Даъват аз Э.Раҳмон: "Ҷавонони аз 23-сола болоро афв кунед!"

Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия дар як номаи расмӣ аз раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хост, то ҷавононеро, ки аз хидмат дар артиш сарпечӣ ва ба Русия фирор кардаанд, афв кунад.

Дар ин нома, ки рӯзи 24 октябр аз номи Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба раисиҷумҳури Тоҷикистон ирсол шудааст,
аз Эмомалӣ раҳмон тақозо шудааст, ки ҷавонони аз 23-сола болоро, ки аз хидмат дар артиш сарпечӣ кардаанд, афв ва замони хидмати низомиро ҳам аз 2 соли феълӣ то 1 сол кам кунад.

Дар ин нома гуфта мешавад, ки афзоиши амалиёти мақомоти Русия алайҳи муҳоҷирон, бахусус баъди ошӯбҳои Бирюлёво, ҳаёти шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Русия зери хатар гузоштааст, вале бисёри ҷавонони тоҷик аз тарси таъқиби мақомот ба далели сарпечиашон аз хидмати артиш ва ҳам аз тарси "облава" дар мавсими нави даъват ба сафи артиши Тоҷикистон, ки ин шабу рӯз идома дорад, наметавонанд ба ватан баргарданд.

Каромат Шарифов ҷамъи ҷавонони синну соли хидматӣ дар Русияро ҳудуди 600 000 нафар баршумурда, гуфтааст, бояд аз онҳое ки хидмат кардан намехоҳанд, "андоз"-и расмӣ ситонда, ин пулро барои сохтани артиши қарордодиву касбӣ сарф кунанд.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳанӯз рӯзи 21 октябр ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки онҳо бо ирсоли як муроҷиатномаи вижа аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақозо хоҳанд кард, то мақомоти давлатӣ таъқиби ҳадди ақал ҷавонони синнашон аз 23 то 27-соларо, ки ба таъбири ҳамсӯҳбати мо, “дигар синну солашон калон шуда, фурсати хидмати аскариашон гузаштааст, қатъ кунанд.” Ӯ мегӯяд, бахши аъзами ин ҷавонон зиндагии пур аз маҳрумият дар Русияро боз ҳам аз таъқиби ҷиноӣ ё ҳамлаи маъмурони "облава", ки дар Тоҷикистон мунтазири онҳост, бартар медонанд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Каромат Шарифов: Артиши касбӣ бисозанд ба ҷои "облава"



Каромат Шарифов

Каромат Шарифов мегӯяд, як бахши бузурги ин ҷавонон дар Русия ҷои кор ҳам пайдо накардаанд, вале боз ҳам аз тарси таъқиб дар Тоҷикистон инҷо мемонанд. Ба гуфтаи ӯ, чунин ҷавонони бекор як манбаъи такмили сафи гурӯҳҳои ҷиноӣ шуда метавонанд ва агар мақомоти ду давлат, дар воқеъ бихоҳанд, ки дар пасманзари ошӯбҳои ахири зиддимуҳоҷирон дар Маскав ҷиҳати пойин бурдани мизони ҷинояткорӣ дар байни мардикорони тоҷик иқдом кунанд, бояд шонаҳои ин “артиш”-и бузургро аз масъулият барои сарпечиашон аз хидмати артиш дар Тоҷикистон холӣ кунанд.

Каромат Шарифов афзуд: “Инҳо ҳама мехоҳанд ба ватан баргарданд, вале аз рафтан метарсанд. Дар ҳамин ҷо низ дар тарсу ҳарос ба сар мебаранд. Инҳо 600 000 нафаранд! Эмомалӣ Раҳмон афвашон кунад, инҳо баргарданд, 500-долларӣ мисли Узбакистон пул диҳанду семоҳӣ хидмат кунанд, дигар тамом.”

Каромат Шарифов, ки ба ҳайси сарҳанги собиқи пойгоҳи 201-уми артиши Русия собиқаи тӯлонии афсариро дорад, мегӯяд, дар шароити муосир нигоҳ доштани артиши сершумор, вале корношоям ба сӯди кор нест, балки Тоҷикистон бояд билохира ба сохтани артиши қарордодӣ иқдом кунад. Оқои Шарифов мегӯяд, барои 2 сол ба хидмати артиш даъват кардану асосан дар корҳои ғайринизомӣ машғул доштани 15-16 ҳазор ҷавон дуруст нест, балки вазорати дифоъи Тоҷикистон бояд аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Узбакистон, кор бигирад.

Дар Узбакистон, ки мисли Тоҷикистон шумори ҷавонони синну соли хидматӣ нисбат ба эҳтиёҷоти артишаш ба маротиб бештар аст, ҷавонони нисбат ба хидмат бемайл метавонанд бо пардохти то 500 доллар ва адои ҳамагӣ аз 1 то 3 моҳи хидмат дар ихтиёри артиши захиравӣ қарор бигиранд. Пуле ки аз ин ҳисоб ба даст меояд, барои таъмини шароити хидмати сарбозони оддии артиши кишвар масраф мешавад. Дар Узбакистон хидмат ҳамагӣ як сол аст ва даъват ба артиш низ дар сол як маротиба – дар фасли баҳор – сурат мегиад. Дар ин кишвар, ҳамин тавр, барои онҳое ки дар артиш хидмат мекунанд, дар мавриди пайдо кардани ҷои кор, дохил шудан ба мактабҳои олӣ ва гирифтани қитъаи замин имтиёзҳои фаровон муқаррар шуда, барои ҳар сарбозе ки хидматро адо мекунад, ба маблағи баробари 330 доллар ҳаққе низ пардохт мешавад. Дар натиҷа, ҳатто ба эътирофи мунтақидони давлат, ҷавонон дар Узбакистон барои рафтан ба артиш бо ҳамдигар ҳатто сабқат мекунанд.

