Бинои консулгарии Тоҷикистон дар ҷангҳои Кундуз осеб дидааст

Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари ҳамлаи Толибон ба Кундуз бинои консулгарии кишвар дар ин шаҳр осеб дида ва таъмирталаб шудааст.

Мақомоти вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, ки бар асари даргириҳои чанд рӯзи ахир дар Кундуз, бинои консулгарии Тоҷикистон дар он шаҳр тахриб шуда ва феълан баста аст.

Абдулфайз Атоӣ, сардори Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷаи Тоҷикистон рӯзи 6-уми октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бинои консулгарии Тоҷикистон дар назди бинои фармондеҳии пулиси вилояти Кундуз воқеъ мебошад ва дар ин даргириҳо бинои он тахриб шудааст ва дар ҳоли ҳозир консули Тоҷикистон Ятимшоҳ Мусофиров дар Душанбе қарор дорад.

Ба гуфтаи вай, Ятимшоҳ Мусофиров қабл аз ҳамлаи Толибон ҷиҳати ширкат дар як ҳамоиш дар масъалаи муҳоҷирон, ба Душанбе омада буд.

Вай афзуд, дар шаҳри Кундуз консулгарии Тоҷикстон ягона намояндагии дипломатии хориҷӣ мебошад, ки он ҳам ҳамакнун бинобар нооромиҳо ба таври муваққатӣ фаъолият надорад. Ба гуфтаи ин мақоми вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, азсаргирии фаъолияти консулгарӣ дар Қундуз ба вазъи амниятӣ бастагӣ дорад.

Тоҷикистон ба иловаи сафораташ дар Кобул, ҳамчунин консулгариҳои худро дар шаҳрҳои Файзобод, Мазори Шариф ва Кундуз дорад.

Ҷангиёни Толибон рӯзи 28 сентябр шаҳри Қундуз – маркази маъмурии вилояти Қундузи ҳаммарз бо вилояти Хатлони Тоҷикистонро тасарруф карданд. Талошҳои нирӯҳои давлатии Афғонистон бо ҳимояти ҳавопаймоҳои Амрико ва НАТО барои касби дубораи назорат бар ин шаҳр қариб даҳ рӯз боз идома доранд. Тибқи тозатарин хабарҳо, ҳамакнун даргириҳо миёни нерӯҳои давлатӣ ва Толибон дар маркази шаҳри Кундуз идома дорад.

Қундуз, ки бо 300 ҳазор аҳолиаш панҷумин шаҳри бузурги Афғонистон ба шумор меравад, дар ҳамагӣ 62-километрии марзи Тоҷикистону Афғонистон ҷойгир шудааст. Қундуз нахустин маркази маъмурии як вилояти Афғонистон аст, ки ба дасти Толибон уфтод.