Интихобот-2013: ҲСДТ: "Баргузор нашуд!" КМИР: "Баргузор шуд!"

Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) иддаои ҳизби сотсиал-демократи Раҳматулло Зоировро, ки интихоботи президентиро баргузорнашуда медонад, бепоя хонд.
Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи КМИР рӯзи 12-уми ноябр дар робита ба баёнияи раиси ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), ки интихоботи президентии 6-уми ноябрро баргузорношуда хондааст, гуфт, ин иддао асосе надорад ва ҷараёни интихобот ва марҳилаи омодагӣ ба онро даҳҳо нозирони хориҷиву дохилӣ назорат бурдаанд. «Ин даъвои Раҳматулло Зоиров бепоя аст ва метавонад ҳар куҷое, ки мехоҳад шикоят барад, мо бо далелу рақамҳо исбот мекунем, ки интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон таҳти назорати созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, тибқи қонунгузориҳои кишвар баргузор шуд,» - гуфт оқои Дододев ба Радиои Озодӣ.

Ин дар ҳолест, ки ҳизби сотсиал-демократ рӯзи 12-уми ноябр бо пахши як баёния дар сомонааш гуфт, "таҳлили дақиқи омори воқеӣ, натиҷаи назорати интихобот чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар, ҷамъбасти назарсанҷиҳо дар минтақаҳои гуногуни кишвар, муқоисаи омор ва дигар санадҳои бадастомада дар рӯзҳои 7-11 ноябри соли 2013 далели комили расидан танҳо ба як натиҷаро медиҳад, яъне интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр баргузор нашуд."

Дар баёнияи ҲСДТ ҳамчунин омадааст, ки «дар интихоботи президенти Тоҷикистон каме беш аз сеяки ҳамаи интихобкунандагони кишвар, яъне камтар аз 33 дарсад иштирок намуданд. Ва ин дар ҳоле, ки агар ин нишондод ба 50 дарсади овоздиҳандагони дохили кишвар баробар бошад, шумораи овоздодагон дар берун аз Тоҷикистон 5 дарсадро ташкил медиҳад. Ин чунин маъно дорад, ки тибқи қисми якуми моддаи 66 Коститутсияи Тоҷикистон «интихоботи президент дар сурате баргузоршуда дониста мешавад, агар дар он беш аз нисфи интихобкунандагони ба рӯйхати интихобкунандагон дохил кардашуда иштирок карда бошанд.»

ҲСДТ тасмим гирифтааст, ки пас аз эъломи натиҷаи ниҳоии овоздиҳӣ, алайҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба Додгоҳи олӣ шикоят барад. Дар идома ҲСДТ мегӯяд, агар эълом мекарданд, ки дар интихобот 52,5 фоизи интихобкунандагон ширкат намуданд ва ё ки дар ҳадди ниҳоят 60 дарсад мегуфтанд, каме ба ҳақиқат монандтар мешуд.

Натиҷаи ниҳоии интихоботи президентии Тоҷикистон дар рӯзҳои наздик, яъне пас аз 10 рӯзи эълони натиҷаи авалияи интихобот, аз ҷониби КМИР эълон хоҳад шуд. КМИР субҳи 7 ноябр эълон кард, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон 86,6 дарсади интихобкунандагон ширкат карда ва Эмомалӣ Раҳмон, президенти кунунӣ ва номзад аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ баранда шуд. Бино ба натоиҷи эълоншуда, ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон 83,6 дар сад ё 3 миллиону 23 ҳазору 754 нафар, Исмоил Талбаков 5 дар сад ё беш аз 186 ҳазор, Олим Бобоев 3,8 дар сад ё беш аз 140 ҳазор, Толиббек Бухориев 4,5 дарсад ё 166 ҳазору 224 нафар, Абдуҳалим Ғаффоров 1,5 дар сад ё 54 ҳазору 148 нафар ва ба Саидҷаъфар Исмонов 1 дар сад ё 36 ҳазору 572 нафар раъй додаанд.

Ҷараёни интихоботи рӯзи 6 ноябрро ҳудуди 500 нозири хориҷӣ назорат бурданд. Нозирони СНГ интихоботи Тоҷикистонро машрӯъ ва ҷавобгӯи қонунҳои ин кишвар баҳо доданд. Вале нозирони САҲА дар арзёбии муқаддамоиташон аз ин маърака гуфтанд, ки Тоҷикистон дар ин интихоботаш низ "имтиҳони демократияро пурра супурда натавонист." Нозирони САҲА, ки аз соли 2000 интихоботҳои Тоҷикистонро назорат мебаранд, то кунун ягон интихоботро дар ин кишвар ҷавобгӯи меъёрҳои як интихоботи озоду демократӣ эътироф накардаанд.