Фатвои Шӯрои уламо дар масъалаи Сурия

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо судури як фатво ҷалби ҷавонон ба ҷанги Сурияро “гуноҳи кабира” номид.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 25 сентябр бо назардошти тавсеа ёфтани ҷалби ҷавонон ба амалиёти ҷангӣ ва равандҳои ифротгароёна дар Шарқи Наздик, ки зери номи “ҷиҳод” идома дорад, фатвоеро содир кард. Эшони Саидҷони Сорбонхӯҷа, сархатиби вилояти Хатлон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар ин фатво “кӯшиши баъзе ашхос, ки барои ноором кардани вазъи ҷомеа ва барҳам задани ваҳдати миллӣ бо гурӯҳҳои ифротӣ ҳамдастӣ ва миёни мардум фитнаву тафриқа эҷод менамоянду эътимоди мардумро аз раҳбаронашон коста мегардонанд” маҳкум ва “гуноҳи кабира” унвон шудааст.

Фатво чанд соат баъд аз он содир шуд, ки Шӯрои Амнияти СММ аз ҳама давлатҳои олам хост, ки пеши роҳи вуруди шаҳрвандонашон ба ҷангҳо дар Ироқу Сурияро бигиранд. Тарҳи қатънома аз сӯи ИМА таҳия ва шоми чаҳоршанбе дар иҷлосияи Шӯрои амният таҳти раёсати Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико тасвиб шуд. Қатънома, ки онро Барак Обама “таърихӣ” номид, ҳамаи кишварҳоро муваззаф мекунад, то барои муқобила бо пайвастани шаҳрвандонашон ба гурӯҳҳои тундрави хориҷӣ маъракаҳои ҷиддии муҷозотиро роҳандозӣ кунанд. Дар ин маърака бояд онҳое, ки мардумро барои ҷангҳои хориҷӣ ҷалб мекунанд ва сармоягузорони ин ҷангҳо бояд ошкор ва муҷозот шаванд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳоли ҳозир дар ҳайати гурӯҳҳое чун “Давлати исломӣ” ё “Ҷабҳа-ан-Нусра” дар Сурияву Ироқ ҳазорон шаҳрвандони дигар кишварҳо меҷанганд.

Ҷангиёни "Давлати исломӣ баъди тасарруфи Раққа. Моҳи майи 2014

Фатвои Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар ҳоле пахш шуд, ки уламои маъруфи илми фиқҳ аз Арабистони саъудӣ ҳам ахиран аз ширкати мусалмонҳо дар ҷангҳо дар Ироқу Сурия ва узвият дар гурӯҳҳои тундраву террористӣ бонги изтироб заданд. Онҳо дар як фатвои муштарак терроризмро "ҷинояти ваҳшатбор" номиданд. Бино ба изҳороти аъзои Шӯрои уламои аршади исломи Арабистони Саудӣ, "терроризм фарсахҳо дур аз шариат ва арзишҳои дини мубини ислом аст, дине, ки чун луфту марҳамат ва ба хотири ҳамзистии ҳама одамон эъто шудааст."

Олимони аршади фиқҳи ислом гуфтаанд, терроризм "пӯсиши хирад ва ҷиноятест, ки онро ҳам шариати ислом ва ҳам ақли солим рад мекунанд." "Агар фарди мусалмон ба ин бовар аст, ки ҷиҳод – вуруд ба гурӯҳи террористист, пас ӯ бехирад ва раҳгумзада аст," - гуфта шудааст дар ин изҳорот, ки зери он 21 уламои аршади исломи Арабистони Саъудӣ имзо гузоштаанд.

Дар изҳорот имомҳое маҳкум карда шудаанд, ки дар фатвоҳояшон терроризмро "сафед" мекунанд. Ин гуна ходимони дин, аз нигоҳи олимони илми фиқҳи Арабистони саъудӣ, бояд ҳатман ба додгоҳ кашида шаванд.

Ба навиштаи расонаҳо, ҳадафи фатво - гурӯҳи "Давлати исломӣ" аст, ки моҳҳои ахир бо амалҳои худ дар Сурияву Ироқ, аз ҷумла, кушторҳо дар маҳзари ом, ба нуфузи дини ислом зарбаи ҷонкоҳ задааст. Арабистони саъудӣ миёни чанд кишвари арабист, ки ба Эътилофи байнулмилалии таҳти раёсати ИМА алайҳи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ҳамроҳ шуданд.