Бино ба оморҳои дарёфтӣ, шумори ҷавонони синну соли хидматӣ дар Тоҷикистон беш аз 600 000 нафарро ташкил медиҳад. Аз ин шумор тақрибан 150 000 нафар ба далели донишҷӯи мактабҳои олӣ ё маъюб ваё танҳо саробони хонавода будан аз масъулияти хидмат дар артиш озод шудаанд. Аммо дар суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон тақрибан 15 ило 16 000 хидмат мекунанд. Яъне аз ҷамъи онҳое ки қарзи хидмат ба ватан дар гарданашон бор аст, ба ҳар курсии сарбозӣ тақрибан 30 нафар рост меояд.

Дар амал аз ҳар 30 нафар танҳо яке барои артиш лозим аст ва 29 ҷавони дигар – тӯъмаи нафси маъмурони “облава” мешаванд.

Мунтақидон мегӯянд, чунин таносуб як мояи фасод дар сохторҳои масъули даъват ба сафи артиши Тоҷикистон – аз ҷамоатҳо то куммиссиюнҳои тиббиву куммиссариатҳои низомӣ – табдил ёфта, маъмурон дар ду мавсими баҳориву тирамоҳии даъват ба артиш бидуни кадом мурооти ҳуқуқи қонунии шаҳрвандон бо ҳар роҳу васила барои иҷрои нақшаи даъват аз минтақаи худ талош мекунанд. Ин маъракаҳо дар забони мардум бо номи “облава” ва худи гурӯҳҳои даъваткунанда ҳамчун “чӯҷабарак” ном бароварда, Тоҷикистонро дар чашми созмонҳои ҳомии ҳуқуқ чун як давлати поймолкунандаи ҳуқуқи инсон ҷилва медиҳад.

Бо вуҷуди таъкиди мукаррари ҳомиёни ҳуқуқ ба табиати ғайриқонунии “облава” мақомоти тоҷик то ҳол ба истифода аз ин шеваи даъват идома медиҳанд. Гузоришҳои расида аз Тоҷикистон мегӯянд, маъмурон дар ин роҳ ҳар дафъа роҳу усули тозае “ихтироъ” мекунанд. Ба гуфтаи як корбари Фейсбук, дар ин шабу рӯз дар ҷодаҳои Душанбе маршруткаҳои тақрибан холии 8-ро метавон дид, ки бачаҳои ҷавон барои зудтар расидан ба ҷои зарурӣ худро бидуни истиҳола ба дохили он меандозанд ва баъд мефаҳманд, ки ба чанги “облава” уфтодаанд.


Вуҷуди фасоди густарда дар ин соҳаромақомот ҳам эътироф мекунанд. Ожонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон ахиран гуфт, ки дар мавсими “облава” нархи раҳоӣ аз хизмати ҳарбӣ то ба 800 доллар баробар мешавад. Ин ниҳод ахиран як мақоми маҳаллӣ дар ҷамоати Пахтаободи ноҳияи Турсунзодаро боздошт кард. Нозири мили ҳарбии ҷамоати Пахтаобод аз як ҷавони маҳаллӣ барои озод карданаш аз хидмати ҳарбӣ ва навиштани билети ҳарбӣ 800 доллар талаб кардааст, вале ҳангоми гирифтани 300 доллар “транш”-и дувуми ин маблағ ба даст афтод. Ахиран сардухтури маркази мубориза бо бемориҳои сили шаҳри Ваҳдат Алишер Исмоилов низ барои фурӯхтани билети ҳарбӣ ба ивази 500 доллар боздошт шудҲафтае пеш сардори мизи ҳарбии шаҳри Сарбанд Ҳикматулло Набиевро вақте дастгир карданд, ки ба гуфтаи дафтари матбуоти Ожонси зиддифасод, “аз даъватшаванда Шӯҳратҷон Солиев дар ивази раҳоияш аз хизмати аскарӣ 800 доллар талаб мекард.”

Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия мегӯяд, агар пардохти пул дар ивази хидмати ҳарбиро қонунӣ кунанд ва садҳо ҳазор нафаре, ки нирӯи ҷавонии онҳо дар асл барои артиши Тоҷикистон лозим ҳам нест, расман ба кассаи вазорати дифоъ пули хидматашонро бидиҳандудигар пушти кори худ бираванд, ин вазорат бо ин пул метавонист барои бақия сарбозонаш, ки хоҳанд монд, шароити беҳтареро таҳия ва бо истифода аз ин манбаъи молӣ сохтани артиши касбиро оғоз кунад.

Аммо масъала ин аст, ки мақомоти низомии ба чунин як ислоҳоти фарогир ва тағйири комили тамоми низоми такмили суфуфи нирӯҳои мусаллаҳи ин кишвар азму иродаи кофӣ доранд? Каромат Шарифов мегӯяд, Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳамин далел мустақиман ба раисиҷумҳур муроҷиат мекунад, то ки шахсан ба ин масъалаи барои садҳо ҳазор муҳоҷири ҷавони тоҷик ҳаётан муҳим дахолат кунад.