳо ҳама дурӯғ мегӯянд. Ман ҳайрон, ки мо чӣ хел мусалмонем, ки ба кори инҳо бовар мекунему меравем.»

Лолаи Саидакбар мегӯяд, таблиғи кори ин афрод бояд дар расонаҳо роҳ дода нашавад, то мардум ба доми онҳо наафтанд.

Аммо маҳдудияти қонунӣ дар фаъолияти фолбинҳо дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки фолбинӣ дар дигар кишварҳо, аз ҷумла дар Русия мамнӯъ нест ва онҳо расман ба кушодани ҷиноятҳои печида ва пешгӯӣ кардани ояндаи ягон соҳибкор ва ҳатто сиёсатмадорон кӯмак мекунанд. Ҳатто фаъолияти онҳо тариқи шабакаҳои телевизионӣ ба таври густарда таблиғ мешавад.