Ҳисор - Сурия - Олмон. Роҳи гирдгардони як "ҷиҳодӣ"-и тоҷик

Муҳаммадсаид Саидов дар рӯйхати Интерпол

Як шаҳрванди 30-солаи Тоҷикистон дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави “Давлати исломӣ” (ДИИШ) ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дастгир шудааст.

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон тасдиқ карданд, ки дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар созмони тундрави "Давлати исломӣ" ва ширкат дар ҷангҳои Сурия Муҳаммадсаид Саидов ном шаҳрванди Тоҷикистон дастгир шудааст. Як манбаъ дар додситонии кулл рӯзи 23 июн гуфт, ки Саидов дар ҷустуҷӯи Интерпол қарор дошт.

Ба гуфтаи ин манбаъ, алайҳи Муҳаммадсаид Саидов як сол пеш парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд.

Гуфта мешавад, ки ӯ ду ҳафта пеш ҳамроҳи паноҳандагони Сурия аз Олмон дархости паноҳандагӣ кардааст.

Муҳаммадсаид Саидов, соли таваллудаш 1987, зодаи маҳаллаи Ислом Эшонови шаҳраки Шарораи ноҳияи Ҳисор буда, як фарзанд доштааст.

Дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон ба Озодӣ гуфтанд, ки хабарҳо дар бораи боздошти шаҳрванди тоҷик дар ин кишвар бо иттиҳоми ширкат дар ҷангҳои Сурияро таҳқиқ мекунанд ва "нафарони масъул алакай ба ин кор мутасаддӣ шудаанд."

Қаблан додситонии сарзамини Рейни шимолӣ - Вестфалияи Олмон хабар дод, ки як шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳудуди ин минтақа бо гумони узвият дар созмони тундрави "Давлати исломӣ" ва ширкат дар ҷангҳои Сурия дастгир шудааст.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҷангҷӯи тоҷики дар Олмон боздоштшуда аз Ҳисор будааст

Додситонии Олмон дар бораи шахсияти тоҷики боздоштшуда ҷузъиёти зиёде ба ҷуз аз номаш – Муҳаммадсаид С. – надод.Вале дар рӯйхати афроде, ки Интерпол – пулиси байналмилалӣ бо дархости Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор додааст, нафаре бо номи Муҳаммадсаид Саидов низ буд, ки низ мисли нафари дар Олмон дастгир шуда 30 сол дошта, бо айни иттиҳоми “зархаридӣ”, яъне ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар, таҳти таъқиб қарор дода шудааст. Дар маълумотномаи Интерпол ҳамчунин гуфта мешавад, ки Саидов зодаи ноҳияи Ҳисор аст, чашмони сиёҳ ва 86 кило вазну 178 сантиметр қад дорад.

Додситонии Олмон мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷик ба он гумонбар мешавад, ки дар моҳи апрели соли 2015 аз Тоҷикистон ба Сурия рафта, ба сафи “Давлати исломӣ” пайвастааст ва аз ҷониби он ҷангидааст. Ӯ ҳамчунин дар як видео аз ҳамватанҳои худ даъват кардааст, ки ба “сарзамини хилофат” омада, ба сафи ин гурӯҳи тундрав бипайванданд. Додситонии Олмон мегӯяд, шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон тақрибан дар ибтидои моҳи сентябри соли 2015 Сурияро тарк карда, баъди чанде ба Олмон омадааст.

Дар ҳамин ҳол, нашрияи олмонии WDR навишт, ки шаҳрванди Тоҷикистон субҳи 21 июн дар маҳаллаи Варендорфи шаҳри Карслруэ дастгир шудааст. Сухангӯи маъмурияти Варендорф ба ин нашрия гуфтааст, боздошти ин мард аз сӯи афсарони пулиси федеролӣ ва пулиси ҷиноӣ чунон босуръат анҷом шуд, ки ба ҷуз аз чанд раҳгузар дигар касе ҳатто хабар наёфт. Бино ба маълумоти дарёфтии WDR, дар пайи боздошт манзили ӯро кофтукоб ҳам кардаанд.

Нашрияи интернетии “die-glocke.de” хабар дод, ки шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистон дар маҳаллаи Эннигерлои Карлсруэ ба сар мебурд ва кофтукоби манзили ӯ ҳамзамон бо боздошташ сурат гирифтааст. Ин нашрия меафзояд, ки рӯзи 22 июн додгоҳи федеролии Олмон ҳукми ҳабси шаҳрванди дастгиршудаи Тоҷикистонро содир кардааст.

Нашрияи “Frankfurter Allgemeine” низ дар шаҳри Карлсруэ дастгир шудани ин шаҳрванди тоҷикро тасдиқ кард ва навишт, ки ӯ ҳоло дар боздоштгоҳ қарор дорад. Вале, менависад ин нашрия, додситонӣ дар бораи ба кадом ҳадаф ба Олмон омадану чӣ қасде дар инҷо доштани Муҳаммадсаид С. чизе намегӯяд.

