Видеои Домулло Маъруфҷон: “Ниёзе ба ҲНИТ намондааст”

Домулло Маъруфҷон, аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик, ки солҳо дар Эрон ба сар бурдааст, дар як сӯҳбати видеоӣ Ҳизби наҳзати исломиро “чизи зиёдатӣ” дар ҷомеаи Тоҷикистон унвон кардааст.

Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, аз рӯҳониёни шинохтаи тоҷик, ки дар айни даргириҳои дохилии солҳои 90 берун аз Тоҷикистон рафта, дар Эрон мезист, дар як сӯҳбати видеоӣ Ҳизби наҳзати исломиро “чизи зиёдатӣ” дар ҷомеаи Тоҷикистон номидааст. Ин видео ду рӯзи пеш дар шабакаи Ютуб аз номи Нигина Раҳматшоева нашр шуда, аммо замону макони сӯҳбат зикр нагардидааст.

Дар ин навори 33-дақиқаӣ Домулло Маъруфҷон бештар ба суоли нафаре ҷавоб гуфта, дар бораи муносибаташ бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва, инчунин, таъсиси Шӯрои ҷиҳодӣ дар шимоли Тоҷикистон дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфтааст, дар ҳоли ҳозир тамоми фармудаҳои дини мубини Ислом дар ҷомеаи Тоҷикистон аз тарафи давлат амалӣ мешавад ва эҳтиёҷе ба Ҳизби наҳзати исломӣ намондааст.

Вай дар ин навор мегӯяд, “агар мақсади инҳо (ҲНИТ) бунёди масҷид бошад, мо масҷидҳои зиёд дорем. Ҳатто дар як Истаравшан зиёда аз 100 масҷиди панҷвақта ҳаст. Агар мадраса боз кардану таълими исломӣ доданӣ бошанд, мо дар тамоми гӯшаҳои мамлакат мадрасаҳо дорем, ки таълим мегиранд. Агар озодии виҷдон бошад, маросимҳои динӣ бо камоли озодӣ баргузор мешаванд. Ҳатто давлат ба инҳо кумак мерасонад. Имрӯз ба унвони танзим тамоми корҳое, ки аз тарафи шариат манъ шудааст, аз ҷумла хурофоту бидъат, давлат бо онҳо сахт мубориза бурда истодааст. Тамоми чизҳое, ки дини Ислом мехоҳад, мо дорем. Бинобар ин, ба чизҳои зиёдатӣ эҳтиёҷ надорем.”

Дар ин навори видеоӣ Домулло Маъруфҷон ба суоли он ки чаро ҳамеша худро нафари фарҳангӣ муаррифӣ мекунад, на сиёсӣ, низ посух додааст. Ӯ гуфта, ки ҳеч вақт одами сиёсӣ набуд. Вале ҳамзамон афзудааст, “аз сиёсат дур ҳам набудам. Намешавад, ки инсон дар ҷамъият зиста, аммо аз сиёсат дур ва чашмаш кӯру гӯшаш кар бошад. Вале ҳеч вақт аъзои ягон ҳизб набудам ва ба сиёсате, ки бар зарари давлати мо, миллати мо, ҳукумати мо бошад, ҳамчун як тоҷики ватандӯст шарикӣ надоштам.”

Ин рӯҳонии тоҷик дар мавриди он ки ҳарчанд бо раҳбарони собиқи Ҳизби наҳзати исломӣ аз наздик ошно буд, вале чаро узвияти ин ҳизбро напазируфт ва сарусадо дар бораи ба мазҳаби шиа гароиданаш мегӯяд, “онҳое, ки маро мешиносанд, хуб медонанд, ман на ҳизбӣ будам ва на шиа. Аммо шомил нашудани ман ба наҳзат ягона сабабаш он аст, ки илмдӯст будам. Вақте донистам инҳо корҳои сиёсӣ доранд ва инсонро аз илмомӯзӣ бозмедорад, ба онҳо розигӣ надодам. Дувум. Баъд аз истиқлолият ман ба имомхатибӣ дар Истаравшан таъин шудам. Яке аз шартҳои имомхатибӣ беҳизбӣ буд. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, қозии собиқи мусулмонҳо, ҳамаи имомхатибҳоро манъ карда буд, аз узвият дар ҳизбҳо. Он вақт барои ман наҳзатӣ шудан ғайриқонунӣ буд.”

Пеш аз ин изҳороти Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ чанде аз рӯҳониён низ муқобили фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ баромад карда, хостори ҳазфи номи Ислом аз унвони ин ташаккули сиёсӣ шуданд. Масъулони ҲНИТ мегӯянд, тамоми ин изҳорот бофта буда, ҳадаф паст задани обрӯю эътибори танҳо ҳизби динии сиёсӣ дар тамоми минтақаи Осиёи Марказист. Ин ҳизб бо бештар аз 40 ҳазор узваш аз аҳзоби умдаи мухолиф ба ҳисоб меравад.

Номи Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ баъд аз марги духтараш Нилуфар Раҳимҷонова дар зиндони “Зангиота”-и шаҳри Тошканд бори дувум аст, ки тайи тақрибан як соли охир расонаӣ мешавад. Наздикони Нилуфар Раҳимҷонова 18 сентябри соли гузашта гуфтанд, ҷасади Нилуфар Раҳимҷоноваро рӯзи шанбеи 13 сентябр аз маҳбаси занонаи "Зангиота" ба бародараш Муҳаммадиқбол дар Тошканд супурдаанд ва ӯ дар ҳамон ҷо ба хок супурда шудааст.

Нилуфар Раҳимҷонова духтари рӯҳонии шинохта Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ ва ҳамсари Сайидюнуси Истаравшанӣ, устоди яке аз донишгоҳҳои Теҳрон ва муассиси пойгоҳи интернетии "Кимиёи саодат" буд.