Латифзода устоди Академияи мусиқии Сан-Франсиско шуд

Алишер Латифзода

Оҳангсози тоҷики муқими Амрико ба ҳайси устоди Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско ба кор шурӯъ мекунад.

Алишер Латифзода, оҳангсози тоҷики муқими Амрико, моҳи декабри соли 2015 устоди фанни композитсия ва назарияи мусиқии Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсискои Амрико таъин шуд. Ӯ дар 53 соли умраш барои донишҷӯён ва омӯзгорон ба забони англисӣ садҳо асар ва даҳҳо дастур навиштааст. Ин оҳангсоҳи тоҷик аз соли 2004 боз дар Иёлоти Муттаҳида кору зиндагӣ мекунад.

Озодӣ: Шумо 11 соли охир дар Амрико зиндагӣ мекунед ва сабаби муқими Амрико шуданатон ҳам ин аст, ки соли 2004 ба ҳайси шахсияти дорои истеъдоди нодир ҳаққи иқомат дар Иёлоти Муттаҳидаро дарёфт кардед. Аз ин зиндагӣ ва кор дар Амрико розӣ ҳастед?

Алишер Латифзода: "Бале, соли 2004 гурӯҳе аз оҳангсозон, дирижерҳо ва мусиқишиносони маъруфи амрикоӣ дар номае ба ҳукумати Амрико навиштанд, ки ҳунару истеъдод ва ҳам таҷрибаи педагогии ман барои ин кишвар лозим мешавад. Ба ҳукумат тавсия доданд, ки ба ман "корти сабз" ё ҳаққи иқомат дар Амрико дода шавад. Бо маълумоти олии мусиқӣ, ки дар Русия гирифтаам, боз ҳамчун оҳангсози мусиқиҳои шарқӣ ва ҳам замонавӣ таваҷҷӯҳи онҳоро ба худ кашидам ва онҳо барои зиндагии ман дар Амрико кумак карданд. Бечуну чаро, ман ва аъзои оилаам дар ин кишвар хушбахт ҳастем ва хеле шодем, ки метавонем дар Амрико кору зиндагӣ кунем, донишу таҷрубаи худро дар ин ҷо амалӣ ва ҳам барои ҷамъияти Амрико худро одами даркорӣ эҳсос кунем."

Озодӣ: То куҷо ҳаёти эҷодии Шумо ба унвони як оҳангсозу мусиқинавоз дар Амрико муваффақиятомез аст? Ин марҳилаи зиндагӣ чӣ тағйироту навоварӣ овард? Аслан дар Амрико танҳо аз ҳисоби эҷоди мусиқӣ ва оҳанг мешавад зиндагиро пеш бурд?

Алишер Латифзода: "Албатта, шурӯи ҳар кор, аз ҷумла кору зиндагӣ дар кишвари он замон барои мо бегонаву ношиноси Амрико осон набуд. Ин ҷо рақобат хеле сахт аст ва ин ҷо конкурентсия бештар дар миёни

