Раҳоии cокини Исфара аз маҳбаси Бодканд баъд аз ду моҳ

Додгоҳи вилояти Бодканди Қирғизистон як сокини манотиқи марзӣ бо он кишвар дар ноҳияи Исфараи Тоҷикистонро, ки ҳудуди ду моҳ боз дар маҳбаси Бодканд қарор дошт, раҳо кардааст.

Шероз Тулаков, сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, ки рӯзи 8 уми ноябр сарҳадбонҳои мусаллаҳи қирғиз ӯро дар ҳудуди деҳаи ҳамсояи Куктоши ноҳияи Бодканд дастгир карда буданд, ба гуфтаи пайвандонаш, дар арафаи Соли нав аз сӯи додгоҳи Бодканд озод карда шудааст.

Ин сокини 34-солаи Исфара дар ҳоле боздошт шуда буд, ки ба ҷустуҷӯи гӯсфандони гумшудаи худ ба деҳаи ҳамсояи қирғизҳо рафта, мехост оғили як сокини қирғизро аз назар гузаронад. Пулиси Бодканд алайҳи вай бо иттиҳоми “қасди дуздидани гови қирғизҳо” парванда боз карда буд. Нӯъмон Тулаков, бародари Шероз рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз раҳо шудани бародараш бо қарори додгоҳи Бодканд хабар дод.

Вай гуфт: “Додгоҳ бародарамро аз зери бори тӯҳмати қасди говдуздӣ озод кард. Дар додгоҳ ҳамон марди қирғиз ва ҳамсараш аз даъвояшон даст кашиданд ва гуфтанд, ки онҳо молу гов ҳам надоранд ва Шероз ҳам ягон қасди дуздӣ дар сар надошт, ин дар ҳаққи вай тӯҳмат аст. Бо ин вуҷуд, додгоҳи Бодканд Шерозро барои ғайриқонунӣ гузаштани хати марз гунаҳкор донист ва ҳудуди 10 ҳазор соми қирғизӣ, ки баробари тахминан 200 доллар мешавад, ҷарима баст ва озод кард.”

Ба гуфтаи мусоҳибам, Шероз аз толори додгоҳ ба Исфара баргашта, ҳоло вазъи саломатиаш хуб аст.

Шероз Тулаковро сокинони зодгоҳаш ҷавони дорои саводи исломӣ, қории “Қуръон” ва ҳалолкор ном мебаранд ва мегӯянд, ки аз дасти чунин инсоне дуздӣ намеояд. Ба гуфтаи пайвандонаш, ӯ ҳафтае қабл аз боздошташ аз сӯи сарҳадбонҳои қирғиз, аз муҳоҷирати кории Русия ба Исфара баргашта буд.

Деҳаҳои марзии Сомониёни Тоҷикистон ва Кӯктоши Қирғизистон канори ҳам воқеъ афтода, ин ду маҳалро танҳо як дашти чандсадметрӣ аз ҳам ҷудо мекунад. Сокинони ҳар ду ҷониб дар он ҳайвоноти хонагии худро ба чаро сар медиҳад ва борҳо онҳоро аз маҳали якдигар пайдо мекунанд.

Мақомоти пулиси Суғд дар пайи боздошти Шероз Тулаков гуфта буданд, ки пулиси Бодканд онҳоро дар бораи боз кардани парванда алайҳи вай дар ҷараён гузоштааст ва онҳо низ ин қазияро таҳқиқ карда, барои раҳо кардани ин шаҳрванди Тоҷикистон талош доранд.

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Тоҷики муттаҳам бо говдуздӣ раҳо шуд, вале боз ҳам ҷазо хоҳад гирифт.

Зимнан, баъд аз созиши Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябри соли равон сари бунёди ҳамзамони роҳҳои марзии ба ҳар ду ҷониб муҳим дар минтақаи Ворух, ки сари пайдо кардани роҳҳали он ҷонибҳо 4 сол баҳсу музокираҳо доштанд ва билохира, баъди ҳалли он роҳҳои марзӣ баъди моҳҳо дубора боз шудаву равуои озодона ва муносибатҳои ҳамсоягии сокинони марии Суғду Боканд аз сар гирифта шуд, бори аввал мақомоти Бодканд як шаҳрванди манотиқи марзии Тоҷикистонро ба қасди дуздӣ дастгир карда дар боздошт нигоҳ медоштанд.

Абдухалил Шарифов, муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ҳоли ҳозир роҳҳои байни Исфараву Бодканд барои сокинон ва нақлиёт боз аст ва дар гузаргоҳҳои марзӣ рафтуомади шаҳвандон ва нақлиёт ба ду самт бидуни кадом санад ва тафтиши шиносномаҳо сурат мегирад: “Дар ҳоли ҳозир танҳо як қисмати роҳи Исфара-Чоркӯҳ, ки аз деҳаи Қарабоғи қирғизҳо мегузарад, аз сӯи марзбонҳои Қирғизистон баста аст ва сокинон аз роҳҳои ҳошиявӣ мегузаранд. Инчунин, қирғизҳо роҳи бозори калони маҳали худ Самарқандакро ба сӯи мо бастаанд.”

Вале ба гуфтаи муовини раиси ҷамоати Чоркӯҳ, аз ин вазъ тоҷирон ва кӯҳансолони ҳар ду ҷониб нороҳатанд ва ҷиҳати боз кардани роҳу бозори марзӣ, талош доранд.​