Додситонии шаҳри Конибодом ба таҳқиқи худкушии як зану шавҳар оғоз кардааст, ки қабл аз маросими тӯй гӯё ба сабаби “бокира” набудани духтарашон қасди ҷони худ кардаанд.
Як манбаъ аз додситонии шаҳр рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳодиса рӯзи 14-уми июл рух додааст. Мақомот мегӯянд, Муродҷон Ғаниев, сокини ҷамоати Пӯлодони шаҳри Конибодом, худро 14-уми июл дар хона овехтааст.
Ба гуфтаи Дадохон Солиев, раиси кумитаи маҳаллаи деҳаи Сари Кӯй пеш аз худкушии ӯ, ҳамсари мард, Шоира Ғаниева соати 4 - и бомдоди 14 июл ҳамроҳ бо духтари 19 -солааш ба қасди худкушӣ назди канали Конибодом ҳозир шудаанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дадохон Солиев рӯзи 16-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, нахуст, модар худро ба канал андохтааст. Чун ҳодиса дар наздикии истгоҳе ҷараён мегирад, ронандаҳои таксӣ монеи худкушии духтар мешаванд. Зану шавҳар 42-сола будаанд.
Марги шавҳар баъди шунидани хабари марги зан
Ба нақли Дадохон Солиев, баъди худро ба оби канал партофтани модараш духтар хабарро аз тариқи телефон ба падараш мерасонад ва баъд аз ин Мурод Ғаниев худро дар хонаашон меовезад.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ дар додситонии Конибодом гуфт, ки сабабҳои аслии марги ҷуфтро таҳқиқ мекунанд, вале аз гуфтани фарзияҳои қасд ба ҷони худ кардани аҳли як хонавода худдорӣ кард. Муфаттишон мегӯянд, ягона шоҳиди фоҷиа духтари хонавода ҳолати бади равонӣ дорад ва дар вазъе нест, ки ба суолҳои муфаттишон ҷавоб дода тавонанд.
Аюбҷон Тоҳиров, як масъули ҷамоати Пӯлодон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки зану шавҳарро рӯзи 16-уми июл дафн кардаанд. Ӯ гуфт, аз ҷузъиёти ҳодиса хабар надорад, вале медонад, ки духтари ин хонавода бояд рӯзи 13-уми август издивоҷ мекард ва ба ҷашни арӯсӣ омодагӣ мегирифт. Домод дар Русия будааст.
Масъалаи бокирагӣ, масъалае, ки доғ мешавад
Мақомот мегӯянд, ки дар воқеъ хонавода духтари худро барои ташхиси ҳатмии тиббии пеш аз издивоҷ бурда буданд, вале ҳоло намедонанд, ки дар воқеъ “масъалаи бокирагӣ” сабаби худкушӣ шуда бошад.
Ғаниевҳо се фарзанд, як духтару ду писар доштаанд. Ба гуфтаи сокинони маҳалла, Мурод Ғаниев соҳибкор, ҳамсараш муаллимаи коллеҷи тиббӣ буд ва духтараш дар ҳамин коллеҷ таҳсил мекард. Аз ҷамоати Пӯлодон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки оилаи Ғаниевҳоро ҳамчун як оилаи хуб мешинохтанд ва қаблан дар хонаводаи онҳо ҷангу ҷанҷоле рух надода буд. Сокинони маҳалларо ин фоҷиа нигарон кардааст
Дар Тоҷикистон масъалаи "бокира" будани духтар қабл аз издивоҷ масъалаи ба истилоҳ "нангу номуси" хонавода аст. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки агар арӯс бокира набуд, "покдоман" нест, ҳарчанд солҳои ахир издивоҷи ҷавонони муҷаррад, бо заноне, ки қаблан шавҳар кардаанд, зиёд аст.