Аз ин пеш муфтии олии Арабистони Саъудӣ Абдулазиз Алӣ Аш-Шайх гурӯҳи "Давлати исломӣ"-ро "душмани рақами яки дини ислом" номид. Ба навиштаи рӯзномаи саъудии Al Eqtisadiya, Аш-Шайх ҷангиёни “Давлати исломӣ“-ро “гурӯҳи гумроҳон” хонда, гуфтааст, “чун онҳо алайҳи мусалмонҳо меҷанганд, пас ҳар мусалмон муваззаф аст, ки бо онҳо биҷангад, ба тинати аҳримании онҳо муқобила ва ба ин васила дину одамонро ҳифз кунад”. Оятуллоҳ Алии Сиистонӣ, рӯҳонии маъруфи шиаҳои Ироқ ва Оятуллоҳ Носири Шерозӣ ҳам дар бораи ҷиҳод алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ” фатво содир кардаанд.

ОҲАНРО ДАР ГАРМИЯШ БОЯД КӮФТ

Ин силоҳбадастон иддао доранд, ки аз Тоҷикистонанд ва дар Сурия меҷанганд

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳафтаи гузашта дар як ҷаласаи ҳизби ҳокими халқии демократӣ гуфт, феълан дар Сурия 190 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон меҷанганд ва чандин нафарашон он ҷо кушта шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи бархе аз сиёсатмадорону таҳлилгарони тоҷик, ба назар мерасад зарфияти ҳукумату парлумон ва Шӯрои уламои исломиву ҷомеъаи шаҳрвандии Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз вуруди ҷавонон ба ҷанги Сурия зиёд нест.

Муҳаммадшариф Набизода, рӯҳонии шинохта ва раҳбари ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар минтақаи Кӯлоб, мегӯяд, ки Шӯрои уламо бояд ҳанӯз аз рӯҳои аввали ошкор шудани ширкати ҷавонони тоҷик дар ҷангҳои Сурия бо судури фатвое ширкат дар ҷангҳои байни мусалмонҳоро қатъӣ манъ мекард ва ба имом-хатибҳо дастур медод, то пайваста дар мавъизаҳо аз “ҷиҳоди воқеъӣ” ҳарф зананд ва садди роҳи рафтани ҷавонони мусалмон ба ҷанге шаванд, ки дар он муслим алайҳи муслим меҷангад.

Қаблан Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои дини Маркази исломии Тоҷикистон дар мулоқот бо имом-хатибони шаҳри Кӯлоб гаравидани бархе аз ҷавонон ба ҷунбишу равияҳои тундравро маҳкум карда, аз ҳозирин хост, ки фарзандону ҷавононро “дар рӯҳияи маҳзаби Имоми Аъзам Абӯ Ҳанифа тарбия кунанд, зеро ин мазҳаб орӣ аз ҳама ғаразу нопокиҳо ва тундравиҳост”. Аммо ӯ, ҳарчанд сафараш ба Кӯлоб баъд аз ошкор шудани ширкати ҷавонони ин минтақа дар ҷанги Сурия сурат гирифта буд, аз сӯҳбат дар ин бобат ва изҳори назар дар бораи гурӯҳи “Давлати исломӣ” худдорӣ карда буд.

Муҳаммадшариф Набизода мегӯяд, “ояи Каломи раббонӣ аст, “ҳатто бо кофироне, ки ҳамсояи шумоанд ва бо шумо душманӣ намеварзанду шуморо аз кишваратон берун намекунанд, ҳамчун бо бародарони мусалмони худ муносибат кунед. Ҳамчунин ҳар касе, ки калимаи шаҳодат ба забон меорад, хуну обрӯву номусу моли ӯ барои мӯъмини дигар ҳаром аст. Аз ин рӯ вақте мо мебинем, ки дар Сурия ё Ироқ як мусалмон мусалмони дигарро қатл мекунад, ин куллан хилофи Қуръони шарифу ҳадисҳои Паёмбар ва хилофи ҳама аркони шариат аст.”

