Ҳадаф аз санҷиш маълум кардани он аст, ки то куҷо даромаду хароҷоти ширкат дуруст аст ва ё маблағҳое, ки ба “Барқи Тоҷик” дода мешавад, дуруст ва ҳадафмандона харҷ мешаванд.
Қарахон Чиллазода раиси палата 18-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, аз соли 2013 инҷониб дар ширкат санҷиши аудитӣ сурат нагирифтааст, чун дар нақшаи кориашон набуд: “Аз моҳи август санҷиши фаъолияти "Барқи тоҷик" барои солҳои 2017-2018 ва шаш моҳи 2019 оғоз мешавад. Ин дар нақшаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия буд."
“Барқи тоҷик” аз ҷумлаи қарздорони бузург аз Кумитаи андоз аст ва қарзи он бештар аз 22 миллиард сомониро ташкил медиҳад. Роҳбарияти ширкат сабаби қарздориро сари вақт пардохт нашудани маблағи барқ меномад. Тибқи иттилои Палатаи ҳисоб, маблағи қарзи истифодаи нерӯи барқ 2 миллиарду 301 миллион сомониро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, Талко корхонаи алюмини тоҷик - 390 миллион сомонӣ, Агентии замин ва беҳдошти обёрӣ 139 миллион сомонӣ, хоҷагиҳои кишоварзӣ 163 миллион сомонӣ, ва 956 миллион сомонӣ аз “Барқи Тоҷик” қарздор будаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъд аз қарзи аҳолӣ, дар сархати корхонаҳои қарздор бо 390 миллион сомонӣ "Талко", корхонаи истеҳсоли алюминиум қарор гирифтааст. Санҷиши аудитории “Барқи тоҷик” дар ҳолест, ки бо қарори ҳукумат сар аз 1-уми сентябри соли равон нархи як киловат/соат барқ барои аҳолӣ аз 19,37 дирам ба 22,66 дирам боло бурда мешавад. Аммо ин болоравӣ ба корхонаи "Талко" дахл нахоҳад дошт. Дар як соли охир бори дуввум аст, ки нархи нерӯи барқ дар Тоҷикистон боло бурда мешавад. Пештар, моҳи октябри соли гузашта, қимати барқро боло бурданд.
Барои ислоҳи вазъ ва кам кардани қарз
Аз ин пештар Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон гуфт, як сабаби боло бурдани қимати нерӯи барқ, ислоҳи вазъ дар “Барқи Тоҷик” ва кам кардани хароҷоти он аст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд, нархи феълии барқ, ки 19 дирам аст, хароҷоти онро намепӯшонад. Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 17-уми июл гуфт, "Барқи тоҷик" ва Вазорати энержӣ ба ҳукумат пешниҳод карданд, то барои ба эътидол овардани вазъи молии "Барқи тоҷик" нархи барқ боло бурда шавад. Маҳз ба ин хотир, ба гуфтаи Одиназода, қимати нерӯи барқ барои аҳолӣ тағйир меёбад.
Коршиносон борҳост, ки "Барқи тоҷик"-ро ба мудирияти нодуруст ва фасод муттаҳам мекунанд ва мегӯянд, то замоне, ки аввали дуруст ва дуввумиро решакан накунанд, ҳеҷ марҳаме дарди ширкатро дармон намебахшад. Иддаое, ки масъулини "Барқи тоҷик" онро рад кардаанд.
Ба сабаби қарзи зиёди ин ширкати давлатӣ ва шикоят аз кори он, баъд аз даҳ соли баҳсу баррасиҳо дар ниҳоят “Барқи тоҷик”-ро ба се бахш тақсим карданд. Бино бар тарҳи ислоҳоти сохтори “Барқи тоҷик” ду бахши дигари он "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ва "Шабакаҳои интиқолдиҳандаи барқ" минбаъд мустақил кор мекунанд.
Интиқоли барқ ва ҷамъ овардани пули он акнун вазифаи ду ҷамъияти нав аст. Қарорҳои ҳукумат дар ин бора ва таъсиси ҷамъиятҳои саҳҳомӣ бо ин номҳо нимаи моҳи июн қабул шудааст. Атрофи барномаи ислоҳот ё таҷдиди ширкати “Барқи тоҷик” аз соли 2008 ба ин тараф гуфтугӯҳои зиёде буд. Созмонҳои байналмилалӣ, ба мисли Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, борҳо ба Тоҷикистон машварат додаанд, ки сохтори "Барқи тоҷик"- ро ислоҳ кунад, чун бо ин шева кор дар он дер идома намекунад.