Роберт Мугабе баъд аз 37 соли президентиаш дар Зимбабве истеъфо дод, то, ба қавли худаш, “интиқоли нарми қудрат” дар кишварашро таъмин кунад.
Хабари истеъфои Мугабе дар кӯчаву хиёбонҳои пойтахт, шаҳри Ҳараре ҳам бо садоҳои баланду сигналҳои тӯлониии мошинҳо истиқбол шуд. Сиёсатшиносҳои тоҷик низ аз тасмими Мугабе барои истеъфо истиқбол карда, мегӯянд дар ғайри ин сурат Зимбабверо ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ таҳдид мекард.
Эълони истеъфои билофосилаи Мугабе
Шоми 21 ноябр раиси парлумони Зимбабве номаи Роберт Мугаберо ба аъзои маҷлис қироат кард, ки матнаш чунин буд: “Ман, Роберт Габриэл Мугабе, мувофиқ бо банди 96-уми Конститутсияи Зимбабве дар ҳамин ҷо номаи истеъфои худро таслим мекунам, ки аз ҳамин лаҳза эътибор пайдо мекунад”.
Аъзои порлумони Зимбабве аз ин тасмими Мугабе бо рақсу шодӣ истиқбол карданд. Сокинони пойтахти Зимбабве низ дар хиёбонҳои шаҳри Ҳараре бо садоҳои баланду сигналҳои тӯлониии мошинҳо истиқбол аз ин хабар хушҳолӣ карданд.
Мугаберо кӯҳансолтарин раҳбари кишвар меноманд, ки тӯлонитарин мӯҳлатро дар сари қудрат сипарӣ кардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Агар намерафт, ҷанги шаҳрвандӣ мешуд"
Охирин таҳаввулоти як кишвари дури африқоиро дар Тоҷикистон ҳам аз наздик пайгирӣ мекарданд.
Сайфулло Сафаров, муовини Маркази таҳқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон 22 ноябр дар вокуниш ба ин хабар дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки синни президенти Зимбабве аз 90 гузашта ва худаш низ интизори ба истеъфо рафтан буд ва мехост зимоми қудратро ба дасти хонумаш супорад.
“Аммо низомиён ва сокинони Зимбабве аз чунин ранг гирифтани кор розӣ набуданд, зеро дар нисбати хонуми Мугабе мушкилоте вуҷуд дошт. Ба ин далел, барои раиси ҷумҳури Зимбабве машварат доданд, ки беҳтар мешавад агар ояндаи кишварро низомиён ва худи мардуми ин кишвар ҳалл кунанд. Дар Зимбабве ҳолате ба вуҷуд омада буд, ки агар Роберт Мугабе истеъфо надиҳад, хатари вориди як ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ шудани ин кишвар зиёд буд ва талафоти бузурге ҳам дар пай дошт”.
Мугабе аз соли 1980 дар паи ба даст овардани истиқлолияти Зимбабве аз Бритониёи Кабир раҳбари ин кишвари африқоиро ба ӯҳда дошт. Мунаққидон ва тарафдорони импичмент Мугаберо дар ғасби қудрат ба фоидаи ҳамсараш ва ҳам нотавонии раҳбарии давлат бино ба солхӯрдагӣ айбдор мекарданд.
Расонаҳои ғарбӣ мегӯянд, сокинони Зимбабве кайҳост интизори тағйирот ва навоварӣ дар кишвар ба сар мебаранд. Бо ворид шудани низомиён ба Ҳараре дар оғози ҳафтаи гузашта, ки истеъфои бидуни хушунати Мугаберо талаб мекарданд, лаҳни расонаҳои давлатӣ ҳам нисбати президент ва ҳамсараш Грейс Мугабе тағйир ёфт. Грейс Мугабеи 53-сола мехост баъди ҳамсараш раҳбарии ин кишварро ба ӯҳда гирад, вале дар паи таҳаввулоти ахир аз қасри президентӣ фирор кард.
"Арзишҳои демократӣ аз даст нарафтааст"
Аҳмадшоҳ Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, сарнавишти Мугабе бояд барои раҳбарони дигар ҳам дарс шавад, ки мехоҳанд солҳои зиёд сари қудрат бимонанд. Аз сӯи дигар, тарки нарми қудрат кардани Мугабе ҳам як намунаи хуб аст:
”Расонаҳо дар бораи вазъияти Зимбабве матолиби мухталифе нашр карда, иддао мекарданд, ки Роберт Мугабе дар ин кишвар нисбати сарзамини худ ва сокинонаш корҳои ношояму нангине анҷом додааст. Бо ин вуҷуд, худи раиси ҷумҳур ба истеъфо рафт ва ин амр дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайёмадҳои муҳиме ба бор хоҳад овард.
Зеро, рӯшан шуд, ки ҳатто бо дарназардошти синни зиёдаш дар зеҳни Мугабе арзишҳои демократӣ ҳамчунон боқӣ мондааст. Мо мушоҳида мекунем, ки бештаре аз раҳбарони солхӯрда ва диктотурҳо то замони маргашон аз сари қудрат намехоҳанд бираванд”.
Ҳафтаи гузашта бо талаби истеъфои Роберт Мугабе низомиёни Зимбабве назорати кишварро ба даст оварда, аз барканории Эммерсон Мнангагва аз мақоми муовини президент ба фоидаи ҳамсари президент Грейс Мугабе эътироз карданд. Мугабе инчунин барои он муттаҳам мешавад, ки ба ҳамсараш иҷоза дод ба Мнангагваи тоза барканоршуда ва дигар мақомот таҳдиди марг кунад.