4 саҳифа номаи Зайд Саидов ба Эмомалӣ Раҳмон

Саҳифаи аввали номаи Зайд Саидов ба раисиҷумҳур

Зайд Саидов дар як нома аз раисиҷумҳур хостааст, ки ба қазияи ӯ дахолат кунад, то бархӯрди мунсифонатаре ба парвандааш сурат бигирад.
Раҳбари боздоштшудаи гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав бо як нома ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муроҷиат кардааст ва хостори дахолати ӯ дар қазияаш шудааст.

Зайд Саидов навиштааст, ин номаро “дар ҳолати дарди шадиди меъда дар зиндон” менависад ва аз раисиҷумҳур хостааст, ки “саломатии бандаро ба назар гирифта, ба қазияи банда дахл намоед, то ки маро озод намоянд ё бо надодани иҷозати берун рафтан зери назорати тафтишот ба муолиҷаи худ машғул шавам.”

Дар ин нома, ки ба президент "аз номи гумонбар Саидов З.Ш." навишта шудааст, Зайд Саидов тамоми иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд карда, навиштааст, “ҳамаи он тӯҳматномае беш нест, ки ба парвандаи банда ҳеҷ часпоиш надорад. Ва як даъвогарашро умуман бори аввал мебинам. Банда ҳеҷ гоҳ ба чунин фасодкорӣ даст назадаам.” Зайд Саидов навиштааст, муҳокимаи додгоҳӣ ва ошкор шудани воқеъияти ин иттиҳомот “ба обрӯи давлатамон, ки даъвои ҳуқуқбунёдӣ мекунад, латма ворид мекунад.”
Ҳамаи 4 саҳифаи ин нома дар ин нигористон қобили дарёфт аст:


Номаи Зайд Саидов ба президент




Зайд Саидов навиштааст, ки ӯро дар боздошт дар як ҳолати пур аз маҳрумият нигоҳ медоранд. Ӯ аз ҷумла мегӯяд, ки вакилони мудофеъи худро баъди ҳафтаҳо ва он ҳам дар ҳузури муфаттишон мебинад. Аз дидор бо наздиконаш низ ӯро маҳрум кардаанд. Зайд Саидов ҳамчунин менависад, “аз шунидани радио дар давоми 53 рӯз маҳрум будам, аз ташхиси духтурони касбӣ, ки вазъи саломатиам хеле бад аст, маҳрумам.”


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Номаи Зайд Саидов ба президент



Зайд Саидов аз саҳмаш дар иқтисоди Тоҷикистон ва ҷалби сармоя ба кишвар ёдовар шуда, менависад, “ҳатто дар як ҷаласаи ҳукумат Шумо таъкид намудед, ки Саидов З.Ш. беш аз 10-15 миллион доллари амрикоии худро аз хориҷ оварда, барои рушди иқтисод сармоягузорӣ карда истодааст. Оид ба дастгириҳоям нисбат ба сохтмони нирӯгоҳи Роғун ва дигар чорабиниҳои ҳукумати ҷумҳурӣ ба хотири риё нашуданаш номбар намекунам."


Зайд Саидов

Ҳарчанд худи соҳибкори боздоштшуда аз овардани арқоме худдорӣ кардааст, вале ба гуфтаи як манбаъи Озодӣ, Зайд Саидов ба маблағи дастикам 1 миллион сомонӣ саҳмияҳои нирӯгоҳи Роғунро харида, ду сол пеш, вақте як маҳаллаи бузурги шаҳри Кӯлоб бар асари сел хароб шуд, барои мардуми селзадаи ин минтақа 12 манзили нав сохт, ки ҳазинааш беш аз ним миллион доллар гуфта мешавад.

Дар номааш ба раисиҷумҳури Тоҷикистон Зайд Саидов ҳамчунин навиштааст, азмаш ба сохтани ҳизб “худхоҳӣ” ё “фарбеҳгӣ” набуд, “мақсади мухолиф будан ба ҳукумати ҷумҳурӣ ё каси дигареро надоштам”, балки “ғаразамон ободии кишвар ва кумак ба ҳукумати ҷумҳурӣ буд... Танҳо гуноҳи банда он аст, ки қурбони шахсони манфиатҷӯ, дурӯя ва хушомадгӯ гаштаам.”

Зайд Саидов мегӯяд, азбаски нофаҳмиҳо дар атрофи ҳизбаш зиёд шуд, ҳанӯз аснои мусофираташ дар Фаронса тасмим гирифт, ки “баробари бозгашт, аввалин коре ки мекунам дар Душанбе, боздошти фаъолияти таъсиси ҳизб буд. Ин нуктаро аз Олмон бо ҳамроҳии раиси КДАМи Душанбе ба раиси КДАМ иброз дошта будем.”

Саидов меафзояд, рӯзҳои мусофираташ чандин бор ҳушдор гирифта буд, ки ҳабс мешавад, “аммо пеш аз ҳама ба хотири дар хориҷ мондан ва ҳамчун мухолифи ҳукумат қарор нагирифтан ба Ватан баргаштам.”

Зайд Саидов рӯзи 19 май, баробари бозгашташ аз сафари Аврупо, дар фурудгоҳи Душанбе дастгир шуд.

Се рӯз баъд додгоҳи ноҳияи Фирдавсӣ ҳукми ҳабси думоҳаи ӯро содир кард. Ожонси зидди фасод Зайд Саидовро ба ришвахорӣ ва қаллобӣ айбдор мекунад. Аммо Саидов иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд мекунад ва чандин бор гуфтааст, ки таъқибу боздошти ӯ мустақиман ба азмаш барои сохтани ҳизби Тоҷикистони нав бастагӣ дорад.

Мушкилоти Зайд Саидов бо мақомоти Тоҷикистон вақте оғоз ёфт, ки ӯ рӯзи 6 апрел аз таъсиси Гурӯҳи ташаббускори ҳизби Тоҷикистони нав хабар дод. Рӯзи 11 май, вақте ӯ дар сафари Аврупо буд, додситонии Душанбе алайҳаш бо иттиҳоми бисёрзанӣ парванда кушода, манзилҳояшро кофтукоб ва наздиконашро бозпурсӣ кард.

Ҳамон рӯз Ожонси мубориза бо фасод ҳам аз ифтитоҳи парванда алайҳи ширкати “Тоҷсохтмон байналмилал” бо иттиҳоми изофанависӣ дар ҷараёни сохтмони “Душанбе –Плаза” - баландтарин бинои пойтахти Тоҷикистон хабар дод. Рӯзи 12 май аъзои Шӯрои ҳамоҳангсози Анҷуманҳои соҳибкорӣ дар як ҷаласаи бошитоб даъватшуда ин ниҳодро, ки раёсаташро як сол ба ин сӯ Зайд Саидов бар дӯш дошт, барҳам доданд.

Зайд Саидов, ки 56 сол дорад, соли 1999 тибқи саҳмияи 30-фоизаи мухолифин раиси кумитаи саноати Тоҷикистон таъйин шуда, аз соли 2001 то оғози 2007 вазири саноат буд. Баъди тарки ин мақом ба соҳибкорӣ баргашт.