Ҳабиб Саид дар бораи маҳви ҳунар ва "ганҷҳо"-и Тоҷикистон. CАДО

Ҳабиб Саид

Ҳабиб Саид, адиб, блогнавис ва фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ барои ҳифзи мусиқии нодири тоҷикӣ дар Интернет саҳифае боз кардааст, ки дар он даҳҳо таронаю мусиқӣ, гуфтору наворҳои нодире аз замони шӯравии собиқро метавонед пайдо кунед.

Дар канали ӯ “habibsl” дар Ютуб таронаҳоеро метавон ёфт, ки зоҳиран қабл аз инқилоби Октябр ҳам сабт шудаанд. Аз ҷумла таронаи “Алма Анор”-ро, ки баъдан ба “Анор анор” табдил шуд ва дар Тоҷикистону Эрону Афғонистон ба сабкҳои гуногун иҷро мешавад. Радиои Озодӣ бо Ҳабиб Саид дар бораи ҳадаф аз таъсиси хазинаи рақамӣ суҳбат кард.

Радиои Озодӣ: Ин таронаҳои нодирро аз куҷо пайдо мекунед?

Ҳабиб Саид: "Тарона ва наворҳоро аз мухлисоне, ки бойгонӣ доранд, мехарам, ё ба ман медиҳанд. Ҳастанд афроде, ки онҳоро ҳифз мекунад. Садои Фазлиддин Шаҳобовро аз наберааш гирифтам, сабтҳои Ҳанифа Мавлоноваро духтараш дод. Аз бойгониҳои мухталиф пайдо мекунам, баъзе аз навору мусиқиҳоро мехарам. Ҳадафи ман пул кор кардан дар Ютуб нест, ҳадафам ҳифзи мусиқиҳои нодир аст. Агар ин таронаҳо ҳифз нашаванд, эҳтимоли нобудии онҳо аз хазинаи радио ва телевизионҳо вуҷуд дорад, чун дар лентаҳои қадима ҳастанд. Онҳое, ки барои фарҳанги тоҷик хизмат кардаанд, бояд номашон зинда монад, ёдашон кунанду фаромӯш нашаванд. Дар радио ва телевизион қариб сурудҳояшон шунида намешаванд, барои онки номашон ба фаромушӣ нараванд, бояд онҳоро захира мекунам. Чизе, ки то ҷанги шаҳрвандӣ буд, набояд фаромӯш нашавад. Баъди ҳокимияти нав ба назар мерасад, ки фарҳанг ё онҳое, ки то ҷанги шаҳрвандӣ хидмат кардаанд, қариб ёд намешаванд ва номашонро намегиранд. Масалан Барот Яхшӣ, Баён Облоқулов, Иброҳим Кобулӣ, Тағоймурод Хушвахтов ва бисёре аз дигар сарояндагон. Дар дигар кишварҳо, хусусан Русия радиоҳое ҳаст, ки танҳо таронаҳои нодири қадимӣ пахш мешаванд, вале дар мо ин чизҳо нест.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Ҳабиб Саид дар бораи маҳви ҳунар ва "ганҷҳо"-и Тоҷикистон

Радиои Озодӣ: Афсонаҳои халқӣ, ки дар Шӯравӣ тариқи радио барои кӯдакон садо медод, маро ба ёди кӯдакиям бурд.

Ҳабиб Саид: "Бале. Тақрибан даҳ гуфтор ё афсонаеро, ки дар радиои Тоҷикистон садо додаанд, пайдо кардам, мардум мешунаванд ва ташаккур мекунанд. Ба ёди давраҳои бачагӣ ва ҷавонияшон мераванд. Ин чизҳои хубе ҳастанд. Ду ҷавони русе ҳастанд, ки дар Ютуб саҳфаҳои худро доранд, ки навору гуфторҳои қадимаи тоҷикиро низ мегузоранд. Юра Виноградов, яке аз онҳо ҳаст, ки ҳамин корро мекунад. Ба наздики як гуфтори нодири Садриддин Айниро гузошт. Ба ин гуна ҷавонон бояд кумак кунем."

Радиои Озодӣ: Воқеан бойгонии хеле ғаниеро дидан мумкин аст. Аммо ҳоло ҷомеа хеле пеш рафтааст, мусиқиву ҳунар ҳам дигар шудааст. Мардум завқи дигар дорад. Шояд аз шумо бипурсанд, ки бойгонии сабту садои солҳои 50-ум ва 80-ум ба кӣ даркор аст?

