Духтар ё нодухтар? Пешниҳоди ташхиси ҳатмии арӯсону домодҳо

Гурӯҳе аз мутахассисони бахши тиббӣ-додгоҳӣ пешниҳод доранд, то дар Тоҷикистон қабл аз издивоҷ арӯсу домодҳо ташхис шаванд.

Чанд коршиноси экспертизаи додгоҳӣ бо ирсоли пешниҳоди ташхиси қабл аз издивоҷи вазъи саломатии арӯсону домодҳо аз вазорати адлия ва порлумони Тоҷикистон хостори таҳияи конуни вижае дар ин замина шудаанд. Алихон Икромӣ, коршиноси умури тиббӣ-додгоҳӣ рӯзи 11-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳадаф аз ин пешниҳод ин аст, ки дар назди Хонаҳои ақди никоҳ ё ЗАГС гурӯҳи тиббӣ додгоҳӣ бо шумули равоншинос, асабшинос, духтури занона ва пизишки бемориҳои сироятӣ ташкил шавад ва қабл аз ақди никоҳ арӯсшаванда бо домодшаванда аз ташхис гузаранд.”

Манзури пешниҳоди ин коршиноси умури тиббӣ-додгоҳии тоҷик ҷилавгирӣ аз ҳампошии хонаводаҳо дар Тоҷикистон аст, ки дар солҳои ахир бештар ба назар мерасад. Ба гуфтаи Алихон Икромӣ, оморҳо нишон медиҳад, ки беш аз 30 дарсади хонаводаҳои тоҷик, ба хусус оилаҳои ҷавон барои он аз ҳам мепошанд, ки ё домод нашъаманду майзада ва ё гирифтори дигар бемориҳо, аз ҷумла маризиҳои сироятист ваё арӯс, ба қавле, ба бо айбдор мешавад, ки “нодухтар” аст. Ҷаноби Икромӣ мегӯяд, ҳатто мавориде ба назар мерасанд, ки духтар ба писар писанд намеафтад, ё писар дар Русия зани дигар дорад ва бо баҳонаи он ки арӯс гӯё “духтар” нест, занро аз хона пеш мекунанд.

Ба ин далел коршиносони соҳаи тиббӣ-додгоҳӣ ба хулосае омаданд, ки қабл аз хонадор шудан, ҷавонон бояд пурра аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва бокира будан ё набудани духтар собит шавад. Алихон Икромӣ мегӯяд: “Рӯзе нест, ки дар экпертизаи тиббиву додгоҳӣ 3-4 чунин даъво набошад. Ҳар рӯз навхонадорон даъво доранд, бо ин ё он мушкил меоянд. Баъзан исбот мешавад, ки духтар ҳеҷ гуноҳ надорад, аммо домод қабул намекунад. Гоҳҳо метавонем, ки домодро қонеъ кунем, аммо бештари маворид ин ба мо даст намедиҳад. Мо низ ҳайрон мешавем, ки дигар чӣ кор кунем? Духтарро беобрӯ карда, аз хона пеш мекунанд. Баъзан мешавад, ки духтар ҳам гунаҳкор аст. Бакораташро барқарор мекунад ва ин ошкор мешавад. Аммо дар ҳар сурат, оилаҳо зиёд аз ҳам мепошанд.”

Алихон Икромӣ

Аммо Алихон Икромӣ меафзояд, шояд қабули ин гуна қонун, аз ҷониби ҷомеа хуб истиқбол нашавад. Чун ба ақидаи ӯ, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи инсон эътироз доранд, ки аз ин роҳ ҳақки инсон поймол мешавад. Аммо ин коршинос мӯътақид аст, ки фароҳам кардани заминаи қонунӣ метавонад монеи азҳампошии хонаводаҳои ҷавон гардад. Ҳамзамон ҷаноби Икромӣ бар ин назар аст, ки дар сурати ташкил шудани к вижа дар назди Идораҳои акди никоҳ, на танҳо солимии навхонадорон, балки ҷанбаҳои равонии то куҷо ба ҳам мувофиқ будани онҳо низ санҷида ташхис мешавад.

