Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон барои нахустин бор эътироф кард, ки дар рафти ҷамъоварии имзои шаҳрвандон ба тарафдории номзадҳо ба интихоботи президентӣ монеаҳо вуҷуд доштаанд.
Абдуманон Додоев, роҳбари дастгоҳи Куммиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон(КМИР) рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат ба радиои Озодӣ гуфт, “дар рафти маъракаи имзоҷамъоварӣ ҳолатҳои ба таври пурра риоя накардани муқаррароти қонунгузорӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳалллии ҳокимияти давлатӣ ошкор гардидаанд”.
Ба гуфтаи ҷаноби Додоев, бархе ҳукуматҳои маҳаллӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ талаботи беш аз ҳадд кардаан, назири "гузориш биоред, мактуби расмӣ биоред, шумо созмони ибтидоии ҳизб дар ноҳия надоред ва аз ин қабил, ки мухолиф ба қарори КМИР ва муқаррароти қонун аст."
Раҳбари дастгоҳи иҷроияи КМИР мегӯяд, ҳоло ин мушкилот рафъ шудааст ва аҳзоби сиёсӣ то 7 октябр имкон доранд, ки имзоҳои лозимиро барои тарафдории номзад ба мақоми президентӣ ҷаъоварӣ кунанд.
Қаблан гурӯҳи ташаббускори номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова аз эҷоди монеаҳо дар рафти имзоҷамъкунӣ аз ҷониби раисони ноҳияҳо шикоят карда буданд. Вале мақомот вуҷуди чунин монеаҳоро рад мекард.
Ситоди Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ гуфта буд, талаби имзои ҳатмии расии ноҳия дар зери ҳар варақи имзоҳо ба дасти мақомоти маҳаллӣ василае додааст, ки дар роҳи гирдоварии имзоҳо мониа эҷод кунанд. Ҳарчанд ба ҷуз аз Иттиҳоди нирӯҳои ислоҳотхоҳ (ИНИТ) аҳзоби дигари сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар ҷамъоварии имзо барои пешбарии номзади худ мушкил надоранд.
КМИР ҳамзамон баъзе камбудиҳо дар рафтори намояндагони аҳзоби сиёсиро низ зикр кард. Абдуманон Додоев гуфт, ҳизбҳои сиёсӣ дар аксари маворид бидуни гурӯҳҳои ташаббускор ба назди ҳукуматҳои маҳалӣ рафтаанд, ки "дар натиҷа онҳо варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро тасдиқ накардаанд. Ин камбудии ҷидии ҳизбҳои сиёсӣ аст." Аз ин рӯ, ҷаноби Додоев мегӯяд, гурӯҳҳои ташаббускор ҳам муқарароти қонунгузориро вайрон кардаанд.
Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси КМИР, вобаста ба ин масъала гуфтааст, “ҷараёни имзоҷамъоварӣ аз ҷониби аъзои КМИР, кормандони дастгоҳи Куммиссиюни марказӣ ва кумиссиюнҳои ҳавзавӣ зери назорати қатъӣ қарор дода, кӯшишҳои вайрон кардани муқаррароти қонун ва қарори дахлдори КМИР саривақт пешгирӣ карда шавад.”
Ҳар довталаби ширкат дар интихоботи 6 ноябр, тибқи қонуни интихоботи президенти Тоҷикистон, бояд то рӯзи 7 октябр имзои дастикам 210 000 интихобкунандаро ҷамъ оварда, рӯйхати онҳоро ба КМИР бисупорад. Вале ҷамъоварии имзоҳо як раванди чандон содда нест. Ситоди довталаб бояд қабл аз шурӯъи ҷамъоварии имзоҳо бояд аввал аз КМИР ва сипас аз раисони ноҳияҳо расман иҷозат бигирад.
Як корманди Иттиҳодияи моликони манзил (ЖЭУ) дар Душанбе қаблан бидуни бурдани номаш дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфта буд, ки аз сӯи мақомоти болоӣ ба онҳо дастур шудааст, то имзои сокинони як хонаи бисёрошёнаро ба тарафдории номзади як ҳизб гирифта, пас аз бинои дигар ба тарафдории номзади дигар имзо ҷамъ кунанд. Ин масъули Иттиҳодияи моликони манзил афзуд, мақомот ба онҳо гуфтанд, ки шаҳри Душанберо нозирони САҲА дар арафаи интихобот месанҷанд ва ба ҳамин далел барои нишон додани шаффофият ва имкониятҳои баробари ҳизбҳо чунин дастур дода шудааст. Вале дар маҳофил мегӯянд, ҳадаф шояд «кумак» ба аҳзоби кисагии ҳукумат дар ҷамъоварии имзоҳо бошад, вагарна эҳтимоли дар ин амр ба кумаки номзади ИНИТ Ойниҳол Бобоназарова шитофтани мақомот амре хеле боварнокарданӣ ба назар менамояд.
То имрӯз барои ширкат дар интихоботи президентии Тоҷикистон 7 номзад пешбарӣ шудаанд. Ойниҳол Бобоназарова аз номи ҳизби наҳзати исломӣ, Исмоил Талбаков - аз ҳизби коммунист, Толиббек Бухориев - аз ҳизби аграрӣ, Саидҷаъфар Исмонов - аз ҳизби демократ, Олим Бобоев - аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, Абдуҳалим Ғаффоров - аз ҳизби сотсиалист ва раисиҷумҳури кунунӣ Эмомоалӣ Раҳмон - аз Иттифоқи ҷавонон ва иттифоқҳои касаба ҳамчун номзад пешбарӣ шудаанд. Ду ҳизби дигари расмии Тоҷикистон - ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва ҳизби сотсиал-демократ анҷуманҳои пешазинтихоботии худро ба рӯзҳои 4 ва 6 октябр таъйин кардаанд.
Интихоботи рӯзи 6 ноябр шашумин интихоботи президентӣ дар таърихи Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар интихоботи соли 1990, ки дар Шӯрои олӣ - парлумони вақти Тоҷикистони ҳанӯз Шӯравӣ доир шуд, Қаҳҳор Маҳкамов ва дар интихоботи саросарии соли 1991 Раҳмон Набиев раисиҷумҳур интихоб шуданд. Вале ҳарду натавонистанд то поёни мӯҳлат ба кишвар раҳбарӣ кунанд.
Дар поёни соли 1992, баъди ба қудрат расидани Эмомалӣ Раҳмон, мақоми президентиро дар Тоҷикистон аз байн бурданд, вале соли 1994 бо тасвиби Қонуни асосии ҷадид эҳё карданд. Дар се интихоботи ахир, ки солҳои 1994, 1999 ва 2006 доир шуд, Эмомалӣ Раҳмон ғолиб эълон шуд. Ӯ, ки алакай 21 сол боз ба Тоҷикистон раҳбарӣ мекунад, акнун барои касби боз як давраи ҳафтсолаи раёсат вориди мубориза шудааст.