Рӯҳонии тоҷик меафзояд, “мо ҳатто аз таърихи ҷангу ғазоҳои Паёмбар мебинем, ки бо асирон ҳеҷ гоҳ муомилаи зишт намекарданд, ва дар фиқҳи ҷиҳоди исломӣ гуфта шудааст, ҳар таомеро, ки худат мехӯрӣ, бояд асир ҳамон таомро тановул кунад, яъне муносибати башарӣ бошад, зеро Худованд дар Қуръон инсонро бокароматтарин махлуқи худ номидааст.”

НА БА ЗУРӢ, НА БА ЗОРӢ?..

Аммо ҳукумати Тоҷикистон то куҷо тавони ҷилавгирӣ аз вуруди ҷаввонони тоҷик ба ҷангҳо дар Ироқу Сурияро дорад? Аҳмадшоҳи Комилзода, таҳлилгари тоҷик мегӯяд, бидуни шак, имкони дарёфти кору шуғли муносиб дар Тоҷикистон ширкати ҷавонон дар ҷангҳоро коҳиш медод, зеро баъзеҳо фақат ба хотири дарёфти маблағ ба он кишвари арабӣ мераванд: "Агар ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад, ки вуруди ҷавонони тоҷик ба Сурияро коҳиш диҳад, бояд барои онҳо ҷойи кори муносиб муҳайё кунад, ҳарчанд ин дар шароити феълӣ ғайримумкин ба назар мерасад."

Аҳмадшоҳ Комилзода

Роҳи дигар, ба ақидаи ӯ, тафтиши мӯшикофонаи ҳама онҳоест, ки аз тариқи фурудгоҳҳои Тоҷикистон ба кишварҳои арабӣ парвоз мекунанд. Аммо ин гуна бархӯрд, ба гуфтаи таҳлилгар, аз як тараф, нақзи ҳуқуқи шаҳрвандон аст ва аз сӯи дигар, ҷавонон бештар аз тариқи Русия ё Қирғизистони ҳамсоя ба Туркия ва аз он ҷо ба Сурия мераванд.

Аз нигоҳи Аҳмадшоҳи Комилзода,, айни ҳол ягона роҳи муассири ҳалли мушкил – боз ҳам шадидтар кардани муҷозот барои ширкат дар ҷанг дар дигар кишварҳо ва узвият дар созмонҳои мамнӯъ боқӣ мемонад. Аммо Саидумар Ҳусайнӣ, узви кумитаи тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо ин ақида мувофиқ нест ва мегӯяд, моҳи май ба қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон тағйироте ворид шуд ва барои ҷалби афрод ба ҷангҳо дар хориҷи кишвар хориҷӣ ё ширкат дар чунин ҷангҳо аз 12 то 20 соли зиндон муқаррар гардид, вале теъдоди ҷавонони тоҷик дар ҷанги Сурия кам нашудааст.

"ОДАМОН АЗ ЗУЛМ БА ҶАНГ МЕГУРЕЗАНД"

Зимнан, коршиносон мутмаинанд, ба ҷанги Сурия асосан муҳоҷирони корие мераванд, ки дар Русия ба доми гурӯҳҳои тундрав меафтанд. Онҳо чанд тоҷики моҳҳои ахир дар Русия кушташударо намуна меоваранд, ки ба иддаои пайвандонашон, барои кор ба Русия рафта будаанд. Аммо Абдулло Давлатов, раиси созмони тоҷикистониёни Русия, инро "ғалати маҳз" мехонад. Ба гуфтаи ӯ, ба ҷанги Сурия на тоҷикони муқими Русия, балки онҳое мераванд, ки аз ҳукумати Тоҷикистон норозиянд.

"Азбаски дар Маскав сафоратхонаҳои ҳамаи далатҳо мавҷуд аст, одамони норозӣ ба ин ҷо меоянд ва раводид гирифта ба кишварҳои арабӣ мераванд," - меафзояд мусоҳиби мо. Ӯ мегӯяд, ҳукумати Тоҷикистон ба Русия рӯйхати махфии ҳазорон шаҳрвандонро фиристодааст, ки гӯё онҳо қасди рафтан ба Сурияро дошта бошанд, аммо миёни онҳо одамоне ҳастанд, ки ҳатто намоз намехонанд. Бо дарёфти ин рӯйхат, ба гуфтаи ӯ, ба мақомоти интизомии Русия "Худо додааст" ва онҳо акнун дар ҳар тоҷики муқими Русия террористро мебинанд.

