Даҳҳо табибро дар Хуҷанд танбеҳ доданд. Се нафар ба зиндон рафт. ВИДЕО

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти вилояти Суғд гуфтанд, соли гузашта даҳҳо табиб барои дуруст иҷро накардани вазифа ва ё роҳ додан ба хато танбеҳ гирифтаанд. Раҳбарони раёсати тандурустии вилоят рӯзи 7-уми феврал зимни нишасти хабарӣ гуфтаанд, 38 табиб барои “дуруст анҷом надодани вазифаи касбӣ” ҷазо ва танбеҳ гирифтанд ва дар ин миён се табиб ба зиндон маҳкум шудаанд.

Фаррух Мақсудзода, сардори Раёсати тандурустӣ гуфт: “Ҳамаамон медонем, дар соли гузашта таҳқиқи марги ду бемор то прокуратура рафт ва бо суд анҷомид. Яке фавти Мижгона Бобоҷоноваи 12-сола буд.“ Се табибе, ки “аз беэҳтиётӣ” боиси марги ду бемор, аз ҷумла духтари 12- сола шуд, соли 2018 бо қарори додгоҳ ба 3 ва 3.5 соли зиндони шартӣ маҳкум шуданд.

Иштибоҳе, ки бо марги Мижгона анҷомид

Мижгона Бобоҷоноваи 12-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 8 август баъди 4 соати ҷарроҳии омосе дар шикамаш дар беморхонаи саратоншиносии шаҳри Хуҷанд ҷон дод.

Баъди шикояти падари духтар додгоҳи Хуҷанд моҳи январи имсол Дониёр Шермуродов, анестезиологеро, ки дар ҷарроҳӣ ширкат дошт, дар марги духтар гунаҳкор донист ва ба 3 солу 6 моҳи зиндони низоми сукунат маҳкум кард. Ӯро ҳамчунин якуним сол аз ҳаққи машғул шудан ба пизишкӣ маҳрум карданд.

Қабл аз ин дар моҳи январи соли 2018 додгоҳи Хуҷанд ду пизишки беморхонаи шаҳри Хуҷандро дар марги Саодат Саломова – духтари Сайрам Исоева – ҳунарпешаи маъруфи тоҷик гунаҳкор кард ва ба 3 - соли ҳабс маҳкум кард.

Марги ин ду бемор ба сабаби хатои табибон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва байни сокинон баҳси зиёдеро барангехт. Бархе муносибати сарди табибон бо беморон, ришвахорӣ, талаби пул барои ҳар гуна доруро танқид карданд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Се табиб дар Хуҷанд ба зиндон рафт

Пайвандони фавтидагон баъд аз қарори аввали додгоҳ пофишорӣ доштанд, ҳамаи табибоне, ки дар табобати онҳо ба саҳлангорӣ роҳ додаанд, ҷазо бигиранд, то барои “дигар табибон дарс шавад.”

Мазбут Бобоҷонов, падари Мижгона Бобоҷонова дар гузашта дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ба бовари ӯ на фақат як табиб, балки гуруҳи ҷарроҳон гунаҳкоранд ва бояд ҳамаашон ҷазо мегирифтанд.

“Талаби асосии ман ин аст, ки гунаҳкорони марги духтарам маълум карда шаванд ва тибқи қонун ҷазо гиранд. Ман бовар дорам, ки ӯ на танҳо бо хатои анестезиолог ҷон дод, балки дигар табибон ҳам хато кардаанд” – гуфт, ӯ.

Шикояти табибон ҳам кам нест

Шикоят аз кори табибон на танҳо дар Хуҷанд, балки дар тамоми дигар манотиқи кишвар зиёд аст. Ташхису муолиҷаи нодуруст, ки бо марги бемор анҷомидааст, дар гузашта ҳам будааст ва даҳҳо табиб ҳам барои роҳ додан ба хато ҷазо гирифтанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Муоширати табибон бо беморонро назорат мекунанд

Табибон мегӯянд, абзорҳои фарсудаи ташхиси тиббӣ, шароити номуносиби кор ва музди ночиз аз сабабҳои поин рафтани сатҳи хадамоти тиббӣ дар Тоҷикистон аст. Як сабаби дигар, сатҳи пасти дониши табибони ҷавон аст, ки Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро хатм карда ба кор меоянд, аммо оддитарин меъёрҳои ташхису муолиҷаро намедонанд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Вазири тандурустӣ: Мо ҳам хато мекунем. ВИДЕО

Фаррух Мақсудзода, сардори раёсати тандурустии Суғд, дар нишасти хабарӣ гуфт, барои маълум кардани сатҳи донишу малакаи табибон ҳар сол дар байни онҳо санҷиш сурат мегирад.

Ӯ афзуд, соли гузашта комиссияи тиббии вазорати тандурустӣ ду бор дараҷаи тахассуси табибони вилояти Суғдро санҷид ва ба онҳо сертификати мутобиқат дод.

Ба ақидаи сардори раёсат, ин таҷриба барои табобати дурусти беморон, раҳ надодани табибон ба хато ва ҷилавгирӣ аз фавти беморон мусоидат мекунад.