"Истиқлол" бори шашум Суперҷоми Тоҷикистонро гирифт

"Истиқлол", ки бар "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд, барои бори шашум Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овард.

Мавсими нави футбол дар Тоҷикистон бо бозӣ барои Cуперҷом ё Ҷоми олии Тоҷикистон оғоз ёфт. Ин бозӣ рӯзи 3 апрел дар Варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода бо ҳузури 4000 тамошобин баргузор шуд.

Дар ин бозӣ дастаи "Истиқлол"-и Душанбе, қаҳрамони феълӣ ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2015, бар тими "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд, барандаи медалҳои нуқраи мусобиқаи порсолаи қаҳрамонии кишвар, бо ҳисоби 3:2 ғалаба кард.

Ҳисобро Александр Каблаш, легионери украинии “Истиқлол”, дар дақиқаи 13-ум боз кард. Фарҳод Тоҳиров, ҳамлагари “Хуҷанд”, дар дақиқаи 20-ум ҳисобро баробар намуд. Пас аз як дақиқаҳимоятгар Давронҷон Эргашев боз “Истиқлол”-ро ба пеш баровард.

Баъди танаффус дар майдон мубориза боз ҳам шиддат гирифт.Ба Дилшод Каримов, бозигари хуҷандиҳо, дар дақиқаи 73-юм муяссар шуд, ки ҳисобро баробар намояд. Голи севум ва ҳалкунандаи ин бозиро боз ҳам Александр Каблаш ҳашт дақиқа қабл аз анҷоми бозӣ ба ҳадаф расонд. Дарвоқеъ Каблаш, ки бозигари беҳтарини ин бозӣдониста шуд, бо ҷоизаи Федератсияи футболи Тоҷикистон сарфароз гашт.

Бозии "Истиқлол"-у "Хуҷанд"

Дар маросими супурдани ҷоизаҳо ибтидо ба доварони ин бозӣ бо cарварии Насрулло Кабиров, довари ФИФА аз шаҳри Норак, тӯҳфаҳои ФФТ тақдим гардид.

Баъдан медалҳои нуқраи Суперҷом ба дастаи "Хуҷанд" ва медалҳои тилло ба дастаи “Истиқлол” эҳдо шуд. Дар поёни ин маросим Хуршед Файзуллозода, ноиби аввали президенти ФФТ, Суперҷоми Тоҷикистонро ба капитани "Истиқлол" Нуриддин Давронов супурд.

Суперҷоми Тоҷикистон -2016

«Истиқлол» - «Хуҷанд» - 3:2

Голҳо: Александр Каблаш, 13 (1:0). Фарҳод Тоҳиров, 20 - аз пеналтӣ (1:1). Давронҷон Эргашев, 21 (2:1). Дилшод Каримов, 73 (2:2). Александр Каблаш, 82 (3:2).

«Истиқлол» (Душанбе): Никола Стошич, Ҷаҳонгир Ҷалилов, Нуриддин Давронов (капитан, Сиёвуш Асроров, 46), Давронҷон Эргашев, Парвизҷон Умарбоев, Ҷаҳонгир Алиев (Фатҳулло Фатҳуллоев, 88), Александр Каблаш, Акмал Холматов (Нозим Бобоҷонов, 62), Петро Ковалчук, Фаридун Шарифов (Манучеҳр Ҷалилов, 77).

Сармураббӣ: Мубин Эргашев.

«Хуҷанд» (Хуҷанд): Муъминҷон Гадойбоев, Соҳибҷон Ҳакимов, Манучеҳр Аҳмадов (капитан), Шероз Сангинов (Саидҷон Шарифов, 61), Илҳом Баротов (Абдумалик Шодиев, 90), Ҳоҷибой Зиёев), Дилшод Каримов, Руслан Раҳматов, Шероз Абдуллоев, Фарҳод Тоҳиров, Дилшод Бозоров (Марифбой Марифбоев, 64).

Сармураббӣ: Нуъмонҷон Юсуфов.

