Зебо Аминзода, ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 2014 гурӯҳи рақсии “Зебо”-ро дубора дар пойтахти Тоҷикистон эҳё кард, бо камбуди раққосаҳои ҳирфаӣ рӯбарӯ аст ва орзу дорад як мактаби нави рақсие таъсис диҳад, ки беҳтарин суннатҳои рақси миллиро омӯзиш бидиҳад.
- Муассиси ансамбли овозадори рақсии “Зебо” аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки солҳои охир бархе афрод ба машғулияти рақси духтарони аъзои хонаводаашон таҳти таассубҳои динӣ монеъ ва пеши роҳи рушди ҳунари касбии онҳо мешаванд. Дар сӯҳбати ихтисосӣ бо хонум Аминзода нахуст пурсидам, ки вазъи эҷоди рақсҳои нав дар гурӯҳи рақсии “Зебо” чӣ гуна аст?
"Хоҳарону духтаронашон набояд раққоса шаванд"
Рафтори ҳар духтар аз худаш вобаста аст ва то имрӯз ҳолате нашудааст, ки ягон раққосаи мо ба роҳи баде рафта бошад. Бадрафтории духтарон аз ҳунари раққосагӣ вобаста нест. Ҳунари раққосагӣ худ тӯҳфаи худо аст.
Зебо Аминзода: Соли 2014 раиси ҷумҳури Тоҷикистон иқдом карданд, ки гурӯҳи рақсии “Зебо” дубора эҳё шавад. Он вақт ман ба Душанбе баргаштам ва аз пайи иҷрои ин вазифа шудам. Озмун эълон шуд ва мо аз миёни мактабхонҳо духтарони бомаҳоратро интихоб кардем. Он замон ба озмун ҳудуди 100 нафар духтарон ширкат карданд ва мо аз миёни онҳо 40 нафарро интихоб кардем. Ҳоло бошад танҳо 15 нафар духтаракони раққоса боқӣ мондаанду халос. Барои чӣ? Баъзе аз онҳоро волидайн иҷоза надоданд, ки раққосаи ҳирфаӣ шаванд, бархе аз онҳоро бародаронашон нагузоштанд, ки касби раққосаро идома диҳанд. Тааҷҷубовар аст, ки нахуст барои ширкат дар озмун иҷоза доданд, мо тӯли чанд сол онҳоро омӯзиш дода, маблағҳои зиёде масраф кардем. Аммо ҳоло мегӯянд, ки хоҳарону духтаронашон набояд раққоса шаванд. Мо метавонистем озмунҳои нав баргузор карда, шогирдони наверо интихоб кунем, ки ҳоло метавонистанд раққосаи ҳирфаӣ шаванд.
Радиои Озодӣ: Яъне, айб дар менталитет ё тафаккури волидайну наздикони духтаракон аст, ки намехоҳанд духтарашон раққосаи ҳирфаӣ шавад?
Зебо Аминзода: Агар воқеан чунин аст, ман тааҷҷуб мекунам, ки чаро аз аввал барои ширкат дар озмун иҷоза медиҳанду ин духтаракон чанд сол дар гурӯҳи “Зебо” тамрини рақс карда, ҳатто маош ҳам мегиранд. Пас, менталитети мардуми тоҷик ҳамин будааст. Бисёриҳо бар ин назаранд, ки агар духтарашон раққоса шавад, ҳатман ба роҳи баде меравад. Ин фикри иштибоҳӣ аст. Чунин тағйири рафтор танҳо ба худи одам бастагӣ дорад. Агар қалбу зеҳни инсон покиза бошад, вай новобаста аз шуғли худ, ба роҳи баде намеравад. Мутаассифона, ҳоло бештаре аз мардуми мо ин нуктаро дарк намекунанд. Тафаккури мардуми мо ин аст, ки агар духтарак баъд аз дарсҳои мактаб ба машқи рақс равад, ҳатман хулоса мебароранд, ки вай ба роҳи бад рафтааст.
Вақте ҳайъати аввалаи “Зебо” фаъол буд (солҳои Тоҷикистони шӯравӣ), ҳамасола то як ҳазор нафар духтарҳо аз куллияи манотиқи кишвар барои ширкат ба озмун меомаданд. Шахсан ба назди ман падарону бобоҳои пиронсол духтарони худро аз ноҳияҳои дурдаст оварда, мегуфтанд, ки мо ба шумо эътимод дорем ва бигзор рақскуниро машқ кунанд. Як духтараке буд бо номи Мастураҷон аз ноҳияи Ёвон, ки падараш наздам оварда, барои тарбияву машқи рақс наздам монд. Ин духтарак чандон лаёқати зиёди рақсӣ надошт, вале падараш гуфт, ки акнун ин духтари шумо ва ба тарбияаш машғул шавед. Дар ниҳоят Мастураҷон бароям духтаре шуд, чун ҳам лаёқатманд буду ҳам рафтори шоиста дошт. Вай се сол дар хонаи ман зиндагӣ мекард. Яъне, мардум он замон ба раққосагӣ бовар доштанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
"Ҳунари раққосагӣ худ тӯҳфаи худо"
Радиои Озодӣ: Ба назари шумо, чӣ сабаб шуд, ки тафаккури мардум чунин тағйир ёфтааст?
