Ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҷаласаи раёсати ҳизб, ки рӯзи 3 сентябр дар қароргоҳаш доир мешавад, интиқодҳои собиқ узви худро, ки дар сомонаи хабаргузории расмии "Ховар" нашр шудааст, баррасӣ хоҳад кард. Масъулини ҳизб мегӯянд, дар ҷавоб ба ин матлбати танқидӣ бо нашри як муроҷиатнома мехоҳанд ба мардум расонанд, ки аз кори ҳизб бардошти иштибоҳомез надошта бошанд. Ҳафтаи пеш "Ховар" мусоҳибаи худро бо Ҷаббор Ахмедов, вакили Маҷлиси намояндагон дар мавриди фаъолитяи ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо номи “Ҳизби коммунист «вотчина»-и Ш. Шабдолов нест”, нашр карда буд.
Дар ин сӯҳбат ҷаноби Ахмедов ҳамчун котиби аввали Кумитаи ҳизбии вилояти Суғд муаррифӣ шуда, фаъолияти раҳбарияти ин ҳизбро таҳти танқид қарор дод. Ахмедов аъзои ҳизбро дар "солхӯрдагӣ" ва раҳбарияти онро дар номуассирии кори ҳизбӣ муттаҳам карда гуфтааст, ки фаъолияти амалии ин ташаккули сиёсӣ дигар бо маъракаҳои калони мисли интихобот маҳдуд шудааст. Ахмедов гуфтааст, ки ин ҳизб ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Исмоил Талбаков, муовини аввали раиси ҳизби коммунисти Тоҷикистон мегӯяд, ҳанӯз дар анҷумани 31-уми ғайринавбатии ҳизб Ҷаббор Ахмедов барои дағалона вайрон кардани меъёрҳои ойиномаи ҳизбӣ бо тарафдории беш аз 90 дарсади вакилони анҷуман аз сафи ҳизби коммунист хориҷ карда шуд. Талбаков мегӯяд, “бояд мардум донанд, ки Ҷаббор Ахмедов, узви ин ҳизб нест. Азбакси вай вакили Маҷлиси намояндагон аст, мо ба ӯ тавсия медиҳем, ки беҳтараш ба ҳалли масъалаҳои барномавии пешазинхоботиии худ ва таҳияи қонунҳо дар парлумон, ки бисёр вазнин аст, машғул шуда ба масъалаҳои дохили ҳизбӣ дахолат накунад ва бо пахши суханҳои дурӯғомез машғул нагардад".
Гузашта аз ин, ҷаноби Талбаков гуфт, ки онҳо тасмим доранд дар ҷараёни ҷаласаи имрӯза аз тарафдорони ҳизбашон даъват кунанд, ки дар шароити феълӣ бештар дар атрофи ҳукумат муттаҳид шаванд. Вай гуфт, аз ҳамаи аъзои ҳизб тақозо мешавад, ки дар доираи қонунҳои амалкунанда фаъолият кунанд”, -таъкид мекунад ҷаноби Талбаков. Баргузории ҷаласаи раёсати ҳизби коммунисти Тоҷикистон дар ҳолест, ки тайи ду ҳафтаи охир дар расонаҳои давлатӣ чандин матлаб ба нашр расид, ки тақрибан як мазмун доранд: "Ҳизби коммунисти Тоҷикистон обрӯву эътиборашро аз даст додааст ва будани чунин як ҳизби дорои "идеологияи барои мардуми тоҷик бегона" зарур нест".
Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз куҳантарин ҳизбҳо буда соли 1918 дар Бухоро таъсис дода шудааст. Баъди ба истиқлол расидани Тоҷикистон низ аввалин ҳизби расмии сабтиномшуда ҳизби коммунист буд. Аз соли 1991 то ба ҳол роҳбарии ин ҳизбро Шодӣ Шабдолов бар ӯҳда дорад. Дар интихоботи моҳи марти соли ҷорӣ ин ҳизб натавонист ба парлумон роҳ ёбад, натиҷаҳои раъйдиҳиро раҳбарият, аз ҷумла Шабдолов интиқод карда шеваи баргузории интихоботро зери суол бурданд.
Коршиносон мегӯянд, ҳолате, ки ҳоло бо ҳизби коммунист рух додааст, идомаи фишорҳоест, ки болои ҳизби умдаи мухолифин - ҲНИТ карда мешавад. Ҳафтаи гузашта вазорати адлия ба ҲНИТ 10 рӯз фурсат дод, ки фаъолияташро расман қатъ кунад. Дар ин тақозо баргузории анҷумани ҳизбӣ дар моҳи сентябр ҳам номумкин дониста шудааст. Раҳбарияти ҳизб ин ҳамаро як нақшаи тарҳрезишудаи мақомоти Тоҷикистон барои аз саҳнаи сиёсӣ комилан берун кардани мухолифон арзёбӣ мекунанд.
Баъзе таҳлилгарон мегӯянд, баъди фишор болои ҲНИТ, ки ҳамчунин имсол натавонист ба парлумон ворид шавад, мақомот ҳизби дуюми пуртарафдорони сиёсӣ - коммунистиро ҳам таҳти фишор қарор додаанд, то ки чунин вонамуд нашавад, ки мақомот танҳо бо як ҳизб "мушкил" дорад.
Раҳбарони ин ду ҳизб - Муҳиддин Кабирӣ (ҲНИТ) ва Шодӣ Шабдолов (ҲКТ) дар ҳайатҳои гузаштаи парлумон аз камтарин вакилоне буданд, ки ба ҳангоми баҳсу баррасии масоили доғ ва қонунҳо тасмимҳоро ба чолиб мекашонданд ва ошкоро ҳарчи танқидро ба забон меоварданд.