Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, омода аст, номзадҳои пешниҳодии ҳизби халқии демократӣ, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва ҳизби аграриро сабтином кунад.
Раиси дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон Абдуманнон Додоев ба Радиои Озодӣ гуфт, агар то пагоҳ санҷиши ин имзоҳоро ба анҷом расонанд, шояд алакай рӯз 9 октябр номзадии Эмомалӣ Раҳмон, Олим Бобоев ва Толиббек Бухориевро баррасӣ ва сабт кунанд.
Аммо бисёриҳо изҳори ҳайрат мекунанд, ки чӣ тавр аҳзоби кӯчаку ношинохтае, чун ҳизби аграрӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ тавонистаанд, дар мӯҳлати кӯтоҳ шумори зарурии имзоҳоро гирд оранд? Ба ин тартиб раванди ҷамъоварии имзоҳо, ба ақидаи коршиносон, наметавонад баёнгари тавонмандиҳои ҳақиқии ин ҳизбҳо бошад.
Таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо мегӯяд, он ҳизбҳое, ки "ҳатто мо надидем, нафаре ба ҷонибдории онҳо имзо ҷамъ карда бошад бояд қабул доранд, ки онҳо наметавонанд, дар ҷомеа таъсире дошта бошанд ва фикрҳоро тағйир диҳанд." Ҷаноби Мирзо меафзояд, ба осонӣ ҷамъоварӣ шудани имзоҳои зарурӣ аз сӯи бархе ҳизбҳо бори дигар сохта будани ин маъракаро собит намуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ шеваи ҷамъоварии имзоҳо баҳсҳои зиёдеро ба бор овард.
Аксҳое аз Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари ҲНИТ дар шабакаи Фейсбук, ки рӯзи 8-уми октябр худ ба гирдоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ягонаи мухолифон Ойниҳол Бобоназарова машғул шуд, бархеро водор кард, аз нотавонии ин ҳизб ҳарф зананд, вале бархеи дигар гуфтанд, баръакс ин роҳи росткоронаи ҷамъоварии имзоҳост.
Худи Кабирӣ гирифтани имзои мардумро як кори ниҳоят мушкил ва гоҳе имконнопазир номид. Вай гуфт, дар тӯли ду соат тавонистааст, ҳамагӣ 10 имзо гирад ва ҳамчунин бо бархӯрди мухталифи сокинони ноҳияи Шоҳмансур рӯ ба рӯ гардадааст. «Мардум хеле эҳтиёт мекарданд, ҳис мешуд, ки ба касе бовар надоранд. Вақте мегуфтем, ба тарафдории Ойниҳол Бобоназарова имзо бигузоред, онҳо розӣ мешуданд, вале вақти рақами шиносномаашонро мепурсидем, онҳо мегуфтанд, омода нестам. Дар он кӯчаҳое, ки ман будам ва ҳамаи он хонаҳое, ки даромадам, ягон нафар нагуфт, ки имзои моро гирифтанд, фақат гуфтанд, ки паспорти моро бурданд. Ба суоли мо ки ба ҷонибдории ягон номзад имзо гузоштед, гуфтанд, “не”. Пас ин имзоҳо аз куҷо ҷамъ шудааст вақте ҳеҷ кас ба дари хонаи онҳо ба ҷуз аз намояндагони ҳизби мо нарафтааст? », гуфт Муҳиддин Кабирӣ.
Ҷаноби Кабирӣ мегӯяд, то кунун ситоди ИНИТ беш аз 180 000 имзо гирд овардааст, вале сахт аст гуфтан, ки дар ду рӯзи боқимонда, имзои кофиро ҷамъоварӣ шуд ё не. Аз ин хотир, ба гуфтаи ӯ, он аҳзобе ки чандон шинохта нестанд, аммо мегӯянд, имзоҳои заруриро гирд овардаанд, бояд ҳангоми эълони арқом боэҳтиёт бошанд.
Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ахиран муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро аз 7-уми октябр то соати 6-и шоми 10-уми октябр дароз кард. Барои ширкат дар интихоботи президентӣ ҳафт номзад пешбарӣ шудаанд ва ҳар кадоми онҳо бояд имзои дастикам 210 000 тарафдорашро ба ин куммиссиюн бисупорад.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад