Кӯлоб "пойтахти фарҳангӣ"-и СНГ мешавад

Интизор меравад, шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон ва шаҳри Воронежи Русия “пойтахтҳои фарҳангӣ”-и Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) дар соли 2015 эълон шаванд.

Қарор аст, рӯзи 10 октябр дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ (СНГ) ду шаҳр - Кӯлоби Тоҷикистон ва Воронежи Русия – “пойтахтҳои фарҳангӣ”-и СНГ барои соли 2015 эълон шаванд.

"Российская газета" – нашрияи расмии ҳукумати Русия хабар дод, ки нишасти Минск таҳти раёсати раисиҷумҳури Беларус Аляксандр Лукашенка хоҳад гузашт.

Ҳанӯз эълон нашудааст, ки оё раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 10 октябр ба Минск хоҳад рафт ё на, вале дар рӯзномаи ин нишаст истодани масъалаи “пойтахти фарҳангӣ” эълон шудани як шаҳри Тоҷикистон дар баробари Воронежи Русия ҳокист, ки оқои Раҳмон ғолибан барои таблиғи номзадии Кӯлоб ба Минск хоҳад рафт.

"Российская газета" зимни муаррифии “пойтахтҳои фарҳангӣ”-и СНГ барои соли 2015 Воронежро ҳамчун як маркази бузурги фарҳангу маориф дар минтақаи Сиёҳзамини марказии Русия ном бурдааст. Бино ба ин манбаъ, донишгоҳи давлатии Воронеж аз қадимтарин мактабҳои олии Русия ба шумор рафта, дар ин шаҳр силсилаи китобхонаҳо, беш аз 10 осорхона, филармониву сирк ва 5 театр амал мекунанд. Аз ин миён Театри камеравии Воронеж, ба ҳисоби маҷаллаи амрикоии Forbes, ҳатто ба даҳгонаи ҷолибтарин театрҳои Русия шомил мешавад.

Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар Кӯлоб

Ин нашрия дар муаррифиномаи Кӯлоб ба ҳайси номзад ба “пойтахти фарҳангӣ”-и СНГ навиштааст, ки ин яке аз қадимтарин шаҳрҳои Тоҷикистон буда, 2700 сол дорад. Кӯлоб дар вилояти Хатлон дар ҷануби Тоҷикистон дар пои кӯҳи Ҳазрати Шоҳ ҷойгир буда, дар аҳди бостон яке аз хатҳои Роҳи абрешим аз канори он мегузаштааст. Дар асрҳои XVII-XIX аз Кӯлоб беш аз 40 ӯоир бархоста, аз маконҳои дидании ин шаҳр яке осорхонаи таъриӣ ва дигарӣ – мақбараи Мир Саид Алии Ҳамадонист.

Дар ин шаҳр, ба навиштаи "Российская газета", ҳамчунин як қисми пойгоҳи 201-уми артиши Русия дар Тоҷикистон, бо шумули як баталйони тирандозии савора, воҳиди тӯпхонаҳои худгард ва як ротаи тиббӣ мустақар шудааст.

Ба гуфтаи манобеи Озодӣ, Кӯлоб дар сурати “пойтахти фарҳангӣ”-и СНГ интихоб шуданаш дар соли 2015 макони баргузории як силсила аз чорабиниҳои муҳими фарҳангии кишварҳои пасошӯравии узви ин созмон хоҳад шуд.

Аз ҷумла қарор аст, моҳи сентябри соли 2015 дар Кӯлоб ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, рӯҳонӣ, файласуф ва шоири маъруфи қуруни вусторо баргузор кунанд. Як ҳамсӯҳбати мо гуфт, агар Кӯлоб “пойтахти фарҳангӣ”-и СНГ интихоб шавад, ин ба ҷашни 700-солагии Мир Саид Алии Ҳамадонӣ аҳамияти бештаре хоҳад дод ва сатҳи ин ҷашнро хеле болотару доманаи таҷлилашро густардатар хоҳад кард.

Мактаби рақами 51 дар шаҳри Кӯлоб

Умедвории дигари сокинони Кӯлоб ин аст, ки баъди “пойтахти фарҳангӣ”-и СНГ шуданаш шояд таваҷҷӯҳи ҳукумати марказӣ ба рушди ин шаҳр бештар шавад. Онҳо мегӯянд, аз замони таҷлили 2700-солагии Кӯлоб дар соли 2006, ки дар пешорӯи он дар Кӯлоб бо ҷалби сармоя аз будҷаи марказӣ ва кумаки минтақаҳои дигари Тоҷикистон як силсила иншооти ҷашнӣ сохта шуд, Кӯлоб, ки баъди Душанбе ва Хуҷанд сеюмин шаҳри бузургтарини кишвар маҳсуб мешавад, дигар аз мадди таваҷҷӯҳ дур мондааст.

Дар Кӯлоб дар ҳоли ҳозир амалан ягон корхонаи бузурги саноатӣ вуҷуд надорад ва аксари мардумаш рӯзгори худро аз ҳисоби муҳоҷират дар Русия ва ё тиҷорат дар бозор таъмин мекунанд.

Феълан дар Кӯлоб ҳудуди 200 000 нафар ба сар мебаранд. Дар ин шаҳр 63 мактаб, як донишгоҳи давлатӣ, коллеҷи тиббӣ, коллеҷи омӯзгорӣ, ду омӯзишгоҳи касбии техникӣ ва омӯзишгоҳи санъат амал мекунанд. Дар Кӯлоб се рӯзнома - « Садои Кӯлоб» «Кулябская Правда» ва « Навиди Кӯлоб», ҳамчунин як телевизиони маҳалли «Телевизиони Кӯлоб» ва хабаргузории мустақили «Хатлон-Пресс» фаьолият мекунанд. Кӯлоб аз соли 2001 бо Ҳамадони Эрон бародаршаҳр шудааст. Ба хотири ин дар шаҳри Кӯлоб яке аз хиёбонҳо ба исми Ҳамадон номгузорӣ гашта, Хонаи Ҳамадон бунёд кардаанд. Дар Ҳамадони Эрон ҳам як хиёбон номи Кӯлобро гирифта ва низ Хонаи Кӯлоб таьсис ёфтааст.

Рамзи СНГ

СНГ – Иттиҳоди кишварҳои муштаракулманофеъ – соли 1992 дар пайи фурӯпошии Иттиҳоди Шӯраавӣ таъсис ёфта, имрӯз 11 кишвари пасошӯравиро дар меҳвари Маскав муттаҳид мекунад. 4 кишвари дигари пасошӯравӣ, аз ҷумла се кишвари соҳили Балтик – Латвия, Литва ва Эстония, ки ба узвияти НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо пайвастаанд, ва Гурҷистон узви СНГ нестанд.