Посухи сафорат ба сӯҳбатҳои Роза Отунбоева дар мавриди Эмомалӣ Раҳмон

Эмомалӣ Раҳмон ва Роза Отунбоева. Душанеб, 2 сентябри соли 2011

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек дар як изҳорот сӯҳбатҳои раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Роза Отунбоева дар бораи худдории Эмомалӣ Раҳмон аз баҳси масоили марзиро рад кардааст.

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек рӯзи 11 апрел бо пахши як изҳорот сӯҳбатҳои раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Роза Отунбоева дар бораи гӯё аз баҳси масоили марзӣ худдорӣ кардани ҳамтои тоҷики ӯ Эмомалӣ Раҳмонро рад кардааст. Сафорат мегӯяд, музокираҳо пиромуни таъйин ва аломатгузориии марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон пайваста идома доранд: “Ва ҳатто имрӯз гурӯҳи кории топогравӣ ба раҳбарии муовини аввали раиси дастгоҳ – намояндаи махсуси ҳукумати Қирғизистон оид ба масоили марзӣ Қурбонбой Искандаров дар Душанбе музокироти навбатӣ дар масъалаи таъини хатти марзи давлатӣ байни ду кишвари моро бурда истодааст. Ва ин алакай севумин чунин мулоқот дар соли ҷорист.”

Роза Отунбоева, ки аз соли 2010 то поёни соли 2011 раҳбарии Қирғизистонро бар ӯҳда дошт, ҳафтаи гузашта дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо бахши қирғизии Радиои Озодӣ раванди ҳалли масоили марзӣ бо Тоҷикистону Узбакистонро суст ва аз мушкилоти умда дар равобити кишвараш бо Тошканду Душанбе номид. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар замони раҳбариаш раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои ҳалли мушкилоти марзӣ ба музокирот даъват кардааст, “аммо вай аз музокирот худдорӣ карда ва суҳбатро ба маҷрои дигар мебурд. Мутаассифона, бо Ислом Каримов (раисиҷумҳури Узбакистон) имкони гуфтугӯ душвор аст."

Бо гузашти 25 сол аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ, аз 971 километр марзи Тоҷикистону Қирғизистон то имрӯз танҳо ҳудуди 520 километраш пурра таъйин ва аломатгузорӣ шудааст. Гуфта мешавад., ин раванд дар солҳои охир дучори мушкил шуда, дар 10 соли охир ин ду кишвари ҳамсоя дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳо ягон километр пеш нарафтаанд.

Марзи Исфара бо Бодканд. Майи соли 2014

Сафорати Тоҷикистон низ дар изҳороташ эътироф кардааст, ки “албатта, раванди мувофиқаткунии ин масъалаи мараккаб, ки ба мо аз таърихи давлати як замон воҳид мерос мондааст, гоҳо бо душворӣ пеш меравад.” Аммо, ба ақидаи сафорат, “бо ин вуҷуд, кор пеш рафта истодааст ва мо барои то охир расондани он азми комил дорем.” Албатта, бо дарназардошти манофеи миллии Тоҷикистон, омадааст дар идомаи изҳороти сафорати ин кишвар дар Қирғизистон.

Сафорат аз ҷумла аз танишҳои соли 2014 ёдовар шудааст, ки баҳси сохтмони роҳ дар як қитъаи баҳсӣ аз сӯи Қирғизистон ба низои мусаллаҳона печид ва ҷониби Қирғизистон марзҳову гузаргоҳҳои марзиашро баста, ҳатто сафирашро аз Душанбе фаро хонд. Вале, меафзояд сафорат, ҷонибҳо тавонистанд масъаларо аз масири низоъ ба маҷрои музокирот гардонанд ва дар натиҷаи музокираҳо дар мавриди чандин тарҳи сохтмони роҳҳо, аз ҷумла Оқсой –Тамдиқ, Кулунду –Мақсат ва Исфара –Ворух ҳарду ҷониб ба роҳҳалҳои муносиб даст ёфтанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Бишкек изҳори умед кардааст, ки моҳи майи соли ҷорӣ, дар ҷараёни боздиди раисиҷумҳури кунунии Қирғизистон Алмосбек Отамбоев аз Тоҷикистон Душанбеву Бишкек ба созишиномаи марзии алакай тавофуқшуда имзо хоҳанд кард. Отамбоев низ моҳи март дар як суханрониаш изҳори умед кард, ки созишномаи марзӣ бо Тоҷикистон алакай моҳи май ба имзо хоҳад расид. Ӯ моҳи оянда ба хотири ширкат дар расми ифтитоҳи хатти барқи КАСА-1000, ки ба хотири содироти нирӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон бино мешавад, ба Тоҷикистон меояд.

Ворух. Майи соли 2013

Баҳси ду кишвар бар сари тақрибан 450 километри боқимондаи то ҳол таъин ва аломатгузорӣ нашудаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла, такяи Қирғизистон ба харитаи соли 1958 ва такя кардани Тоҷикистон ба харитаи қадимтари соли 1925, мунҷар ба он шудааст, ки Душанбеву Бишкек аз соли 2006 ба ин сӯ дар раванди таъин ва аломатгузории марзҳояшон ба кундӣ пеш мераванд.

Баҳси тақсими манобеи об, замин ва бунёди роҳҳо дар манотиқи баҳсӣ борҳо дар манотиқи марзии вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон боиси муноқишаву дадухӯрдҳо миёни сокинони ду ҷониби марз шудаааст.

Масалан, дар соли гузашта дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон 10 муноқиша рух дода, Боборизо Ризоев, сокини 18-солаи ноҳияи Исфара кушта шуд. Дар соли 2014 дар марзи ин ду кишвар 30 муноқиша сабт шуда, дар задухӯрдҳо се шаҳрванди Тоҷикистон, бо шумули як афсари марзбон кушта шуда ва аз ҳар ду тараф ҳудуди 30 нафар захмӣ шуданд.