Зебо Аминзода: Намедонам... Чунин боварӣ ба худи инсон вобаста аст. Ҳоло низ нафароне ҳастанд, ки сидқан мехоҳанд духтарашон раққоса шавад. Аммо, нафароне низ ҳастанд, ки шуғли раққосагиро барои духтарони худ номуносиб медонанд. Аҷиб аст, ки ҳеҷ як чорабинии ҳам ҳукумативу ҳам хусусӣ бе ҳамин ҳунармандон намегузарад. Бояд таъкид кунам, ки ҳамаи раққосаҳои ҳайъати аввалаи “Зебо” издивоҷ карда, ҳоло тақрибан ҳамаи онҳо бибӣ шудаанд.
Радиои Озодӣ: Медонам, ҳатто як ҳамсабақи ман Гулнора Муҳаммадиева лар ҳайати аввали “Зебо” хеле машҳур буду ҳатто овозхонӣ мекард.
Зебо Аминзода: Феълан Гулнора дар мактаби рақсие дар вилояти Суғд фаъолият мекунад, ки онро ман таъсис дода будам. Вай ҳам шогирдони зиёдеро тарбият додааст. Боз ҳам мегӯям, ки рафтори ҳар духтар аз худаш вобаста аст ва то ҳол ҳолате нашудааст, ки ягон раққосаи мо ба роҳи баде рафта бошад. Бадрафтории духтарон аз ҳунари раққосагӣ вобаста нест. Ҳунари раққосагӣ худ тӯҳфаи худо аст. На ҳама рақсу овозхонӣ карда метавонанду эҳсоси хуби шунавоии мусиқиро доро ҳастанд. Аммо, афсӯс, ки нафароне то ҳол пойбанди таассуби ғалат мебошанд.
"Раққосаҳо аз кӯча ҷалб нашаванд..."
Радиои Озодӣ: Шумо ба унвони раққоса сазовори унвони ҳунарманди мардумии Иттиҳоди Шӯравӣ шуда будед. Вале ҳоло бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки сатҳи ҳунару раққосагӣ дар Тоҷикистон пойин рафтааст. Бархе мегӯянд, дар кишвари ҳамсояи Узбекистон ҳунари раққосагӣ бештар рушд кардааст. Шояд, сабаб дар он аст, ки Тоҷикистон барои муддате мактаби рақсии худро аз даст дода буд?
Зебо Аминзода: Ман бо чунин андеша розӣ буда наметавонам. Вале бояд бигӯям, ки мо аз оғоз мактаби рақсӣ ё хореографӣ надоштем. Шахсан ман аз соли 1958 дар омӯзишгоҳи хореографии назди театри Калони Маскав (Большой театр) тӯли чаҳор сол таҳсил кардаам. Сипас, барои омӯзиши рақсҳои шарқӣ дар мактаби рақсии шаҳри Тошканд таҳсиламро идома додам. Дар Узбекистон се сол таҳсил кардам. Барои чӣ дар Узбекистон? Барои он ки дар Тоҷикистон чунин маркази омӯзишӣ вуҷуд надошт. Ҳоло на ҳар кас имкон дорад дар Маскав ё Тошканд таҳсил кунад. Аммо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҳар ҷумҳурии собиқ гурӯҳҳои раққосаҳоро ба чунин марказҳои омӯзишӣ ҷалб мешуданд. Дар солҳои истиқлолият дар Тоҷикистон низ чунин мактабе таъсис дода шуд, вале фикр намекунам, ки устодони ин муассиса тавонанд раққосаҳои ҳирфаии баландихтисосро омода карда тавонанд. Умедворам, замоне ин мушкил ҳам ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Хеле мехоҳам, ки як мактаби махсуси рақсӣ таъсис дода шавад ва раҳбарони гурӯҳҳои рақсии “Гулрез”, “Лола” ва “Зебо” шогирдони худро на аз кӯча, балки аз ҳисоби духтарони омӯзишдидаву ҳунарманд ҷалб кунанд. Ман худам аз таҷрибаи кофии раққосагӣ бархурдораму имкон дорам чунин як мактаберо роҳбарӣ кунам. Мехоҳам, то зиндаам, таҷрибаамро ба насли ҷавони раққосаҳо биомӯзонам. Аз раҳбарияти кишвар низ хоста будам, ки бароям чунин шароитеро фароҳам созанд. Ҳатто бо чунин хоҳиш ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳам нома навишта будам, вале то ҳол ҳеҷ тағйироте дар ин замина сурат нагирифтааст. Ҳамроҳи шогирдони пешинаам аз ҳайати нахустини гурӯҳи “Зебо” метавонистем ҳайати рақсандаҳои ҳирфаиро барои кишварамон тарбия кунем.
