Даҳҳо муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик аз Русия гуфтанд, ки сафари Владимир Путин ба Тоҷикистон ва эҳтимоли афви худро интизор ҳастанд. Путин охири моҳи феврал дар доираи сафараш ба кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Тоҷикистон ҳам боздид хоҳад кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфта буданд, дар ҷараёни ин сафар имзои чанд санад дар назар аст ва ҷониби Русия ҳам таъкид кард, ки эҳтимоли афви то 70 ҳазор муҳоҷири “мамнӯъулвуруди” тоҷикро баррасӣ дорад.
Гузориши видеоӣ инҷост:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ба болои ин, падарамро, ки низ сохтмончӣ аст, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд.Дӯстмурод Зиёев
Ҳам ҷарима карданд, ҳам ихроҷ
Дӯстмурод Зиёев – сокини ноҳияи Рӯдакӣ – рӯзи 14 феврал ба назди дари Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон омада, мехост, бифаҳмад, ки оё мӯҳлати манъи вурудаш ба Русия анҷом шудааст, ё не. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, якуним сол пеш ҳангоми бозгашт аз Екатеринбург ба Душанбе боздошт ва гӯё барои нақзи қоидаи будубош “депортатсия” карда шуд.
"Аввал ҷарима карда, ҷавоб доданд. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон фаҳмидам, ки то соли 2019 ҳаққи вуруд ба Русияро надоштаам. То замони ихроҷ дар як моҳ то 500 доллар пул кор мекардам. Қисме аз ин маблағ барои зиндагии худам сарф мешуд ва боқимондаашро ба хонавода ба Тоҷикистон мефиристодам”, - гуфт ӯ.
Ин муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик гуфт, дар ин муддат дар Тоҷикистон кори муносибе пайдо карда натавонист ва ҳоло бо таксиронӣ рӯзгори худу хонаводаашро пеш мебарад. “Ба болои ин, падарамро, ки низ сохтмончӣ аст, аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум кардаанд. Аз такисронӣ дар як рӯз 50 сомонӣ фоида мегирам, ки ин пул барои харҷи хонавода кам аст, вале барои намурдан аз гуруснагӣ кифоят мекунад. Умед дорам, баъди омадани Путин ба Тоҷикистон муҳоҷироне мисли ман афв хоҳанд шуд”, - афзуд Дӯстмурод Зиёев. Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ба қадри тавони худ барои бо ҷои кор таъмин кардани муҳоҷирони “мамнӯъулвуруд” талошҳое ба харҷ додаанд.
Эҳтимоли "афв"-и муҳоҷирон
Матбуот аз қавли сухангӯи президенти Русия Дмитрий Песков навишт, ки охири моҳи феврал Владимир Путин дар чаҳорчӯби як сафари минтақавӣ, аз Тоҷикистон ҳам боздид мекунад. Эҳтимол ин сафар рӯзи 28 феврал баргузор шавад. Ҳанӯз ҷузъиёт ва ё мавзӯи мушаххаси музокироти Путин бо мақомоти баландпояи тоҷик дар Душанбе дар даст нест. Як мақоми тоҷик дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, "эҳтимолан мавзӯъҳои мавриди баррасӣ то охирин лаҳзаи сафар таҳияву пешниҳод шаванд. Ҳоло мо ҳама масъалаҳои мавриди назарро баррасӣ дорем ва дар феҳристи мавзӯъҳо ҳанӯз нуқтаи ниҳоӣ гузошта нашудааст".
Вале эҳтимоли афви афроди “мамнӯъулвуруд” баъди он матраҳ шуд, ки сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов бо Александр Горовой – муовини аввали вазири умури дохилии Русия рӯзи 8 феврал имкони иҷозати дубораи вуруди муҳоҷирони тоҷикро баррасӣ кард. Феълан 270 ҳазор муҳоҷири кории кишвар аз ҳаққи вуруд ба қаламрави Русия маҳруманд ва ҷониби Тоҷикистон умедвор аст, ки барои аз 14 то 68 ҳазори онҳо ҳукми афв татбиқ шавад. Русия барои беш аз як миллион сокинони Тоҷикистон ба макони аслии кору даромад табдил шудааст.
Феълан муҳоҷирони аз ҳаққи сафар маҳрумшуда бо роҳи худ ва ҳам кумаки сохторҳои давлатӣ талош мекунанд дар бозори дохилӣ барои худ кор пайдо кунанд, ҳарчанд дарсади онҳое, ки дар ин амр муваффақ шудаанд, баланд нест. Моёншоҳ Маҳмадбеков, раҳбари раёсати муҳоҷирати вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар як ҳамоиши коршиносон ин мавзӯъро аз масоили «доғ» қаламдод кард ва гуфт, ки барои ин гурӯҳи муҳоҷирони баргашта давраҳои омӯзишӣ баргузор мешавад, то ки аз рӯи ихтисосу тавонмандии корӣ онҳо рақобатпазир бишавад. Вале айни замон, умеди аслии онҳо ба афви муҳоҷирон аст, чунки бозори кори Тоҷикистон имкони бароварда сохтани эҳтиёҷоти ҳама корҷӯёнро надорад.
"Талошҳо нокофист"
Аммо Малика Баҳоваддинова, коршиноси умури муҳоҷират мегӯяд, ки иқдомҳои давлати Тоҷикистон барои бо ҷойи кор таъмин кардани муҳоҷирони ба ватан баргашта чандон чашмрас нест. Ба гуфтаи Баҳоваддинова, "агар омори муҳоҷирони ихроҷшуда бо нафароне, ки бо ҷойи кор дар Тоҷикистон таъмин шудаанд, муқоиса кунем, пас аён мешавад, ки танҳо тақрибан 2 дарсади беш аз 300 ҳазор муҳоҷири ихроҷшуда дар Тоҷикистон бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудаанд. Талошҳое дида мешаванд, аммо он нокофӣ аст. Мушкили асосӣ сатҳи пасти маош дар Тоҷикистон мебошад. Кишварҳои мухталиф роҳҳои гуногуни ҳалли ин мушкилро рӯйи даст гирифтаанд, талошҳои Тоҷикистон низ барои омӯзиши ин таҷриба дида мешавад."
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки мутобиқшавии шаҳрвандони корҷӯи Тоҷикистон ба қонунгузориву воқеиятҳои иҷтимоии бозори кори Русия беҳтар мешавад ва аксарият дарк мекунанд, ки бидуни доштани патенти кор – санади муҳими иҷозатдиҳандаи кор дар ин кишвар, истода наметавонанд. Агар дар соли 2014 танҳо 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик патенти кор гирифта бошад, дар соли гузашта ин рақам ба 416 ҳазор нафар расидааст.