Ҳабиб Саид:Баъзеҳо мегӯянд, гузашта чӣ лозим? Аммо намешавад, ки гузаштаи худро фаромуш кунем. Ҳоло сарояндагони зиёде дар жанри гуногун тарона мехонад. Ёдатон бошад сарояндаи тоҷикро дар як барномаи телевизионӣ дар Афғонистон эрод гирифтанд, ки хуб суҳбат карда наметавонад. Сарояндагоне, ки мо доштем адабиёти класикиро хуб медонистанд, огоҳ будаанд ва донишманд буданд. Бояд бо корашон ошно бошем ва омӯзем. Бинанда ва шунавандаи ин мусиқиҳои қадима кам нестанд. Манҳам бовар надоштам, ки барномаҳо бинанда пайдо мекунад, вале насли ҷавон низ мешунаванд ва тарафдорӣ мекунад."

Радиои Озодӣ: Шумо таҷрибаи кор дар радиоро доред. Ба назари шумо, хатари нобудии бойгонии мусиқиҳои нодир, навору суҳбатҳои солҳои Шуравӣ аз радиои тоҷик вуҷуд дорад?

Ҳабиб Саид:Бале. Радиои Тоҷикистон тақрибан 11 ҳазор сабт дорад, ки бояд ҳамаашро аз лента ба MP3 гузаронем, ки нобуд нашаванд. Дар аксар кишварҳо сабтҳояшонро аз лента дар компютерҳо захира кардаанд, вале дар мо на ҳамаашро гузаронидаанд. Лентаҳои кӯҳна низ нобуд мешаванд, касе истифода намекунад. Бисёриҳо онҳоро бурда мепартоянд. Як дӯстам низ ба ман навишт, ки бо дастони худашон лентаҳои нодиро бурда нобуд кардаанд. Русҳо ин чизҳоро ҳифз мекунад, эҳтиёткор ҳастанд, аммо мо инҳоро нест мекунем."

Радиои Озодӣ: Шумо эҷодкоре ҳастед, китоб доред ва новелаҳои зиёде бо забони тоҷикӣ ва русӣ навиштаед. Барои як ҳунарманд муҳити зиндагӣ ва эҷод дар Тоҷикистон чӣ гуна аст?

Ҳабиб Саид: “Ман фикр мекунам, ки Душанбе муҳити озоде барои зиндагӣ нест, муҳити эҷоди маҳдуд аст, хусусан назар мекунам, интернет гоҳо маҳдуд мешавад, ба вебсайтҳо ворид шудан гоҳо номумкин аст, ин чизҳоро мебинам, барои як эҷодкор муҳити хубе нест. Дар 30 соли ахир мушоҳида накардам, ки шахсиятҳои қавии ҳунару фарҳанг дар Тоҷикистон ба миён омада бошанд, албата ман 5 соли пеш Душанбе рафта будам ва муҳитро медонам. Хонандагони блог ва саҳфаам дар ютуб 70 фоизашон аз Русия ҳастанд, дигар кишварҳо ва шумораи хело камашон аз Тоҷикистон.

Радиои Озодӣ: Ҳоло куҷо зиндагӣ мекунед?

Ҳабиб Саид: Аз солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҳамроҳи бародаронам ба вилояти Оренбурги Русия омадам, инҷо зиндагӣ мекунам. Дар як корхонаи равғанкашӣ кор мекардам, вале баъди сактаи қалбӣ бознишаста шудам, ба кори эҷодӣ машғулам.

Шарҳи ҳол: Журналист ва нависандаи тоҷик Ҳабиб Саид дар Душанбе таваллуд шуда, хатмкардаи донишкадаи кишоварзӣ мебошад. Охири солҳои 80-ум дар ҳафтаномаи “Ҳафтганҷ” кор карда, шореҳи сиёсии радиоии давлатии Тоҷикистон будааст. Солҳои ҷанги дохилӣ ба Русия рафта, онҷо бознишаста шуд ва дигар ба Тоҷикистон барнагашт. Муалифи чанд китоб аст, аз ҷумла: “Одамсурате, ки субҳгоҳон пайдо мешавад”, китоби русии “Итолиёвӣ, хола ва Золушка” ва муаллифи дигар новелаҳо мебошад.