Дар саҳнаи Китобхонаи Конгресси Амрико

чизҳои хубу беҳтарин аст. Вале ман дар гузашта таҷрибаи шурӯъ ва пешбурди зиндагиро дар Қазоқистон ва ҳам Узбакистон доштам. Ин таҷриба дар баробари душвор буданаш, хеле хуб ҳам буд: мушкилот ва гоҳе маҳрумиятҳо мову аҳли оилаамонро қавитар кард. Барои ҳамин, мо ҳаросе надоштем. Маро ин ҷо алакай ба унвони як оҳангсоз ё композитор мешинохтанд. Мо зиндагиро ин ҷо аз сифр сар кардем. Шумо саволи хуб додед, ки оё мешавад танҳо бо кори мусиқӣ дар Амрико зиндагиро пеш бурд? Бале, ман ин ҷо танҳо бо мусиқӣ сари кор дорам. Вале 5 соли аввал не, албатта, ман бо ҳар кор машғул шудаам. Дар Амрико шояд танҳо худоҳои мусиқӣ ва ё овозхонҳои жанри рэп тавонанд якбора зиндагиро аз мусиқӣ шурӯъ кунанд. Вале бурди ман ин шуд, ки баъди як муддат ба зиндагии нав одат кардам ва тавонистам дубора ба кори дӯстдоштаи худ баргардам ва мисли дигар аҳли ҳунар касбу ихтисоси худро тағйир надодам. Кори хубе, ки кардам, ин буд, ки аз рӯи методикаи таълими худ дарси навохтани скрипка, фортепяно ва ҳам дарси композитсияро ба роҳ мондам. Як чизи наве, ки дар ин ҷо амалӣ кардам, ин шуд, ки шумори иҷрокунандагони мусиқиро кам карда тавонистам. Яъне агар дар гузашта ман асосан барои оркестрҳои симфониву камеравии инструменталӣ ва ё мусиқии ҷаз оҳанг эҷод мекардам, ҳоло барои коллективҳои мусиқии хурдтар мусиқӣ эҷод мекунам. Масалан, барои 4 гурӯҳи ҳунарие менависам, ки дар як вақт дар саҳна пайдо мешаванд ва бо асбобҳои ҳиндӣ, форсӣ, хитоӣ ва классикӣ оҳанг иҷро мекунанд. Ба наздикӣ як асаре навиштам бо номи “Иқрори Шайтон”, ки онро бо истифодаи фортепиано, вибрафон ва электровиолончел иҷро кардан мумкин аст."

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Оҳангсоз Латифзода: Фалак нигинест, ки ангуштарӣ мехоҳад

Озодӣ: Дидам, ки даҳҳо китобу дастурҳои мусиқии Шумо барои донишҷӯён ва ҳам омӯзгорони соҳа тавассути Интернет ба фурӯш мераванд. Аслан то куҷо бароятон ҳамчун як тоҷик пайдо кардани ҷойи худ дар миёни оҳангсозону устодони мусиқӣ дар Амрико душвор буд?

Алишер Латифзода: "Ҷавоби ин савол хеле кӯтоҳ аст: назар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ман таҷрибаи кор дар он ҷоро ҳам дорам - дар муҳити мусиқии Амрико ман худро зудтар ва роҳаттар боз карда тавонистам."

Озодӣ: Амрико ватани мусиқии ҷаз аст. Ҷазро мешавад "Шашмақоми" амрикоиҳо номид. Шумо дар ин жанр ҳам эҷод кардаед?

Алишер Латифзода: "Кӯшишҳои аввалро дар ин замина ҳанӯз соли 1987 сар карда будам. Ин асаре буд бо номи "Тасвири Шарқӣ", ки оҳангаш бо саксофон ва оркестри камеравӣ иҷро мешуд. Ин аввалин асари ман буд, ки дар як озмуни мусиқии Олмон ҷои аввалро гирифт, баъдан дар Австралия ҳам садо дод. Соли 1988 дар Душанбе ҳам бо саксофон ва фортепиано иҷро шуд." ​


Озодӣ: Дар чанд мусоҳибаи худ таъкид кардаед, ки мехостед, сатҳи фарҳангиву мусиқишиносии насли имрӯза боло равад ва мардум ба қадри оҳангу ҳунар бирасад. Манзури Шумо чист?

Алишер Латифзода: Ҳунар ва фарҳанг ба тафаккури инсон, эҳсосу андешаронӣ, таҳлил ва кӯшиши дигар кардани олами ботинии инсон

Корномаи Алишер Латифзода

Оҳангсози тоҷики муқими Амрико Алишер Латифзода моҳи декабри соли 2015 устоди фанни композитсия ва назарияи мусиқии Академияи мусиқии шаҳри Сан-Франсиско таъйин шуд. Латифзода 53 сол дошта, муаллифи садҳо асари мусиқӣ дар жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, мусиқии камеравӣ ва дигарҳо мебошад. Узви Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон ва Ӯзбакистон аст. Соли 2000 ба Ҷамъияти амрикоии оҳангсозон, муаллифон ва ноширон қабул шуда, аз соли 2007 дар ҳайати Академияи байналмилалии салтанатии милали муттаҳид кор мекунад.

