"Ваъда доданд, афв мекунанд, вале иҷро накарданд"

Акс аз бойгонӣ

Як сокини Роғун мақомоти интизомии Тоҷикистонро ба ваъдахилофӣ муттаҳам карда мегӯяд, ду бародарашро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешуданд, бо баҳонаи афв ба кишвар баргардонданд, вале ба зиндон андохтанд.

Абдумӯъмин Раҷабов, сокини шаҳраки “Қалъаи нав”-и Роғун рӯзи 15-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бародари хурдиаш Насимҷон Раҷабов соли 2018 бо даъвати мақомот аз Русия ба Душанбе баргашт, вале дастгир ва сипас ба зиндон маҳкум шуд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 дар талоше барои пешгирӣ аз густариши ифротгароӣ ва пайвастани ҷавонон ба сафи гуруҳҳои ифротиву террористӣ ба мисли гуруҳи «Давлати исломӣ» чанд қонунро тағйир доданд.

Бар асоси яке тағйирот дар Кодекси ҷиноӣ, агар касе дар хориҷ аст ва ба ифротгароӣ муттаҳам мешавад, дар сурати бозгашт ба Тоҷикистон ва «сидқан пушаймон шудан аз кирдори худ» мавриди афв қарор мегирад ва парвандааш қатъ мешавад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Президент амр додааст, афроди ба гуфтаи ӯ "гумроҳшуда"-ро аз хориҷа баргардонанд

Вале ба гуфтаи Абдумӯъмин Раҷабов, бо бародарони ӯ баръакс рафтор кардаанд: “Вақте бародарам (Насим) омад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар фурудгоҳ гуфтанд, ки мо ӯро мебарем, суҳбат мекунем, субҳ омада баред, вале дигар ӯро надидем.”

Натиҷа Холиқова, модари Насим Раҷабов мегӯяд, рӯзи 19- уми феврали соли 2018 вақте Насим аз Маскав ба фурудгоҳи Душанбе омад, ҳамагӣ се дақиқа бо ӯ суҳбат кардаанд: “Дар ҳамин лаҳза кормандони ҳифзи ҳуқуқ ӯро барои пурсиш бо худ бурданд ва ваъда доданд, ки соати 8 субҳ биёему барем. Вале баъди ин аҳли хонавода ӯро дар толори додгоҳ дид.»

Додгоҳ мегуяд, иттиҳомот собит шуд

Дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар Душанбе, ҷое, ки Насим бародари Абдумӯъмин муҳокима шудааст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, зимни муҳокима гуноҳҳои Насимҷон Раҷабов, ки ба “даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ, ки аз тариқи Интернет» муттаҳам мешуд” собит шуд ва ӯро барои ин гуноҳ ба ҳафтуним соли зиндон маҳкум карданд.

Айни чиз ба гуфтаи Абдумӯъмин Раҷабов, бо бародари дигараш Раҳматулло Раҷабов сурат гирифтааст, ки ӯро қабл аз Насим бо ваъдаи афв ба Тоҷикистон даъват кардаанд ва сипас ба 3 солу 8 моҳи зиндон маҳкум намудаанд. Абдумӯъмин Раҷабов мегӯяд, ин бародарашро барои он даъват кардаанд, ки дар кадом як ҷамъомаде гуфтааст, ки “ ҷумъагӣ кардан ҳаром аст”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Боздоштшудаи Сурия: "Ман Гулмурод Ҳалимовро ҳам дида будам". ВИДЕО

Ӯ афзуд: “Мо бо назардошти он ки мақомот ваъда доданд, ки агар бегуноҳ бошад, раҳояш мекунем, бовар кардем, бо пули худамон бародарамонро бо ҳавопаймо ба Душанбе овардем, вале баъди чанд муддат ба зидди ӯ парванда боз карданд.»

Мусоҳиби Радиои Озодӣ гуфт, мақомот худашон гуфтаанд, ки агар фарди муттаҳам ба ҷиноят дар ҷанге ширкат накарда бошад ва ҷинояти сангин ба мисли қатлу куштор содир накарда бошад, афв мешаванд, вале ба ин қавлашон вафо накардаанд.

Абдумӯъмин Раҷабов мегӯяд, бародарони ӯ ба ҳеҷ гуруҳи тундрав ва террористӣ шомил набуданд ва танҳо «гӯё аз тариқи Интернет навиштаҳое оид ба ҷиҳодро нашр кардаанд, вале онҳо сидқан пушаймон шуданд ва бо умеди афв баргаштанд.» Бародари бузурги хонаводаи Раҷабовҳо аз шаҳраки «Қалъаи нав»-ро соли 2016 бо гуноҳи салафигарӣ ба зиндон маҳкум кардаанд.

"Муттаҳамон ноумед мешаванд"

Мақомоти интизомии Роғун аз шарҳи қазияи бародарон ба Радиои Озодӣ худдорӣ карда ва гуфтанд, ки ба ҷойи муҳокима ба шаҳри Душанбе муроҷиат кунем. Ба Радиои Озодӣ муяссар нашуд, назари вакили дифои маҳкумшудагонро бигиранд.

Ҳуқуқшиносон мегӯянд, чунин бархӯрди мақомот садҳо шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ба ифротгароӣ муттаҳам мешаванд ва пушаймон ҳастанду мехоҳанд, баргарданд, ноумед мекунад.

Ойниҳол Бобоназарова ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯяд: Чаҳор сол қабл тағйирот ворид карда шуд ва ин амали мақомот афродеро, ки дудила ҳастанд, ноумед мекунад. Чунин амали мақомот комилан зидди манфиатҳои кишвар ва мардум ва худи мақомот мебошад”.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: "Гуфтанд, ки озод мешавад" -- парвандаи Самиев ба додгоҳ рафт

Мақомоти интизомии Тоҷикистонро ҳамчунин барои он танқид мекунанд, ки бо истифода аз шиканҷа муттаҳамонро маҷбур ба эътирофи гуноҳ мекунанд ва додгоҳҳо ҳам ин эътирофоти ҳосилшударо ба инобат мегиранд ва муттаҳамонро ҷазои сахт медиҳанд.

Мақомоти Тоҷикистон соли 2014 аз бими афзоиши пайвастани ҷавонони тоҷик ба сафи гуруҳи “Давлати исломӣ” ба Кодекси ҷиноӣ тағйир ворид карданд, то онҳоеро, ки дар Сурияву Ироқ буданд, қабл аз ҷангҷӯ шудан ба кишвар баргардонанд.

То кунун тақрибан 100 нафарро ихтиёрӣ баргардонданд ва чандин нафарро озод карданд, вале даҳҳо тани дигар, ки ба гуфтаи мақомот дар ҷангҳо ширкат кардаанд, паси панҷара рафтанд.

Ваъдаи мазкур ба тамоми дигар шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия дахл дошт, ки ба гуфтаи мақомот барои ҳимоят ва паҳн кардани ақидаҳои ифротӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба зидди онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.