Ҳизби коммунисти Тоҷикистон аз комунистони ҷаҳон даъват кардааст, то ҳамчун такягоҳ ва пуштибон зери чатри Созмони ҳамкориҳои Шанхай муттаҳид шаванд.
Исмоил Талбаков, муовини аввали ҳизби коммунисти Тоҷикистон рӯзи 15 сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин даъват аз сӯи коммунистони тоҷик бо тасвиби баёнияе дар поёни нишасти Созмони ҳамкориҳои Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, рӯи даст гирифта шуд.”
Ҷаноби Талбаков мегӯяд, Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба мисли СССР созмони қавӣ буда ва метавонад ҳамаи коммунистони дунёро гирди ҳам биорад. Ин аст ки ҷаноби Талбаков гуфт, ки дар ин баёния аз ҳар кишваре, ки дар он ҳизби коммунист фаъол аст, даъват шудааст, ки аз Созмони ҳамкориҳои Шанхай пуштибонӣ кунанд ва дар иҷрои қарору санадҳои ин созмон саҳм гузоранд.
Ба таъкиди муовини аввали раҳбари ҳизби коммунисти Тоҷикистон, дар Созмони ҳамкориҳои Шанхай аслан кишварҳое шомил ҳастанд, ки ҷумҳуриҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ё аз лагери сотсиалистӣ мебошанд ва ин созмон тавонеро дорад, ки қаламрави собиқ Шӯравиро муттаҳид созад ва дар қалби мардумони онҳо ормони дубора эҳё кардани Шӯравиро зинда кунад.
Ҳамзамон коммунистони тоҷик аз комунистони дунё хостаанд, то дар шароити феълӣ Русияро дастгирӣ намоянд. Исмоил Талбков гуфт, “ҳамчунин мо аз ҳамаи коммунистони ҷаҳон даъват кардем, ки сиёсати раҳбарияти Русия дар робита ба Украинаро низ дастгирӣ намоянд.”
Аммо суоли матраҳ ин аст, ки аҳзоби дигари Тоҷикистон, ба хусус ҳизби ҳокими халқии демократӣ (ҲХДТ), ки аксаран коммунистони собиқанд, аз даъвати коммунистҳо чигуна истиқбол мекунанд?
Усмон Солеҳ, масъули бахши иттилооти ҲХДТ хостҳои коммунистҳои тоҷикро орзуе иҷрошуданӣ медонад, “он шакле ки СССР буд дар он шакл дигар асло давлате ташкил намеёбад. Зеро ҳар як кишвар манфиатҳо худро доранд. Ҳатто Русия ва Чин ҳам инро намехоҳанд. Созмони ҳамкориҳои Шанхай ҳам наметавонад барои коммунистон паноҳгоҳ шавад.“ Ӯ мегӯяд, Созмони Шанхай як иттиҳоди бештар иқтисодист, то идеологӣ. Ҳарчанд ба гуфтаи вай, Русия барои эҷоди як иттиҳоди сиёсиву низомӣ талош дорад, аммо Чин дар ин росто ҳеҷ гуна иқдоме намекунад.
Бештари коршиносон даъвати коммунистонро идомаи мантиқии орзуи онҳо барои эҳёи дубораи Иттиҳоди Шӯравии собиқ медонанд. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсии тоҷик мегӯяд, мақсади ҳама коммунистҳо эҳёи Шӯравист, вале ин хилофи хостаҳои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки дигар намехоҳад истиқлоли худрову қудрати худро аз даст диҳад.
Ҳоло дар ҷаҳон бештар аз 150 кишвари ҷаҳон ҳизби коммунист фаъол аст. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон баъд аз таъсиси ҳизби ҳокими халқии демократӣ дар соли 1994 ва ба он пайвастани бахши бузурги аъзову тарафдоронаш ба дувумин ташаккули бузурги сиёсӣ дар Тоҷикистон табдил ёфт. Вале дар интихоботи порлумонии соли 2010 барои бори аввал мақоми дувумашро ҳам ба ҳизби наҳзат дод ва ҳоло дар порлумон танҳо ду вакил дорад.