Огоҳонида шуданд: Шероз Сангинов (36), Давронҷон Эргашев (71), Саидҷон Шарифов, 85), Александр Каблаш (88), Дилшод Каримов (90+2).

Сардовар: Насрулло Кабиров (Норак).

Нозири доварон: Анвар Мирзоев (Душанбе).

Комиссари бозӣ: Шавкат Аҳмадов (Душанбе).

3 апрел. Турсунзода. Варзишгоҳи «Металлург». 4000 тамошобин.

Дар як нишасти хабарӣ, ки баъди анҷоми ин бозӣ баргузор шуд, мураббиёни ҳарду даста аз ҳолати майдони пуробу лойи Варзишгоҳи “Металлург”, ки ба ҳунарнамоии футболбозон монеа эҷод намудааст, изҳори нигаронӣ карданд.

Аслиддин Ҳабибуллоев, мураббии калони дастаи “Истиқлол”, гуфт, “ба иллати вазъи ногувори майдони бозӣ футболбозони мо натавонистанд ҳамаи дастурҳои моро ҳам аз ҷиҳати тактикӣ ва ҳам аз лиҳози техникӣ комилан ба ҷо оранд.Вале бо вуҷуди ин, бозӣ хубу шавқангез гузашт. Ман наметавонам, ки аз бозии даста қаноатманд набошам, муҳим он ки мо пирӯз шудем ва соҳиби Суперҷом гардидем. Ин ғалабаро мо ба сармураббии дастаамон Мубин Эргашев бахшидем, ки то ҳоло дар бемористон аст ва умедворем ин пирӯзӣ ӯро хушҳол ва вазъи саломатиашро хубтар мекунад.”

Нуъмонҷон Юсуфов, сармураббии дастаи “Хуҷанд”, низ аз бозии шогирдонаш изҳори қаноатмандӣ намуд. Ӯ гуфт, ки дар ин бозӣ бисёр бозигарони нав ба майдон омаданд ва бозии хуб ҳам нишон доданд. Вале сармураббӣ аз голи севуме, ки дар дақиқаҳои охирини бозӣ ба дарвозаи “Истиқлол” зада шуд ва онро сардовар ҳисоб накард, нороҳат буд.

“Ба андешаи ман бозигари мо қоидаро вайрон накардааст, голи задааш ҳалол буд, вале тасмими сардоварро мо наметавонем, ки дигар кунем. Агар шикоят ҳам нависем, ба натиҷаи бозӣ асар намекунад”, - иброз дошт ба хабарнигорон Нуъмонҷон Юсуфов.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми олии Тоҷикистон сар аз соли 2010 барои бори ҳафтум барпо гардид. Ҳамагӣ панҷ даста дар бозиҳо барои Суперҷом ширкат кардааст. «Истиқлол» барандаи аввалин ва феълии Ҷоми олист. «Истиқлол» шаш бор (солҳои 2010, 2011, 2012, 2014, 2015, 2016) ва «Равшан»-и Кӯлоб як маротиба (соли 2013) Ҷоми олии Тоҷикистонро ба даст овардаанд. “Хуҷанд” аввалин бор дар бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон иштирок кард.

Ёдовар мешавем, «Истиқлол» соли гузашта дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон, ки 5 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе барпо гардида буд, бар дастаи "Хайр"-и шаҳри Ваҳдат аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4:3 пирӯз шудааст. Замони асосии ин бозӣ бо ҳисоби мусовии 2:2 хотима ёфт. Дар 30 дақиқаи замони изофӣ низ ғолиб муайян нашуд. Дар задани силсилаи пеналтӣ кори футболбозони “Истиқлол” омад кард ва онҳо бо ҳисоби 4:3 ғолиб омаданд.

Натоиҷи ҳамаи бозиҳои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2016):

2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 1:0

2012 – «Истиқлол» (Душанбе) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» (Душанбе) – 0:5

2015 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хайр” (Ваҳдат) - 2:2, аз рӯи пеналтӣ – 4:3

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) – “Хуҷанд” (Хуҷанд) – 3:2