Оҳангсоз ва омӯзгори мусиқӣ, мутахассиси жанрҳои симфония, мусиқии инструменталӣ, камеравӣ ва театриву вокалӣ аст, ки дар солҳои мухталиф дар саҳнаҳои консертии Тошканд, Бишкек, Маскав, Париж, Ню-Йорк ва шаҳрҳои дигар иҷро шудааст. Муаллифи асарҳои симфонии “Тоҳир ва Зӯҳро”, “Манас”, “Китоби дарвеш”, “Толеранс”, “Чорзарб”, “Фиғон”, “Найоҳанг” ва дигарҳо аст. Оҳангҳои Латифзода дар саҳнаҳои консертии ИМА, Шветсия, Чин, Русия ва Қазоқистон иҷро мешаванд.

Асосан барои оркестрҳои симфониву камеравӣ, гурӯҳҳои милии классикии тоҷикиву форсӣ, ҳиндиву чинӣ бо истифодаи фортепиано, виолончел, скрипка ва асбобҳои дигар иҷро мешаванд. Оиладор, соҳиби як писару духтар аст.

кумак мекунад. Тамошои пйеса, наққошӣ ва ё як асари мусиқӣ барои рушди фикрии инсон ёрӣ мерасонад. Агар баъд аз тамошои як спектакл тамошобин ҳарчанд маънои асосии ин асарро нафаҳмид, муҳим дигар чиз аст, ки баъди ин ӯ дар бораи ин дидаву шунидааш фикр кунад. Муҳим, ки тамошобин бефарқ ё бетафовут наравад. Муҳим, ки ин одам тарбия шавад. Ман бисёр умедворам, ки олимон, сиёсатмадорон, духтурон ва равшанфикрони тоҷики замони имрӯз метавонанд барои тарбияи наслҳои бофарҳанги оянда дар Тоҷикистон кӯмак кунанд."

Озодӣ: Дар миёни асарҳои Шумо оҳангеро ёфтам, ки ба ҳодисаи пурфоҷиаи 70-солагии аз Қрим ронда шудани тоторҳо бахшида шудааст. Баъзе ҳунармандон ба ин назаранд, ки фарҳанг ва ҳунар бояд ҷудо ё болотар аз сиёсат бошад. Бо ин андеша розӣ ҳастед?

Алишер Латифзода: "Пеш аз ҳама мегӯям, ки ман сиёсатмадор нестам, вале назари худро метавонам ҳамчун як эҷодкор баён кунам. Филме, ки сохтам, муносибати маро ба ин ҳодисаи таърихӣ баён мекунад. Бо хости тақдир, беш аз 30 сол мешавад, ки ман бо як намояндаи ин миллати бузург – тоторҳои Қрим зиндагии якҷоя дорам, модари фарзандонам Сабрия аз ҳамин миллат аст. Ҳамсарам ба ман дар бораи сахтиҳои ин мардуми азиятдида дар тӯли таърих ва ҳам фарҳангу ҳунари онҳо бисёр нақл кардааст. Ман барояш асарҳои зиёде бахшидаам. Зимнан, бародари ҳамсарам Мустафо Белялов – футболбози маъруфи командаи «Помир» буд.

Латифзода бо ҳамсараш Сабрие, писараш Далер ва духтараш Тамила

Ҳанӯз то замони аннексияи Қрим ман ва дигар эҷодкорон аз тоторҳои Қрим дар як барномаи калони бахшида ба 70-солагии депортатсияи тоторҳои Қрим бояд иштирок мекардем. Тамоми корҳои ташкилиро худам омода карда будам ва ин барнома бояд дар варзишгоҳи марказии шаҳри Симферопол иҷро мешуд. Вале ин барнома амалӣ нашуд. Сабабаш ҳам рӯйдодҳое буд, ки онро бо референдуми аннексияи Қрим аз тарафи Русия иртибот медиҳанд. Баъди ин ҳамин филм баромад. Ин филм аз мавод, акс ва наворҳои видеоие сохта шудааст, ки дар бораи таърихи муборизаҳои ин мардуми бечора дар роҳи озодӣ нақл мекунад. Мақсади ман ин буд, ки тамошобин аз рӯи ин филм саҳифаҳои таърихи гузаштаро варақ зада барои худ дар бораи он руйдодҳо маълумот гирад.

