Сел дар Бӯстон хонаву мошинҳоро вайрон кард
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Борони зиёд ва сел дар деҳаи Бӯстони ноҳияи Вахш ба чандин хона ва моликияти мардум осеб расондааст. Дар видеое, ки аз ин деҳа ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки сел мошинеро зери обу гил кардааст ва оби ғализи гилолуд аз дохили кӯчаи васеъ мегузарад. Фалокат рӯзи 6-уми май рух додааст.