Ба муроҷиати писари Дилбар Рузиматова дар идораи шабакаҳои барқии Душанбе гуфтаанд, барои як хатои ҳисобкунаки пули барқ, пули нерӯи барқи истифодакардаи онҳо барои чанд моҳ кам ҳисоб шудааст ва акнун онҳо бояд ҳамон пули камомадаро пардохт кунанд.
Аммо соҳибони хона мегӯянд, ин иштибоҳи нозири барқ аст ва бояд худаш пардохт кунад. “Онҳо дида гуфтаанд, ки ҳисобкунак чанг гирифтааст, якум рақам дар он нишон дода нашудааст. Барои ҳамин моро қарздор карданд. Касе ки хато кардааст, ӯро пурсанд охир. Чаро мо барои хатои ин нозири барқ бояд пул супорем? Дар вақташ бояд дуруст навишта медод. Мо аз рӯи ҳисоби вай маблағи барқро месупоридем. Мо рафта шикоят кардем” -мегӯяд, Дилбар Рузиматова
Шикоят аз пули зиёди барқ ин шабу рӯз дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз Душанбе ва навоҳии дигар зиёд аст. Бархе норозигии худро аз кори нозирону барзиёд ҳисоб шудани пули барқ дар чанд моҳи ахири зимистон, дар Фейсбук менависанду сабаб мепурсанд, аммо бархеи дигар расидҳо дар даст барои огоҳ шудан аз асли воқеа ба идораҳои шабакаҳои барқӣ мераванд.
Рақамҳои ҳайратангезу такондиҳанда
Мисли Замира мусоҳиби мо, ки тасмим гирифтааст, барои дуруст ҳисоб шудани пули барқ ҳисобкунаки хонаро иваз кунад: “Ҳисобкунаки ман рақамро нишон намедод. Кӯр-кӯрона барои ҳазор киловат бурда пул месупоридам. Ду сол супоридам, ба дилам зад, омадам, ки инҳо ҳисобкунаки нав насб кунанд, аммо гуфтанд, ки нест. Нашуд ба идораи шабакаҳои шаҳрӣ омадам, гуфтам тамоми расидҳо дар дастам аст, корамро анҷом диҳед.”
Дар ҳоле, ки сокинон дар барзиёд шудани пули барқи худ бархе нозиронро гунаҳкор медонанду, бархи дигар кори ҳисобкунакҳоеро, ки солҳои ахир насб шудаанд зери шубҳа мебаранд, кормандони шабакаҳои барқӣ мегӯянд, ин ҷо ягон муаммо нест.
Ба гуфтаи Шамсулло Гулмуродов, нозири барқ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, сабаби зиёд шудани пули барқ ҳудудан 15 дар сад боло рафтани арзиши истифодабарии барқ дар моҳи октябр ва ҳамчунин афзоиши талабот ба барқ дар 2 моҳи ахири фасли сармо аст.
"Хонаҳое, ки ҳоло оби гарм истифода мекунанд, масрафашон қариб 60 дар сад кам шуд. Вале дар хонаҳои дигар, шабона хонаҳо хунук, мардум, ки аз кор меояд, якбора ҳамаро рушан мекунанд. Ҳисобкунакҳо дар беруни хонаашон аст як бор рафта бубинанд чӣ хел кор мекунанд ва як киловат чанд пул буду ҳоло чанд сум аст. Ба камиаш пули нерӯи барқ 15 дар сад зиёд шуд. Масалан агар дар як хонаи як утоқӣ агар 1 термекси 60 литра монда бошад, камаш 50-60 сомон кор мекунад. Саҳар хурок мепазад, либос мешӯяд, бегоҳ дар ҳар хорна бухорӣ кор мекунад. Баъзеҳо кондитсионери нерӯманд мемонанд, ки агар 8 соатӣ кор кунад, камаш 100 сомон кор мекунад“ – гуфт ӯ.
Ҳеҷ ҳиллаву найранг нест, худатон ҳисоб кунед
Ин нозир, ки мегӯяд, кори онҳо ҳам осон нест ва бо баҳсҳо зиёд ру ба ру мешавад, ба он таъкид мекунад, ки ҳар нафаре, ки ба кори нозиру ҳисобкунак бовар надорад, метавонад ба осонӣ худаш киловатҳои истифодабурдаашро ҳисоб кунаду хулоса барорад. Шамсулло Гулмуродов, ба муштариён чунин тавсия дод:
Масалан рӯзи дароз мо дар корем, шаб ҳам омадем, фақат термекс кор мекунаду хурок мепазем. 250-300 сомон кор мекунад.
"Пеши ҳисобкунак равад нишондодро бубинад. Ҳисоби он хеле осон аст, агар як киловат кор карда бошад. Як киловат зарби 0,16. 10 киловат бошад, 1 сомону 68 дирам. 100 киловат бошад, 16 сомону 85 дирам кор мекунад.”
Ягона роҳи кам шудани пули истифодаи барқ ба гуфтаи нозир, истифодаи эҳтиёткоронаи он аст. Вале бархе аз сокиноне, ки аз барзиёд ҳисоб шудани пули барқ шикоят мекунанд, мегӯянд, онҳо ҳам маҳз ҳамин корро мекунанд. Рӯз дар хона умуман нестанд ва шабона ҳам сарфаҷӯӣ мекунанд.
Садаф як сокини пойтахт мегӯяд: "Батареяҳои гармидиҳӣ надоштем, ҳам ҳамин маблағро месупоридем. Ҳоло ҳам ҳамин маблағ. Масалан рӯзи дароз мо дар корем, шаб ҳам омадем, фақат термекс кор мекунаду хурок мепазем. 250-300 сомон кор мекунад. Чӣ кор кунем, шикоят кунем мегӯяд, ҳамин хел кор кардааст. Насупорем омада бурида мераванд барқро."
Айбӣ кӣ, ҳисобкунак, ё каси дигар
Қимати нерӯи барқ аз якуми октябр дар Тоҷикистон зиёд шуд. Тибқи нархномаи қаблӣ сокинон барои ҳар киловат соат нерӯи барқ 14,65 дирам пардохт мекарданд. Тибқи нархномаи нав, ҳоло барои ҳар қиловат соат 17-дирамӣ бояд супоранд. Чанд соли ахир ширкати “Барқи тоҷик” масрафи барқро бо ҳисобкунакҳои сохти Чин ҳисоб мекунанд, ки бар асоси барномаи коҳиши талафоти нерӯи барқ бо сармояи Бонки Ҷаҳонӣ ворид шудааст.
Мардум ҳам бархе аз ин ҳисобкунакҳо чандон розӣ нестанд, аммо нозирон мегӯянд, бо шеваи нави ҳисобукитоб имкони иштибоҳ ё дуздидани барқ вуҷуд надорад. Чун ба гуфтаи онҳо ин дастгоҳҳо чанд хотира доранд ва агар ҳам нозир фиреб кард, маълумоти асосӣ дар он сабт ва ба идораи шабакаҳои барқӣ фиристода мешавад. Мардум ҳам метавонанд, барои дур кардани шакку шубҳа ба ин идора муроҷиат кардаву нишондоди барқи худро дигарбора бисанҷанд.
Вале мардуме, ки бо шикоятҳо худ то дар масъулини баландпояи идораи шабакаҳои барқӣ мераванд, мегӯянд, шарҳу сабабҳои пешовардаи онҳо ҳам қонеъкунанда нест ва ҳамоно суолҳое мисли ин, ки чӣ тавр пули истифодаи як моҳаи барқ дар як манзили ду ҳуҷрагӣ метавонад ба 500 сомон бирасад зиёд аст.