Рӯзи 31-уми декабр Фотима Ғуломова, яке аз ҳунарпешагони машҳури театр ва синамои тоҷик 85-сола шуд.
Ӯ дар тӯли тақрибан 60 сол танҳо дар театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ беш аз 100 нақш офаридааст.
Хонаводаи Фотима Ғуломоваро дар Тоҷикистон оилаи ҳунарпешагон меноманд. Шавҳараш Ҳабибулло Абдураззоқов ҳунарманди шинохта аст. Писараш Барзу Абдураззоқов аз коргардонҳои маъруф ва бародараш Исфандиёр Ғуломов, ҳунарпеша ва коргардони театру кино аст. Хоҳараш Соҷида Ғуломова аз коргардонҳои машҳури телевизиони Тоҷикистон дониста мешуд.
Падараш, ки якҷо бо Абулқосим Лоҳутӣ, адиби шинохта аз Эрон ба Тоҷикистон ҳиҷрат карда буд, мудири яке аз мактабҳои ноҳияи Шаҳринав шуд ва меҳри китобхониро дар дили фарзандонаш аз хурдӣ ҷой додааст.
Гузориши видеоӣ дар бораи хонаводаи Фотима Ғуломова ва тӯдаиҳои Эрон дар Тоҷикистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Фотима Ғуломова мегӯяд, ҳарчанд аз хурдӣ меҳри санъат дар қалбаш буд, аммо падараш тавсия медиҳад, ки ба Донишкадаи омӯзгорӣ дохил шавад. Аммо, зимни таҳсил дар соли саввум бо амри тақдир ӯро барои таҳсил ба Донишкадаи санъати шаҳри Маскав мефиристанд.
Ӯ якҷо бо ҳунармандони маъруфи тоҷик Маҳмудҷон Воҳидов, Ҳошим Гадо ва Марям Исоева ин донишкадаро хатм карда, баъди муддате кор дар Театри ба номи Пушкини шаҳри Хуҷанд барои кор ба Театри ба номи Абулқосим Лоҳутӣ омад. Фотима Ғуломова ба Радиои Озодӣ гуфт, танҳо дар ҳамин театр беш аз 100 нақш бозидааст
Хонум Ғуломова афзуд: “Сарнавишт чунин шуд, ки ба танҳоӣ се фарзандамро тарбият мекардам ва онҳо вақти иҷрои нақшҳоям паси пардаи театр мехобиданд.”
Нур Табаров, драмнависи тоҷик, ки солҳои тӯлонӣ бо Театри Лоҳутӣ ҳамкорӣ мекунад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Фотима Ғуломова аз зумраи шоҳсутунҳои санъати театрӣ мебошад.
Ӯ афзуд: "Ҳамаи нақшҳое, ки Фотима Ғуломова дар саҳнаи театр ва синамо иҷро кардааст, аз сӯи тамошобини тоҷик хуб пазируфта шуданд. Вақте ин гурӯҳи ҳунарпешагон баъди хатми донишкадаи санъати Маскав ба Театри Хуҷанд барои кор фиристода шуданд, Турсунбой Ӯлҷабоев, роҳбари вақти Тоҷикистони шӯравӣ онҳоро ба театри ба номи Лоҳутӣ дар Душанбе овард.”
Фотима Ғуломова дар тӯли тақрибан 60 соли фаъолияти худ дар намоишнома ва филмҳое мисли “Иҷоранишин”, “Рўдакӣ”, “Корвони бахт”, “Духтари бебисот”, “Соҳибаи меҳмонхона”, “Қуллаи Фудзияма”, “Камбағалӣ айб нест”, “Хатро ман навишта будам”, “Сароби хунин”, “Машварат”, “Хонадони Бернардо Алба”, “Рустам ва Сўҳроб”, “Имтиҳон”, “Бой ва ғулом”, “Шоҳ Лир” ва “Мо аз боми ҷаҳон” нақшҳои калидӣ бозидааст.
Писараш ва коргардони шинохта Барзу Абдураззоқов, ки чанд соли ахир дар яке аз театрҳои Қазоқистон коргардонӣ мекунад, модарашро инсоне номид, ки барои тарбияташ омода аст, “тамоми умр пойҳои модарашро бибӯсад”.
Худи модараш гуфт, мехост, Барзу пешаи дигареро интихоб кунад: "Машварат додам, ки ба факултаи шарқшиносӣ дохил шавад, аммо вай гуфт, ки аз хурдӣ бо бӯи театр бузург шудаам ва наметавонам шарқшинос бошам.”
Зодрӯзи 85-уми Фотима Ғуломоваро имсол дар ҳалқаи хонавода ва дӯстон таҷлил мекардаанд. Хонавода ва дӯстоне, ки аксарият ҳам аз аҳли санъату ҳунар ва бахусус театр ҳастанд.