Вазири тоҷик гуфт, арзёбиҳои мақомоти Узбекистон дуруст нест

Маҳмадюсуф Имомзода

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон рӯзи 17-уми июл дар нишасти хабарие аз баҳои додаи бозрасии давлатии назорат ба сифати дониш дар Узбекистон, сахт танқид кард. Имомзода гуфт, "ин таҳлили носозгор буд", чун сухан дар бораи баъзе донишгоҳҳое меравад, ки дар давраи пас аз ҷанг фаъолият доштанд.

"Ман минтақаро медонам, дар бисёр кишварҳои ИДМ будам, медонам, ки донишгоҳҳои мо сатҳашон дар минтақа ягон камӣ надорад. Ҳеч кас ҳуқуқ надорад, ки нисбати масъала қарор қабул кунад, ҳарчанд он қарор набуд,"-гуфт вазири маориф.

Вазири маориф ҳамчунин ба "рақобати носолим" ишора карда гуфт, аз рӯи омори расмӣ донишгоҳҳои Узбекистон ҳамаи хатмкунандагонро фаро гирифта наметавонанд ва барои ҳамин "хоҳем нахоҳем шаҳрвандони Узбекистон барои донишомӯзӣ ба Тоҷикистон ва дигар кишварҳо меоянд."

"Чунин рақобати носолим хуб нест. Мо ба Вазорати маорифи Узбекистон навиштем, ки чунин таҳлилҳо асос надоранд."

Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маорифи Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, Душанбе ва Тошканд дар бораи шинохтани дипломҳои кишварҳои ҳамдигарро созишнома доранд ва ин санад аз қарорҳои дохили кишвар боло меистад.

Муаллифони гузориши Бозрасии назорат ба маорифи Узбекистон моҳи июн гуфтанд, донишомӯзӣ дар 16 донишгоҳи Тоҷикистону Қирғизистон ба бозори меҳнати ин кишвар ҷавобгӯ нест. Ин ниҳод гуфтааст, ба довталабони кишвари худ пешниҳод кардааст, ки ба донишгоҳҳои кишварҳое раванд, ки дар раддабандиҳои омӯзишии номдор ҳастанд.

Бозрасии назорат ба маорифи Узбекистон донишгоҳҳои зерини Тоҷикистонро ба рӯйхати муассисаҳои сатҳи омӯзишашон паст ворид кардааст:

Донишгоҳи давлатии Хуҷанд,

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон,

Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Тоҷикистон,

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон,

Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон,

Донишгоҳи давлатии Бохтар (Қӯрғонтеппаи пешин),

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон.

Ҳарчанд вазири маориф арзёбиҳои мақомоти Узбекистон дар бораи таълим дар донишгоҳҳои Тоҷикистонро қабул надорад, вале сатҳи таълим дар мактабу донишгоҳҳо дар дохил ҳам зиёд танқид мешавад.

Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, вазири пешини маорифи Тоҷикистон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, корфармоён аз сатҳи мутахассисон бахусус онҳое, ки дар бахшҳои техникӣ омода мешаванд, розӣ нестанд.

Ба гуфтаи хонум Иноятова, ҷаҳон аллакай аз рӯи системаи "талаботи ҳадди ақали корфармо" мутахассис омода мекунад ва донишгоҳҳои Тоҷикистон ҳам бояд ба ин шакли кор гузаранд.

"Аксарияти муассисаҳои таҳсилотӣ бо корфармоён кор намекунанд, фикри онҳоро намегиранд, корфармо чӣ гуна талабот дорад, намедонанд. Корфармоён технологияи муосирро аз хориҷ меоранд, аммо ин таҷзиҳот дар мактабҳои касбӣ нест. Корфармо мехоҳад, мутахассиси замонавӣ, техникаву технологияро пурра донад. На фақат донад, балки истифода бурда тавонад," - таъкид кард, таҳлилгари тоҷик.

Ба таъкиди вазири пешини маориф, зарур аст, ки мутахассисон бо талаботи ҷаҳонӣ омода шавад. Чун ба гуфтаи Мунира Иноятова, бозори кори Тоҷикистон имкони таъмини ҳамаро бо шуғл надорад ва мутахассисон маҷбуранд ба берун раванд.

"Дар инҷо агар наёбанд, агар ба талаботҳои бозори меҳнати умумиҷаҳонӣ ҷавобгӯ бошад, вай дар дигар кишвар ҷойи корашро меёбад" - гуфт Мунира Иноятова.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!