Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳафтаи гузашта 5 имомхатибро дар амалиёте дар Конибодом боздошт кардаанд. Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомӣ рӯзи 19 май ба Озодӣ гуфт, Алишер Олимов - сархатиби маҳаллаи Масҷиди Савр, Қобил Сангинов - имомхатиби масҷиди "Зардбед", Ғуфрон Анваров - ноиби ҳамин имомхатиб, Довуд Охунов - имомхатиби масҷиди ҷомеи "Деҳқонобод" ва Хуршед Бофаров - имомхатиби масҷиди "Нури ислом"-и Конибодом ҳоло дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд нигаҳдорӣ мешаванд.
Ба иддаои мақомот ин панҷ имомхатиб барои ташвиқи наврасон ба ҷангҳои Сурия ва узвият дар гурӯҳи мамнӯи “Ихвонулмуслимин” ё худ “Бародарони мусалмон” муттаҳам мешаванд. Ба гуфти мусоҳиби Озодӣ, боздошти ин панҷ нафар бар асоси иттиллои Мақсуд Урунов, сархатиби собиқи масҷиди марказии Конибодом, Аббос Маҳмудов ва Фаррух Маҳмудов, имомхатибони масҷидҳои панҷвақта сурат гирифтааст, ки онҳоро як моҳ пеш дастгир карданд.
"Инҳо аз фаъолиятҳои 15-рӯзаи худ дар созмони “Ихвонулмуслимин” ҳисобот медодаанд ва ҳамчунин панҷ нафарашон фаъолона наврасонро барои ширкат дар ҷангҳои кишварҳои хориҷӣ тарғиб мекардаанд,” - афзуд ҳамсӯҳбати мо.
Вале то ҳол наздикону вакилони мудофеи имом-хатибони боздоштшуда дар бораи иттиҳоми алайҳи онҳо изҳори назар накардаанд. Талоши мо низ барои тамос бо онҳо то ин дам бенатиҷа буд. Аммо дар гузашта бархе аз имом-хатибон иттиҳоми мушобеҳ алаҳйи худро рад карда ва гуфта буданд, ки фаъолияти онҳо аз даъват ба ислом иборат буд, на даъват ба ҷангу тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон.
Мақомоти Тоҷикистон аз ин пештар дар моҳи апрел аз боздошти 6 имомхатиби вилояти Суғд хабар дода буданд. Ба гуфти мақомоти интизомӣ, афроди боздоштшуда солҳои 90-ум ба ақидаҳои “Ихвонулмуслимин” гаравида ва то ин замон ба ҳамин ақидаҳояшон устувор будаанд.
Баъди ин ҳама боздоштҳо, Шариф Назаров, сардори раёсати умури дохилии вилояти Суғд рӯзи 14 май дар як ҷаласа бо ҳузури имом-хатибони вилоят гуфтааст, ки то кунун 138 муллоро барои таълими ғайриқонунии наврасон танбеҳ додаанд ва онҳоро ба миқдори 28 ҳазор сомонӣ ҷарима бастаанд.
Дар ҳукумати ноҳияи Конибодом ва Суғд ҳам боздошти 5 рӯҳониро таъйид карданд. Ҳасан Бобошукуров, раиси шуъбаи дини ҳукумати Конибодом дар сӯҳбат бо Озодӣ пайравии имомхатибони ин шаҳр аз гурӯҳҳои тундравро “ношукрӣ ва хиёнат ба давлат” донист. Ӯ гуфт, ба ҷуз аз як нафар аз боздоштшудаҳо боқӣ ҳама то замони боздошт вазифаи имомхатибӣ доштаанд.
Сӯҳроб Рустамов, раҳбари шуъбаи дини ҳукумати вилояти Суғд низ пайравии як гурӯҳ имомхатибон аз “Ихвонулмуслимин”-ро таасуфангез хонд. Ӯ изҳори бовар кард, ки мақомоти интизомӣ, қазияҳои мазкурро дуруст месанҷанд ва “гумонбарон ҷазои сазовор мегиранд”. Ба қавли Сӯҳроб Рустамов, намояндагони кумита дар байни имомхатибон ташвиқот мебаранд, то аз хатои имомхатибони боздоштшуда панд бигиранд.
Фаъолияти созмони "Ихвонулмуслимин" дар Тоҷикистон соли 2006 мамнӯъ шудааст, вале то кунун афроди бисёр кам бо иттиҳоми узвият дар ин созмон дастгир шудаанд. "Ихвонулмуслимин" як созмони мазҳабӣ ва сиёсист, ки соли 1928 дар Миср таъсис ёфтааст, вале фаъолияти онро дар бисёре аз худи кишварҳои арабӣ мамнӯъ кардаанд.