Вазорати молия: Касри будҷа ҳаст, аммо аз меъёр зиёд нест

Бинои Вазорати молияи Тоҷикистон.

Каср ва ё дефитсити будҷаи давлати Тоҷикистон дар 9 моҳи соли равон ба 393 миллион сомонӣ ё наздики 60 миллион доллар расидааст.

Бино ба маълумоти Вазорати молия, даромади умумии будҷа дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ 10 милларду 836,6 миллион сомониро будааст, ки беш аз 96 дарсади нақшаи қаблан тасдиқшударо ташкил мекунад. Тибқи нақша дар ин муддат ба будҷаи давлат бояд ҳудуди 11 миллиарду 230 миллион сомонӣ маблағ ворид мегардид.

Масъулони вазорату идораҳои блоки иқтисодии кишвар камомади қисмати даромади будҷаро ба буҳрони иқтисодӣ марбут медонанд. Аммо дар Вазорати молия − ниҳоди масъули иҷрои будҷаи кишвар мегӯянд, ҳарчанд касри будҷа вуҷуд дорад, аммо он аз меъёри муқарраркардаи қонун зиёд нест.

Сайвалӣ Сафаров, роҳбари раёсати будҷаи давлатии Вазорати молия рӯзи 21−уми октябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ бо тасдиқи ин хабар гуфт, камомади будҷаро давлат аз ҳисоби фурӯши корхонаю дигар объектҳои давлатӣ пур хоҳад кард.

Ба гуфтаи ин масъули Вазорати молияи Тоҷикистон, “тибқи қонунгузории мо касри будҷа набояд аз 0,5 фисади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд бошад. Касри будҷае, ки ҳоло мо дорем, аз ин меъёр зиёд нест. Гузашта аз ин, мо касри будҷаро аз ҳисоби дигар даромадҳо, хусусигардонии амволи давлатӣ ва фурӯши векселҳо давлатӣ пур хоҳем кард.”

Таъсири манфии буҳрони иқтисодӣ ба Тоҷикистон дар пайи дучори рукуд шудани иқтисоди Русия ва уфти бесобиқа қурби рубл расид. Бо ворид шудани иқтисоди Русия ба марҳалаи рукуд, бисёре аз муҳоҷирон ҷои кори худро аз даст доданд ва қисми дигар аз ҳаққи вуруд маҳруманд, ки дар натиҷа ҳаҷми интиқолҳои пулии муҳоҷирон ба ватан то 32 дарсад коҳиш ёфт.

Коҳиши даромади хонаводаҳо ба “сард шудани” савдо дар бозорҳо мунҷар шуд ва ҳамин тариқ таъсири ин буҳрон то болотарин сатҳ ба будҷаи кишвар таъсир кард. Чунки бахши аъзами даромадҳои будҷа аз ҳисоби боҷҳои гумрукӣ аст, аммо бо сард шудани савдо дар бозорҳои дохилӣ воридоти мол ва ҳамин тариқ даромадҳои давлат аз ҳисоби боҷи гумрукӣ кам шуд.

Айни ин вазъият, аллакай дар омори расмӣ низ бозтоб ёфтааст. Бино бар арқоми тозаи Оҷонсии омор, воридоти мол ба Тоҷикистон то ба 22 дарсад коҳиш ёфтааст. Кишвар дар нимсолаи аввали соли равон ба беш аз 2 миллиард доллар мол ворид кардааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 562 миллион доллар камтар аст. Камшавии воридот дар навбати худ боиси коҳиш ёфтани боҷи гумрукӣ шуд ва ин яке аз сабабҳои иҷро нашудани қисмати даромади будҷа дониста мешавад.

Иҷро нашудани нақшаи даромади будҷаи Тоҷикистон ба вазъи молиявии мардум низ бевосита таъсир расондааст. Ин аст, ки дар бисёре аз соҳаҳо коргарон бо таъхири зиёд маош мегиранд ва ё ҳанӯз ҳам интизори пардохти маошашон ҳастанд. Бинобар арқоми Оҷонсии омор, қарзи маош дар панҷ моҳи соли равон ба беш аз 212 миллион сомонӣ расидааст. Ин оҷонсӣ мегӯяд, беш аз ҳама кишоварзон ва ҷангалпарварон ва баъдан кормандони соҳаи барқу об маош нагирифтаанд ва кордеҳон аз эшон маблағҳои ҳангуфт қарздоранд.

Профессор Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд, бар замми буҳрон, яке аз сабабҳои бузург шудани касри будҷа ҷамъоварии нодурусти андоз ва иҷро нашудани барномаи зиддибуҳронӣ аст: “Дар аввали сол як барномаи зиддибуҳронӣ қабул шуда буд. Аммо куҷост ин барнома, чаро бандҳои он иҷро намешавад? Ҳамон замон мансабдорон мегуфтанд, ки ин барномаро қабул кардем ва касри будҷа ба вуҷуд намеояд. Агар ҳамин барномаи зиддибуҳронӣ иҷро мешуд, имрӯз касри будҷа ба вуҷуд намеомад.”

Бо назардошти ин вазъият, ҳанӯз дар оғози сол созмонҳои байналмиллалӣ аз ҷумла GIZ -- Созмони рушди Олмон аз давлати Тоҷикистон даъват карда буд, ки қонуни будҷаро бозбинӣ карда, қисмати даромади онро коҳиш бидиҳад. Чунки талаби зӯран иҷро кардани нақшаи даромади будҷа бо воситаи ситонидани андозҳои гарон миёни бахши хусусиро хоҳад шикаст. Аммо давлатмардони Тоҷикистон дар такя ба оморҳои рушди қобили мулоҳизаи арсаҳои иқтисод дар кишвар гуфтанд, зарурате барои бозбинии будҷа вуҷуд надорад.