Пулиси вилояти Владимири Русия аз марги як муҳоҷири 39-солаи тоҷик дар боздоштгоҳ хабар медиҳад. Ин севумин мавриди марги шаҳрвандони тоҷик дар шӯъбаҳои пулиси Русия дар 10 рӯзи охир аст.
Пулиси вилояти Владимир исми шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон ро наовардааст, вале мегӯяд, ин муҳоҷир аз 4 октябр дар боздоштгоҳи пулиси ноҳияи Петушино мунтазири истирдодаш ба Тоҷикистон буд. Ба гуфтаи пулис, боздоштшуда шикояте аз саломатиаш надошт, вале рӯзи 24 декабр, соати 3-45 якбора ҳолаш бад шуд ва дар байни ҳамагӣ чанд сония даргузашт.
Марги ин муҳоҷир чунон зуд рух додааст, ки пулис ҳатто фурсати даъват кардани “Ёрии таъҷилӣ”-ро наёфтааст. Ташхиси тиббии аввалия иллати ирсии мағзи сари ин шаҳрванди Тоҷикистонро иллати марги ӯ дарёфта, дар баданаш ягон аломати шиканҷа пайдо накардааст. Дар ҳар сурат, дар қиболи ин мавриди марги як нафар дар боздошт тафтиши хидматӣ оғоз кардаанд.
Пулиси Владимир мегӯяд, шаҳрванди ҳалокшудаи Тоҷикистон аз 4 октябр бо иттиҳоми нақзи қоидаҳои кору иқомат дар боздошт қарор дошт. Ба гуфтаи пулис, ӯ ба сурати ғайриқонунӣ бидуни ягон санади сабти ном ва муҷаввизи кор дар шаҳри Костёрово кор мекард ва дар ҳамонҷо дастгир шуд. Додгоҳ баъдан ҳукми ихроҷи ӯ ба Тоҷикистонро баровард, вале ба далели тӯл кашидани ихроҷаш ӯ дувуним моҳ боз дар боздоштгоҳи ноҳияи Петушино ба сар мебурд.
Ин севумин мавриди марги шаҳрвандони Тоҷикистон дар боздоштгоҳҳои пулиси Русия дар 10 рӯзи охир аст. Дар он ду мавриди аввал низ пулиси Русия гуфта буд, ки дар банди тоҷикони ҳалокшуда ягон аломати шиканҷа зоҳир намешуд.
Як шаҳрванди 45-солаи Тоҷикистон рӯзи 15 декабр дар шӯъбаи ҳафтуми пулиси шаҳри Воронежи Русия даргузашт. Cухангӯи пулиси шаҳри Воронеж рӯзи 16 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, дар қиболи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи пулис тафтиши хидматӣ шурӯъ шудааст. Вале Людмила Жданова ба Озодӣ гуфт, хулосаи ниҳоиро танҳо баъди анҷоми ин тафтиш хоҳанд гуфт, вале ҳанӯз далоиле дар даст нест, ки аз вуҷуди кадом аломати шиканҷа дар ин қазия дарак диҳад.
Пулиси Воронеж мегӯяд, ин муҳоҷири тоҷик бо иттиҳоми вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия боздошт шуда буд, вале ҳангоми тартиб додани протоколи маъмурӣ ногаҳон аз ҳуш рафт. Бино бар ин манбаъ, маъмурони пулис ба ӯ кумаки аввалияи тиббӣ расонда, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро низ даъват кардаанд. Вале табибон замоне расидаанд, ки ин шаҳрванди тоҷик алакай ҷон додааст. Людмила Жданова мегӯяд, иллати марги ин боздоштшударо ташхис ё экспертизаи тиббиву додгоҳӣ муайян хоҳад кард.
Рӯзи 14 декабр як шаҳрванди 43-солаи Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси шаҳри Домодедовои вилояти Маскав даргузашт. Мақомоти пулис гуфтаанд, ки ин мард дар ҳолати мастӣ аз истеъмоли маводи мухаддир қарор доштааст. Ӯро соати 16-20 ба бемористони шаҳри Домодедово овардаанд, вале ӯ аз табобат даст кашидааст. Пулис мегӯяд, ин шаҳрванди тоҷикро барои таҳқиқи бештар ба шӯъбаи пулис оварданд, вале соати 23-10 ӯ баногоҳ даргузашт. Пулис мегӯяд, бригадаи “Ёрии таъҷилӣ”-ро даъват кард, вале ӯ ҳанӯз то расидани табибон ҷон додааст.
Мақомоти пулис мегӯянд, дар бадани шаҳрванди тоҷики фавтида ягон аломати шиканҷа дида намешуд, вале Кумитаи тафтишоти Русия дар сомонааш хабар додааст, ки дар қиболи марги шаҳрванди Тоҷикистон дар шӯъбаи пулиси Домодедово таҳқиқи пешакӣ шурӯъ шудааст ва бар асоси хулосаҳои ин тафтиш ва маълум шудани иллати марги ин шаҳрванд қарор хоҳанд кард, ки тафтишро идома диҳанд ё на.
Шумори шаҳрвандони тоҷике, ки ҳар сол барои пайдо кардани рӯзии хонаводаҳои худ ба Русия мераванд, аз 1 то 1,5 миллион нафар гуфта мешавад. Бино ба ҳисобҳо, муҳоҷирони тоҷик дар 10 соли охир ба ватан 19 миллиард доллар пул фиристодаанд. Ин маълағҳо як омили асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, фақиртарин кишвари Шӯравии собиқ эътироф шудааст.
ин қазия низ тафтиши хидматӣ оғоз кардаанд.
Аммо ҳар сол танҳо аз Русия ҷанозаи беш аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар тобут ба ватан бармегардад. Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон, муҳоҷирони тоҷик дар Русия бештар бар асари ҳамлаҳои қавмгароён, фалокатҳои фаннӣ бахусус дар сохтмонҳо, садамаҳои нақлиётӣ, ҷамъе ба иллатҳои табиӣ, мисли бемориҳо, даргузашта ва ҷамъе ҳам аз дасти ҳамватанони худ кушта мешаванд. Аммо ин барои бори аввал аст, ки дар зарфи ду рӯз ду шаҳрванди тоҷик дар Русия дар боздошт ҷон медиҳанд.