Такрори сенарияҳои пешина дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон? ВИДЕО

Интихоботи порлумонии соли 2015.

Нозирони байналмилалие, ки рӯзи 1-уми март ҷараёни интихоботи порлумонии Тоҷикистонро назорат мекунанд, зоҳиран қонуншиканӣ ва тақаллубкориҳоеро мебинанд, ки дар ду даҳаи гузашта дидаанд.

Гузоришҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи чаҳор интихоботи порлумонӣ нишон медиҳад, ки мақомот дар рӯзи интихобот барои пирӯз кардани ҳизби ҳоким ҳамеша як "дастуруламал"-ро истифода бурдаанд.

Усули асосӣ ва аввал. Пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ

Пур кардани қуттиҳои раъйдиҳӣ асосан пинҳон аз назари нозирони интихоботӣ ва ё ҳизбҳо сурат мегирад ва ё дар ҳузури онҳо. Баргаҳои аз пеш пуршударо ба дасти яке аз кормандони ҳавзаи раъйдиҳӣ медиҳанд, то пинҳон аз чашми нозирон ба қуттӣ биандозад. Як нозири интихоботи соли 2010, ки нахост, номаш бурда шавад, рӯзи 10-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, "масъули ҳавза, ки масалан муаллим аст, гӯё вонамуд мекунад, ки ба раъйдиҳандае кӯмак мерасонад, ба назди қуттӣ меояд ва бастаи баргаҳоро меандозад".

Ба қавли ӯ, пинҳон кардани ин қонуншиканӣ сахт аст, чун возеҳ дида мешавад, ки "як бастаи барга аст, на баргаҳои паҳну парешон". Дар гузоришҳои ниҳоии нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи интихоботҳои порлумонии солҳои 2000, 2005, 2010, 2015 омадааст, пур кардани қуттиҳо яке аз қонуншиканиҳои роиҷ дар рӯзи раъйдиҳӣ буд.

Усули дуввум. Раъйдиҳии хонаводагӣ

Раъйдиҳии сарвари хонавода ба ҷойи ҳама аз замони шӯравӣ мерос мондааст ва ҳам дар интихоботҳои порлумонӣ ва ҳам раёсати ҷумҳурӣ ҳамеша мушоҳида шудааст. Ҳарчанд мақомоти интихоботӣ мегӯянд, ки "донишу огаҳии сиёсии раъйдиҳандагон боло рафтааст ва ҳар кас ба ҷойи худ овоз медиҳад", аммо нозирон мегӯянд, ин мушкили ҷиддӣ аз байн нарафтааст".

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар интихобот овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар мушоҳида шуд


Дар интихоботи соли 2015 ба гуфтаи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, "дар 24 дар сади қитъаҳои раъйдиҳӣ овоздиҳӣ аз номи дигарон мушоҳида шуд". Эраҷ Амон, хабарнигори тоҷик, ки соли 2010 нозири интихоботӣ будааст ва баъдан ҳамчун хабарнигор ҷараёни интихоботи порлумониро назорат кардааст, ба Радиои Озодӣ аз дидаҳои худ нақл кард.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: "Дар онҷо як нафар ба ҷойи 10 нафар овоз медиҳад. Ин як чизи оддӣ аст. Сардори оила 4-5 паспорт гирифта меояд ва ба ҷойи ҳама раъй медиҳад".

Интихоботи миёндаврӣ дар соли 2011. Навор аз бойгонӣ:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Овоздиҳии як кас ба ҷои чанд нафар

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам гуфтаанд, ки мақомоти интихоботӣ чунин қонуншиканиро нодида мегиранд.

Усули саввум. Раъйдиҳии такрорӣ

Раъйдиҳии такрориро ба гуфтаи нозирон, худи мақомот ташкил мекунанд. Мақомоти интихоботӣ ба як нафар, ё гуруҳе аз мардум ва асосан кормандони давлатӣ ва хешовандонашон дастур медиҳанд, ки рӯзи интихобот ба ду се қитъаи раъйдиҳӣ бираванду ба номзади писандидаи ҳукумат раъй диҳанд.