Додситонии Олмон дар бораи шахсияти тоҷики боздоштшуда ҷузъиёти зиёде ба ҷуз аз номаш – Муҳаммадсаид С. – надодааст.

Вале дар рӯйхати афроде, ки Интерпол – пулиси байналмилалӣ бо дархости Тоҷикистон таҳти таъқиб қарор додааст, нафаре бо номи Муҳаммадсаид Саидов низ ҳаст, ки низ мисли нафари дар Олмон дастгир шуда 30 сол дошта, бо айни иттиҳоми “зархаридӣ”, яъне ширкат дар ҷангҳо дар кишварҳои дигар, таҳти таъқиб қарор дода шудааст. Дар маълумотномаи Интерпол ҳамчунин гуфта мешавад, ки Саидов зодаи ноҳияи Ҳисор аст, чашмони сиёҳ ва 86 кило вазну 178 сантиметр қадр дорад.

Ҳанӯз маълум нест, ки ин тоҷики дастгиршуда дар Олмон ба Тоҷикистон истирдод хоҳад шуд ваё парвандаи ӯро мақомоти ин кишвар худ баррасӣ хоҳанд кард?

Моддаи 401-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон барои зархаридӣ, вобаста ба дараҷаи кирдор, ҳамчун ҷазо аз 5 то 20 соли зиндонро муқарар кардааст:

Моддаи 401. Зархаридӣ

1) Ҷалб, таълим, маблағгузорӣ ё таъминоти дигари моддии зархаридон, инчунин истифодаи онҳо дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ, ­

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз панҷ то дувоздаҳ сол ҷазо дода мешавад.

2) Ҳамин кирдоре, ки шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ ё нисбати ноболиғ содир намудааст,‐

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз ҳафт то понздаҳ сол бо мусодираи молу мулк ҷазо дода мешавад.

3) Иштироки зархарид дар задухўрди мусаллаҳона ё амалиёти ҷангӣ,‐

бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мўҳлати аз дувоздаҳ то бист сол ҷазо дода мешавад.

Эзоҳ: Шахсе зархарид эътироф карда мешавад, ки махсус ҷалб гардида, бо мақсади гирифтани подоши моддӣ амал мекунад, шаҳрванди давлате намебошад, ки дар задухўрдҳои муссалоҳона ё амалиёти ҷангӣ иштирок мекунад, дар ҳудуди он сукунати доимӣ надорад, ба ҳайати шахсии қувваҳои мусаллаҳи давлате, ки дар ҳолати ҷанг қарор дорад, шомил намебошад ва барои иҷрои вазифаҳои расмӣ дар ҳайати қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлати дигар фиристода нашудааст.

Ин нахустин мавриди боздошти шаҳрвандони тоҷик дар Олмон бо иттиҳоми узвият дар сафи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ва ширкат дар ҷангҳои Ховари Миёна мебошад. Аммо дар соли 2007 дар Олмон 4 шаҳрванди Узбакистон бо иттиҳомоти марбут ба терроризм боздошт шуда буданд. Гуфта мешуд, ки ин афрод узви созмони “Ҷиҳоди исломӣ”, як гурӯҳи ҷудошуда аз баданаи Ҳаракати исломии Узбакистон буда, барои анҷоми ҳамлаҳои террористӣ дар қаламрави Олмон, аз ҷумла барои ҳамла ба як пойгоҳи Амрико дар ин кишвари аврупоӣ омодагӣ мегирифтанд.

Бино ба охирин иттилое, ки манобеи Радиои Озодӣ дар мақомоти интизомии Тоҷикистон тоза дар ҳафтаи равон ироа карданд, мақомоти Тоҷикистон то имрӯз ҳудуди 2000 нафар аз шаҳрвандони ин кишварро ба ширкат дар низоъҳои мусаллаҳона дар Сурияву Ироқ гумонбар медонанд ва аз ин миён шахсияти тақрибан 1300 нафарро пурра мушаххас кардаанд.

“Давлати исломӣ” як гурӯҳи тундрави мазҳабист, ки дар соли 2014 қаламравҳои бузурге дар Сурияву Ироқро ишғол ва дар ин сарзаминҳо эълони ба ном “хилофат” кард. Ин гурӯҳ бо бархӯрди бераҳмонааш нисбат ба дигарандешон ва асирон, аз ҷумла бо зинда зинда сӯзондану зери хок кардани онҳо ном баровардааст. Кишварҳои Ғарб ва ҷаҳони Араб ба раҳбарии Амрико эътилофи байналмилалиеро таъсис додаанд, ки мавқеъҳои “Давлати исломӣ”-ро дар Сурия бомбборон мекунад ва нирӯҳои чирикиро дар Сурияву артиши давлатиро дар Ироқ алайҳи ин гурӯҳи тундрав таъмини силоҳ мекунад.