Озодӣ: Баъзе мунаққидон мегӯянд, мусиқиву фарҳанг дар Тоҷикистон то ба пояи мусиқии мардумӣ фаромадааст. Дигарҳо мегӯянд, ин падида сабабҳои объективӣ дорад: баъди солиёни тӯлонӣ таҳти таъсири фарҳанги бегона қарор доштанаш, мусиқии тоҷикӣ тоза дар симои миллӣ шакл мегирад. Шумо ба ин масъала чӣ назар доред? Зарур аст, ки тоҷикон дар фикри шакл додани як фарҳанги вижа ё фарқкунандаи хоси мусиқии худ бошанд ё ин як протссеси табиӣ аст ва ба он намешавад чунин содда назар кард?

Алишер Латифзода: "Арзиши мусиқӣ аз рӯи се фактор ё хусусият муайян мешавад: аз рӯи идея ё мӯҳтаво, яъне муаллиф бо ин оҳангаш чӣ гуфтан мехоҳад? Дуюм - аз рӯи он ки муаллиф чӣ тавр аз иҷрои ин вазифааш баромада тавонист - кадом рангу оҳанг, кадом асбобҳои мусиқиро ба кор бурд, то ки ин асар оригиналӣ ва ҳам касбӣ эҷод шавад. Хусусияти сеюм ва асосӣ ин аст, ки мусиқиро гӯш карда тавонистан лозим аст. Росташро гӯям, дар давоми 15 соли охир ман ҳеч як мусиқии классикии замонавии оҳангсозони тоҷикро нашунидаам. Чунин имконият надоштам. Мусиқии поп ё замонавии тоҷикиро бештар мешиносам. Масалан, дар дохили мошинам ҳамеша оҳангҳои гурӯҳи “Авесто”-ро гӯш мекунам. Ба фикам, ин гурӯҳ супер-профессионал аст. Ҳамчунин, охирин оҳангҳои Баҳодур Неъматов, Иқбол Завқибеков ва аъзои гурӯҳи ӯ, Далер Назаров, Ҷонибек Муродов ва дигарҳоро гӯш мекунам. Ба назари ман, кори онҳо хеле касбӣ аст.

Назари ман ин аст, ки ҳеҷ зарурате ба эҷоди имиҷи мусиқии миллӣ нест. Мусиқии мардумии мо худ як сарвати бебаҳост ва пеш аз ҳама дар баробари мардумони дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз. Фалаки моро бо ҳеҷ як фолклори мардумони дигар омехта карда намешавад. Аз ҳамин хотир, ин жанри мусиқӣ ба мисли як сарват, як дороии милливу мардумӣ бояд ки аз ҷониби як гурӯҳ ё дастаи мусиқии алоҳида иҷро ва такдим шавад. Фаҳмотар мегӯям: фарз кардем, фалак як ҷавҳар, як нигин аст, вале он чаҳорчӯб ё қолаб надорад, то ки дар ягон намоишгоҳ намоиш дода шавад. Дар ин ҳолат, ин нигинро бояд дар қолаби як ангуштарӣ ҷо ва тақдим кунед. Нақши ин ангуштариро дар мусиқӣ як асари замонавӣ иҷро мекунад, ки фалакро бо усули нав ва модерн зинда мекунад.

"Роҳи тоҷикон пурнур бод"

Озодӣ: Шумо дар тамоми муддати кори оҳангсозиатон дар жанрҳои мухталиф эҷод кардаед. Дар дил боз чӣ орзуву нақшаҳо доред?

