Санҷишҳои оҷонсии “Тоҷикстандарт” муайян кардааст, ки 50 фоизи соҳибкорон дар Тоҷикистон дар фаъолияти худ ба қоидашиканиҳо роҳ медиҳанд.
Матлуба аз ҷумлаи мизоҷонест, ки ҳамеша зимни хариди махсусан маҳсулоти хӯрока ба макон ва санаи истеҳсоли он диққат мекунад. Бо он, ки борҳо дар рафҳои фурӯшгоҳҳо маҳсулоти мӯҳлати истеҳсолиаш гузаштаро дидааст, аммо на ба фурӯшандаҳо ва на ба ҷойи дигаре шикоят набурдааст. ӯ дар чунин ҳолат, ягон маводи тозатари дигареро гирифта, аз мағоза берун мешавад.
Матлуба мегӯяд: “Имрӯз хостам қаймоқ бихарам, аммо санаи истеҳсоли қаймоқи 25-фоиза 22 январ будааст. Яъне се рӯз боз дар яхдон хоб аст. Ин мӯҳлат барои маҳсулоти шири кам нест ва бинобарин аз баҳраш гузаштаму сметанаи 15 фоиза харидам, ки ҳамин рӯз истеҳсол шудааст.”
Бепарвоӣ ва бархӯрди на чандон ҷиддии сокинон ба чунин қоидашиканиҳо фаъолияти иттифоқи истеъмолкунандаҳои Тоҷикистонро, барои ҳифзи ҳуқуқи онҳо мушкил кардааст. Бо онки шикояту норозигиҳо аз сифати молу маҳсулот махсусан ба фурӯш гузошта шудани маҳсулоти кӯҳнашуда, дар фурӯшгоҳҳо кам нест, аммо масъулини Иттифоқи истеъмолкунанаҳо мегӯянд, барои ҳимоя аз ҳуқуқи истеъмолии худ кам касон ба ниҳодҳои марбута муроҷиат мекунанд. Онҳое ҳам, ки дар чунин ҳолатҳо ҷое шикоят мебаранд, то ба охир барои ҳаққи худ истодагарӣ намекунанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Илҳом Обидов, як масъули Иттифоқи истеъмолгарон мегӯяд, “муроҷиатҳое ҳам, ки мешаванд бештар аз маҳсулоти ширии мӯҳлати истеҳсолиаш гузашта аст. Буданд ҳолатҳое, ки истеъмолкунандаҳо аз қайд нашудани мӯҳлати истеҳсол дар рӯйи қутии маҳсулот муроҷиат мекунанд. Дар мо харидор камбудиро ҳам бинад, боз фардо омада аз он ҷо харид мекунанд. Мо агар барои ҳимояи онҳо ба додгоҳ муроҷиат кардан хоҳем, то ба охир бо мо намераванд. Аслан дар кишварҳои дигар бубинем, харидорон даъво мекунанд. Агар дар як рӯз 2- 3 харидор шикоят кунад, муносибати соҳибкор дигар мешавад.”
Маҳз бетаваҷҷӯҳии харидорон ҳам ба гуфтаи муттахассисон, боис ба бемасъулиятӣ ва афзоиши чунин маҳсулотҳои кӯҳнаву бесифат дар фурӯшгоҳҳо мешавад. Ташхисҳои Оҷонсии “Тоҷикстандарт”дар як соли гузашта муайян кардааст, ки аз 2,1 соҳибкор дар бозорҳои кишвар қоидашиканӣ мекунад ва ба фиреби мардум роҳ дода, меъёрҳои савдоро вайрон мекунад. Ин ниҳод дар пайи санҷиши 6 ҳазор соҳибкор, беш аз нисфи онҳоро барои чунин амалҳо муҷозот кардааст.
Ибодулло Қурбониён, роҳбари оҷонсии “Тоҷикстандарт”мегӯяд: “Аксаран маҳсулоте, ки мӯҳлаташ гузаштааст ба фурӯш гузошта мешавад. Ё маҳсулотеро мефурӯшанд, ки аз тарафи ягон мақомот бехатарии он тасдиқ нашудааст. Надоштани нархнома, надоштани либоси махсуси корӣ. Умуман барои вайрон кардани қоидаҳои савдо вобаста ба кодекси маъмурӣ ва барои ислоҳ шудан дар оянда ба соҳибкор ҳам амрия ва ҳам ҷарима таъин мешавад.”
Танҳо дар соли 2015 оҷонсии “Тоҷикстандарт” беш аз 3600 тонна маҳсулоти пастсифат ва мӯҳлаташон гузаштаро ошкор карда аз муомилот гирифтааст. Ба таъкиди масъулини ин ниҳод, ҳоло талаботи аксар харидорон нисбати молу маҳсулоти бозор афзудааст ва зимни хариди махсусан маҳсулоти хӯрока ба санаи истеҳсоли он таваҷҷӯҳ мекунанд.
Аммо ба гуфтаи муттахассисон, иваз кардани санаи истеҳсоли маҳсулот ҳам ҳоло кори мушкил нест ва соҳибкорон метавонанд барои даромади бештар онро тағйир диҳанд. Иддаое, ки албатта худи соҳибкорон онро рад ва баръакс аз санҷишу тафтишҳои пайиҳами ниҳодҳои марбута ва ҷаримабандиҳо бо ҳар баҳона шикоят мекунанд.