Радиои Озодӣ: Шумо гуфтед, дар шаҳри Хуҷанд як мактаби рақсӣ таъсис додаед. То ҳол чанд нафар аз раққосаҳо аз ин мактаб рӯи саҳнаи касбии ҳунари рақс омаданд?
Зебо Аминзода: Соли 2012 ман аз Москва ба шаҳри Хуҷанд баргаштам, зеро модарам бемор буданд. Мақомот фаҳмиданд, ки ман фарзандону набераҳоямро дар Москва монда, барои муддате муқими шаҳри Хуҷанд шудаам. Ба ин далел, чанд даъфа аз ҳукумат хостанд, ки мактаби рақсӣ ё ансамбли “Зебо”-ро эҳё кунам. Дар оғоз чандон ба ин пешниҳод розӣ набудам, зеро мехостам дубора назди фарзандонам баргардам. Дар ниҳоят ба таъсиси мактаби рақсӣ розӣ шудам. Соли 2013 бо мусоидати раиси вақти вилояти Суғд Коҳир Расулзода ин мактаб таъсис шуд. Дар тӯли 7 моҳи аввал мо ба ҳудуди 70 духтари раққос 15 рақси навро омӯзонидем.
Соли 2014 муаррифии ин мактаб баргузор шуд, ки дар ин маросим раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ ширкат доштанд. Дар сӯҳбат бо ман Эмомалӣ Раҳмон гуфтанд, ки бояд дар Душанбе гурӯҳи рақсии “Зебо”-ро эҳё кунам. Ҳамин тавр ба Душанбе баргаштам. Баъд аз муддате бо сабабҳои ба ман норӯшан ин мактаб расман аз байн рафт ва ман ҳоло намедонам, ки чанд шогирдеро ин мактаб омода сохтааст. Ҳарчанд, ин мактаб расман ба гурӯҳи рақсии “Зебо-2” табдил дода шуда, дар бархе аз сафарҳои ҳунарӣ, аз ҷумла, дар Узбекистон ду гурӯҳи рақсии “Зебо” ҳунарнамоӣ кардааст. Ҳамин тавр дар замони раҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ дар вазифаи раиси вилояти Суғд мактаби рақсӣ барҳам дода шуд ва ба ҷойи он гурӯҳи рақсии “Зебо-2” пайдо шуд. Сабаби барҳам додани мактабро ман то ҳол намедонам.
Радиои Озодӣ: Шумо баъди пошхӯрии шӯравӣ муддати кӯтоҳе дар вазифаи муовини нахуствазири ҳукумати Тоҷикистон кор кардаед. Баъдан, шумо кишварро тарк кардед. Шумо он солҳо дар куҷо будед?
Зебо Аминзода: Маро барои кор ба Москва ба унвони узви Шӯрои ҳамоҳангсози ширкати радио ва телевизиони “Мир” фиристоданд ва чанд сол ба унвони раҳбари ин Шӯро кор кардам. Тӯли ду сол дар ин вазифа кор кардам ва сипас маро намояндаи домии Тоҷикистон дар ин ширкати расонаии ИДМ таъйин карданд. Баъдан маро барои кор ба Шӯрои иҷроияи ИДМ ба кор даъват карданд. То он замон фарзандонам низ барои зиндагӣ ба назди ман омада буданд. Вале тӯли ин ҳама солҳо фаъолияти ман марбути фарҳанг ва ҳунар буд. То соли 2003 дар сохтори ИДМ фаъолият карда, сипас бознишаста шудам. Фарзандону набераҳоям ҳамроҳи ман дар он ҷо буданд. Соли 2012 ба Хуҷанд ба назди модарам омадам ва аз он замон дар Тоҷикистон ҳастам.
Радиои Озодӣ: Ҳоло шумо шаҳрванди Тоҷикистон ҳастед ё душаҳрвандӣ доред?
Зебо Аминзода: Ман шаҳрванди ҳам Тоҷикистон ва ҳам Русия мебошам.