Дар гузориши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо аз интихоботи соли 2015 омадааст, "oвоздиҳии гурӯҳӣ дар 18 дар сади қитъаҳои назоратшуда ва овоздиҳии батакрори якҷояи мардону занон дар 16 дар сади қитъаҳо ба мушоҳида расид". Подош барои чунин кӯмак дар рӯзи интихобот ба қавли як мусоҳиби Радиои Озодӣ, "зиёфат дар мактаби маҳалла ё ҷойи дигар аст".

Усули чаҳорум. Шумориши оро

Эраҷ Амон мегӯяд, шумориши раъйҳо аз қонуншиканиҳои ҷиддӣ ва бисёр роиҷ дар рӯзи интихобот аст. Ӯ мегӯяд: "Дар вақти ҳисоб кардани овозҳо шумораи бюллетенҳо бештар аз онҳое мешавад, ки омада раъй додаанд. Масалан, дар як минтақа бояд 7 ҳазор нафар овоз диҳанд, вале натиҷаро мешуморанд ва мегӯянд, ки 8 ё 9 ҳазор нафар овоз додааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

"Дар интихобот ширкат мекунам, вале..."

Дар гузориши нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи интихоботи соли 2010 омадааст, "нозирони созмон дар нуқтаи раъйдиҳии рақами 65 то рафтани нозирони байналмилалӣ 900 раъй сабт карданд, вале соати 19 ва рафтани нозирон 300 раъйи иловагӣ изофа шудааст" ва гузориш додаанд, ки 100 фоизи раъйдиҳандагон дар ин нуқта раъй додаанд.

Нозири собиқи дигаре, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат кард, гуфт, баъди шумурдани баргаҳо мақомоти интихоботӣ дар протоколҳои ниҳоӣ ҳар рақами дилхоҳеро, ки худашон мехоҳанд, менависанд. Дар гузоришҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар бораи ҳамаи интихоботҳои гузашта ин қонуншиканӣ ва ё тақаллуб як мушкили ҷиддӣ арзёбӣ шудааст.

Дар гузориш аз интихоботи 1-уми марти соли 2015 омадааст, ки "дар 28 дар сади ҳолат овозҳоро дуруст ҳисоб накардаанд". Бо назардошти ҳамин қонуншиканиҳо ва дигар мушкилот, нозирони байналмилалӣ, ки дар 19 соли гузашта барои назорати интихоботҳои порлумонии Тоҷикистон омадаанд, фақат як хулосаро ҳар панҷ сол такрор кардаанд.

Ва ин хулосаро:

"Интихоботи порлумонии соли 2000-ум мутобиқ ба уҳдадориҳо дар назди Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сурат нагирифт".

"Интихоботи порлумонии соли 2005 дар Тоҷикистон ба бисёре аз меъёрҳои интихоботи демократӣ мутобиқ набуд".

"Интихоботи порлумонии (соли 2010) ҷавобгӯйи аксарияти тааҳудоти калидии САҲА ва дигар меъёрҳои байналмиллалии интихоботи демократӣ набуд".

"Интихоботи порлумонии (соли 2015) беғаразона сурат нагирифт".

мумкин аст, нозирон дар соли 2020 ҳам эълон кунанд, агар ин бор мақомот воқеан хостори интихоботи қонунманд шаванду аз чунин ҳолатҳо пешгирӣ кунанд.

Вале мусоҳибони Радиои Озодӣ ҳам гуфтанд, интизор надоранд, ки интихоботи имсола поку покиза ва бе истифодаи усулҳо барои пирӯзии Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон баргузор мешавад. Худи нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ҳам дар гузориш дар бораи фазои пеш интихобот навиштаанд, азбаски вазъи риояти ҳуқуқи инсон назар ба солҳои гузашта бадтар шудааст, "зарурат барои назорати интихоботи Тоҷикистон вуҷуд надорад, аммо бо назардошти аҳамияти назорати интихобот барои ҷомеаи маданӣ ва хоҳиши мақомот барои муколама нозирон барои назорати интихоботи порлумонии оянда фиристода мешаванд".