Пешниҳоди гузаштан аз ташхиси тиббӣ қабл аз хонадор шудан дар ҳолест, ки ба назари ҳуқуқдонҳо, ин амр бояд бо ризояти навхонадорон сурат бигирад.

Матлуба Бобоҷонова, ҳукукдони созмони “Лигаи занҳо” дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар моддаи 15-и Қонуни оила таъкид шудааст, ки ҷавонон метавонанд қабл аз хонадор шудан аз ташхиси тиббӣ гузаранд, аммо ин кор бояд маҷбурӣ набошад: “Гумон надорам, ки аз ташхис гузаштани духтарҳо пешии роҳи мардро гирифта тавонад. Вақте мард нахоҳад зиндагӣ кардан, қонун пешбинӣ кардааст, ки бо сабаби мувофиқ набудани хислатҳо онҳо метавонад аз ҳам ҷудо шаванд.”

Аммо хонум Бобоҷонова меафзояд, “тибқи Қонуни оила пас аз анҷоми ташхиси тиббӣ натиҷаи он бояд махфӣ нигоҳ дошта шавад.”

Саодат Амиршоева

Саодат Амиршоева, вакили Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон аз нахустин нафаронест, ки чунин пешниҳод карда буд. Хонум Амиршоева мегӯяд, ҳарчанд гузаштан аз муоинаи тиббӣ, ба хусус ба хотири дақиқ кардани бокира будан ё набудани духтар асту масъалаи ҳасос ва нозук ва шояд ба иззати нафси духтарҳо мерасад, аммо ин кор барои солимии ҷомеа ва насли оянда хеле муҳим аст.

Аммо на ҳама дар ҷомеаи Тоҷикистон аз пешниҳоди коршиносони умури тиббӣ додгоҳӣ истикбол мекунанд. Беҳрӯз Холиқов, як ҷавони тоҷик, ки ба наздикӣ тӯй дорад, мегӯяд аз ташхис гузаштан ё нагузаштан ин кори хусусии ҳар нафар аст, “давлат демократӣ аст ва ҳар кас ҳақ дорад бо шахси маъқули дилаш муносибати озод дошта бошад. Барои дигарон чӣ аҳамият дорад, ки зани касе бокира ҳаст ё не. Чӣ бояд ҳатто ҳаминро ҳам давлат назорат кунад?”

Аммо Ҳангома, ки 30 сол дорад ва 7 соли пеш бо тӯҳмати шавҳараш, ки гӯё бокира набуд, бадном шудааст, мегӯяд: “Бояд ҳама аз ташхис гузаранд. Расман ҳуҷҷат пур карда шавад, ки ту солим ҳастӣ ё не. Духтар бокира ҳаст ё не, то ба вай тӯҳмат карда натавонанд.”

Ба қавли Ҳангома, ҳарчанд табибон исбот карданд, ки ӯ гуноҳ надорад, аммо хонаводаи домод вайро аз хона пеш карданд ва то ҳол одамон ба ӯ бо чашми бад менигаранд. Вай мегӯяд: “Бо гузашти 7 сол наметавонам сарамро бардошта гардам. Агар ҳамон вақт пеш аз тӯямон аз ташхиси тиббӣ мегузаштам, шояд маро тӯҳмат карда наметавонистанд.”

Бино ба омори расмӣ, аз оғози соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 30 хонавода бо далели гӯё бокира набудани арӯсҳо ва 3 хонавода бо сабаби нашъаманд будани домодҳо аз ҳам пошиданд. Аз ин 30 хонавода баъдан бокира будани 20 наварӯс собит шудааст, аммо ҷониби домод боз ҳам онҳоро рад кардаанд. Чанд соли пеш низ пешниҳод гардида буд, ки ба духтарон ҳатто сертификати “бокирагӣ” дода шавад, ки дар ҷомеа сару садоҳои зиёдеро ба миён овард.