Ваъдаи таъсиси ансамбли нав
Зебо Аминзода
Зебо Аминзода 3 октябри соли 1948 дар оилаи шоир ва мусиқинавоз Муҳиддин Аминзода ва ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Ойдин Усмонова таваллуд шудааст. Дар 9-солагӣ ба омӯзишгоҳи хореографии ш. Маскав дар назди Театри калон (Большой театр) дохил шуда чор сол таҳсил кард ва соли 1962 ба мактаби олии рақси милливу хореографияи шаҳри Тошканд дохил шуда то соли 1965 таҳсил кард. Баъди бозгашт ба Тоҷикистон донишгоҳи омӯзгории шаҳри Хуҷандро хатм кард. Дар театри мусиқиву драмавии ба номи Пушкини Хуҷанд (1965-1978) кор кардааст. Соли 1978 дар шаҳри Душанбе раҳбари ансамбли рақсии “Зебо” таъин шуд ва дар ин мақом то соли 1993 кор кард.
Муаллиф ва басаҳнагузорандаи рақсҳои маъруфи "Эй, санам", "Чак-чаки борон", "Боди сабо" ва дигарҳо мебошад.
Солҳои 1993-1996 раиси шӯрои ҳамоҳангсози ширкати байнидавлатии садову симои «Мир», 1996-2003 – мушовири раиси ин шабака ва дар мақомҳои дигар дар Маскав кор кардааст. Соли 2012 ба Тоҷикистон баргашт ва аз соли 2014 дар сари эҳёи ансамбл ва мактаби рақсии «Зебо» кор мекунад. Оиладор, соҳибе се фарзанд аст.
Радиои Озодӣ: Ҳоло ки раҳбарии гурӯҳи рақсии “Зебо”-ро бар ӯҳда доред, чӣ нақшаҳои ҳунарӣ доред дар заминаи рушди ҳунари рақсӣ дар Тоҷикистон?
Зебо Аминзода: Шукр аз он мекунам, ки якҷо бо шогирдонам аз ҳайъати аввалаи “Зебо” фаъолият дорам. Дар пайи дастурҳои мақомот гоҳе дар тӯли се ва ҳатто як рӯз низ чанд рақси навро ба раққосаҳои гурӯҳи эҳёшудаи “Зебо” азхуд мекунем. Ҳарчанд ин рақсҳоро хом унвон мекунем, вале маҷбур мешавем супоришҳоро иҷро кунем. Орзу дорам, ки гурӯҳи рақсии давлатии ҷудогонаи “Зебо” бошад, ки ҳам навозанда дошта бошаду ҳам овозхонҳои худро. Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз поёни нахустнамоиши рақсҳои гурӯҳи эҳёшудаи “Зебо” дар соли 2016 ваъда дода буданд, ки барои таъсиси чунин ансамбл кӯмак мекунанд. Фикр мекунам, фурсате наёфтанд барои ин кор. Медонам, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар масоили фарҳанг хеле огоҳ ҳастанд ва худашон гуфта буданд, ки ба ансамбли шумо ҳадди аққал 10 навозанда намерасад. Барои ман ҳамин суханҳои раиси ҷумҳур илҳомбахш мебошанд. Ҳарчанд, то ҳол ин кор иҷро нашуда бошад ҳам. Агар ин 10 навозанда мебуд, мо метавонистем аз байни онҳо овозхонҳоро низ пайдо кунем. Бояд гурӯҳи “Зебо” дар бинои алоҳида фаъолият дошта бошад, вале гуфтанд дар Душанбе бинои корӣ намерасад.
Радиои Озодӣ: Бархе аз раҳбарони гурӯҳҳои рақсии Тоҷикистон шикоят мекунанд, ки дар таъмини раққосаҳо бо либоси рақсӣ мушкил доранд. Дар гурӯҳи “Зебо” ин мушкил вуҷуд дорад?
Зебо Аминзода: Чунин мушкил дар ҳамаи гурӯҳҳои рақсӣ вуҷуд дорад. Дар гузашта, замоне, ки гурӯҳи рақсии “Зебо” дар назди Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон фаъолият мекард, барои ҳар як рақси гурӯҳи “Зебо” либоси алоҳида дӯхта мешуд. Ба унвони мисол, либосе, ки ҳангоми рақси “Чак-чаки борон” раққосаҳо мепӯшиданд, дар иҷрои рақсҳои дигар ҳаргиз истифода намешуд. Барои дӯхти либосҳо маблағ ҷудо мешуд. То омода кардани як рақс либоси раққосаҳо низ дӯхта мешуд. Ҳоло ин тавр нест, ҳарчанд дар рақсҳо набояд либосҳо такроран истифода шаванд. Ҳоло либосҳои раққосаҳаро тақрибан дар ҳама рақсҳо истифода мекунем. Зеро пайваста талаб мешавад, ки рақси нав омода кунед, вале барои дӯхти либосҳо маблағ ҷудо намекунанд. Ин як мушкили хеле ҷиддӣ аст.