Абдулло Давлатов мегӯяд, решаи мушкилро дар аъмоли мақомоти Тоҷикистон бояд ҷӯст, дар аъмоле, ки мардумро аз зиндагӣ дар Тоҷикистон дилсард месозад. "Вақте дар сари мусалмонҳо дар Тоҷикистон аз ҳар тараф зулм мешавад, онҳо роҳи гурез аз кишварро меҷӯянд," - меафзояд ӯ.

Саидумар Ҳусайнӣ ҳам мутмаин аст, ки "тундгароии дунявӣ" - як сабаби афзоиши ҷавононест, ки хоҳиш ширкат дар ҷанги Сурияро доранд. Ба ҳайси намуна ӯ аз маъракаи иҷборан тарошидани риши шаҳрвандон дар Тоҷикистон ёдовар шуд, ки вокуниши баръакси интизороти мақомотро ба бор меоварад, яъне, ин гуна рафтори ғайриқонунии мақомот ҷавононро мутмаин месозад, ки фақат дар канори созмонҳои тундгарои мазҳабӣ метавонанд ба чунин амалҳо вокуниш кунанд.

Бархӯрди шадиди ниҳодҳои ҳукуматӣ ба либоси мазҳабиву рӯсарии духтарони мактабхону донишҷӯ, ҷилавгирӣ аз масҷидравии наврасон, тӯҳмат ба аҳли дин аз тариқи телевизионҳои давлатӣ, аз кор рондани афроде, ки пайвандонашон узви ягона дини исломии кишваранд ва дигар амалҳои тундгароҳои дунёвӣ, аз нигоҳи Саидумар Ҳусайнӣ, як гурӯҳ ҷавононро ба оғӯши гурӯҳҳои ифротгаро мебарад ва гурӯҳи дигар дилмонда шуда, Тоҷикистонро ба қасди муҳоҷирати корӣ тарк мекунанд. Дар Русия бошад гурӯҳҳои тундрав ин гуна муҳоҷирони аз ҳукумат норозиро ба осонӣ ба "ҷиҳод" дар Афғонистон, Сурия, Ироқ ё кишвари дигар ҳидоят мекунанд...

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Аҳмадшоҳи Комилзода, пажӯҳишгарон то ҳанӯз решаву сабабу омилҳои ин мушкилро пурра таҳқиқ накардаанд ва он дар сатҳи ҳукумати Тоҷикистон ҳам боре ҷиддӣ баррасӣ нашудааст. Худи таҳлилгар бар ин аст, ки решаи ин "раҳгумзадаги"-ро дар таълиму тарбия дар мактабу донишгоҳҳо бояд ҷӯст. Мусоҳиби мо мегӯяд, ки баъд аз фурӯпошии шӯравӣ ҷавонон барои чандин сол аз зери назорат хориҷ шуданд.

Бетаваҷҷуҳӣ ба бахши маориф як наслро аз китобу мактаб дур кард ва ҳамзамон афроде, ки даҳсолаҳо аз дини ислом канор монда буданд, якбора ба дин часпиданд ва ин омил ҳамзамон бо фурӯрезии "девори оҳанин"-и шӯравӣ ва боз шудани дари мадрасаву донишгоҳҳои исломии дигар кишварҳо ҷомеъаи Тоҷикистонро мазҳабӣ кард. Аз нигоҳи Аҳмадшоҳи Комилзода, бештари онҳое, ки ҳоло дар Сурия меҷанганд, ё худ дар мадрасаҳои исломӣ таҳсил кардаанд ё зери таъсири хатмкардагони он мактабу донишгоҳҳо буданд.

Албатта, дигар сабабу омилҳо низ ҳастанд ва мушкили ширкати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҷангҳо дар хориҷи кишварро фақат дар ҳоле метавон ҳал кард, ки ҳама сабабу далелу омилҳо пурра омӯхта шаванд ва бар пояи ин пажӯҳиши мукаммал як барномаи густурдаи ҳукуматӣ таҳия шавад.