Сокинони Тоҷикистон мегӯянд, аз субҳ то шом нерӯи барқ надоранд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Як ҳафта аст, ки сокинони навоҳии Тоҷикистон аз камбуди нерӯи барқ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо аз соати 8 то 17 интиқоли нерӯи барқ қатъ мешавад ва зиндагӣ бо чунин аҳвол мушкил аст. Мардум мегӯянд, мақомот лимити нерӯи барқро ҷорӣ кардаанд. Аммо мақомот мегӯянд, ҳеч гуна маҳдудият ё лимите нест.