Алишер Латифзода: "Замоне орзуи калоне доштам ва мехсостам Душанберо ба Маккаи мусиқии байналмилалӣ табдил диҳам, то ки ба ин ҷо беҳтарин намояндагони мусиқӣ сафар кунанд. Дирижёр, оҳангсоз, мунаққидони мусиқӣ, аҳли илм дар фестивал ё як ҷашнвораи мусиқӣ дар Тоҷикистон сарҷамъ шаванд. Масалан, тавонанд дар давоми як ҳафта бо ҳамдигар гуфтугӯву баҳс кунанд, бо ҳамдигар ва ҳам аҳли мусиқии Тоҷикистон робита барқарор кунанд. Вале ин даъватро дар Душанбе нашуниданд, шояд вақт надоштанд. Шояд ҳам фурсати иҷрои ин барнома ҳанӯз нарасидааст. Вале имрӯз ман омода ҳастам барои як филми касбии бадеӣ ё як сериал мусиқӣ эҷод кунам. Орзуи дигарам ин аст, ки барои як филми ҷашнвораӣ ё “фестивалный фильм” мусиқӣ иҷро кунам."

Озодӣ: Дар бораи фарзандонатон бигӯед. Мо шунидем, ки Тамила Латифзода, духтари шумо як теннисбози касбӣ шудааст?

Алишер Латифзода: "Дар бораи фарзандон сӯҳбат кардан аз як сӯ, хуб нест. Ҳар падару модар дар бораи фарзандаш боифтихор сӯҳбат мекунад. Бояд гуфт, масъулияти тарбияи писару духтарам асосан ба дӯши ҳамсарам аст. Писарам Далер 27 сол дорад, коллеҷи Ҳантерро дар Манҳеттен тамом кард. Як писари ҳушёру огоҳ аст. Варзиш мекунад, тарафдори ҳаёти солим аст. Маро ба машқу варзиш ҷалб кард, 10 килограмм хароб шудам. Дар оянда Далер мехоҳад доктори илми психология шавад.

Ифтихорномаи Тамила Латифзода аз ҷониби Шӯрои шаҳри Ню-Йорк тақдим шудааст

Духтарам Тамила синфи 12-и мактабро хатм мекунад. Аълохон аст, аллакай ду колеҷ ба ӯ пешниҳоди таҳсил кардааст. Ба таври касбӣ бо теннис машғул мешавад. Дар баробари ин ки дар мусобиқаҳо аз мактабаш намояндагӣ мекунад, ба таври инфиродӣ дар мусобиқаҳои бонуфуз ҳам иштирок мекунад. Дар шӯрои шаҳри Ню-Йорк акси Тамила дар миёни шаҳрвандоне ҷой дода шудааст, ки боиси ифтихори мардуми Амрико ҳастанд. Ман фикр мекунам, ки масъулияти падару модарии худро мо хуб иҷро карда тавонистем."

Озодӣ: Ва дар ниҳояти сӯҳбат шояд барои мардуми Тоҷикистон гуфтание доред?

Алишер Латифзода: "Хиромон, ташаккур барои ин барнома. Ман барои ҳамаи ҳамватанон, тамошобинони азиз, дӯстону наздикон дар Тоҷикистон дилгармию хурсандӣ, нуру рӯшанӣ орзу мекунам. Нур роҳи инсонро равшан мекунад. Ҳар қадар роҳи шумо пурнур бошад, ҳамон қадар кас самти роҳу зиндагии худро беҳтару рӯшантар дида метавонад. Раҳгум намезанад. Барои он ки дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ раҳгум назанед, бештар ба театр барои тамошои спектакл равед, ба филармония барои шунидани мусиқӣ, ба намоишгоҳ – барои тамошои расму наққошӣ биравед, шеър гӯш кунед. Бовар кунед, баъди ин афсурдагиву дилмондагиатон камтар мешавад ва инсон ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дар намемонад."