Боздошти як ҷавони тоҷик барои таҳдиди бардурӯғи ҳамлаи террористӣ

Шаҳрванди дар Самара боздоштшудаи Тоҷикистон

Як шаҳрванди 23-солаи Тоҷикистон дар шаҳри Самараи Русия бо иттиҳоми “иттилои бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ” дастгир шудааст.

Мақомоти амниятии вилояти Самараи Русия мегӯянд, рӯзи 28 декабр як шаҳрванди Тоҷикистонро бо иттиҳоми иттилои бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ дастгир кардаанд.

Ин ҷавон, ки исмаш Хурсанд Қирғизбекович Амонбеков ва санаи таваллудаш 8 ноябри соли 1992 гуфта мешавад, дар як навори видеоии нашркардаи ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – эътироф мекунад, ки дар бораи таркондани бинои фурӯшгоҳи бузурги “Космопорт” ба пулис ӯ хабар додааст.

Хурсанд Амонбеков дар ин навор мегӯяд, ки ӯ ҳамагӣ ду ҳафта қабл ба Самара омада буд ва рӯзи душанбе соати тақрибан 12 вориди маркази тиҷории “Космопорт” шуда, аз телефони худаш бо шумораи 112 занг зад ва аз номи созмони тундрави “Давлати исломӣ” ҳамаро ба Соли нав табрик карда, гуфт, ки дар “Космопорт” бомб гузоштаанд ва он баъди ним соат метаркад.

Ин занги телефонӣ дар бораи таҳдиди ҳамлаи террористӣ боиси аз бинои “Космопорт” – яке аз бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Самара кӯчондани қариб 3 000 нафар шудааст. Ҷустуҷӯи баъдии мақомот ягон асаре аз маводи тарканда пайдо накард ва маълум шуд, ки таҳдиди ҳамлаи террористӣ аз номи “Давлати исломӣ” бардурӯғ будааст.

Маъмурони ФСБ тавассути пайгирии шумораи телефоне, ки аз он ба пулис дар бораи ҳамлаи террористӣ хабар доданд, баъди як муддати кӯтоҳ соҳиби ин телефонро пайдо карданд.

Ин ҷавон дар навори нашршуда ба кардаи худ эътироф мекунад, вале дар бозпурсиҳои муқаддамотӣ натавонистааст шаҳр бидиҳад, ки ба кадом далел ин корро кардааст?

Видеои бозпурсии Хурсанд Амонбеков

Акнун ба ин шаҳрванди Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноӣ таҳдид мекунад. Қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия барои ахбори бардурӯғ дар бораи ҳамлаи террористӣ, ки дар матбуот бо таъбири “терроризми телефонӣ” ҳам маъруф аст, ҳамчун муҷозот то 5 соли зиндон ва ҷарима ба маблағи то 1 миллион рублро пешбинӣ мекунад. Маъмурияти фуруӯшгоҳи “Космопорт” ва мағозаҳои воқеъ дар ин маркази тиҷорӣ низ метавонанд аз тариқи даъвоҳои додгоҳӣ зиёнеро, ки дар натиҷаи кӯчондани мардум ва баста шудани дӯконҳо бардоштаанд, аз ин шаҳрванд талаб кунанд.

Танҳо дар як моҳи охир ин алакай дувумин мавриди боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия бо чунин иттиҳом аст. Дар поёни моҳи ноябр сокини ноҳияи Ҷиликӯл А.Хоҷақулов, ки барои гусели як дӯсташ омада буд, ҳангоми вуруд ба бинои фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав ва гузаштан аз дастгоҳи назоратӣ ба суоли кормандони фурудгоҳ ки “дар ҷайбатон чӣ доред?”, шӯхиомез посух додааст, ки “бомба дорам.” Ҳатто вақте аз ӯ такроран ин суолро кардаанд, Хоҷақулов айни ҷавобро додааст ва ӯро боздошт кардаанд. Алайҳи Хоҷақулов бар асоси қисми якуми моддаи 207-уми Кодекси ҷиноии Русия (хабари бардурӯғ дар бораи амали террористӣ) парвандаи ҷиноӣ кушодаанд.

Ҳамин тавр, дар соли 2013 дар шаҳри Санкт-Петербург як ҷавони тоҷик тавассути телефон ба пулис хабар дода буд, ки дар фурудгоҳи Пулково бомб гузоштаанд. Мақомот баъди ин таҳдид мардумро аз фурудгоҳ кӯчонданд. Баъди боздошт ин ҷавон иқрор кардааст, ки ба ҳавопаймояш дер мекард ва хостааст, бо ин хабари бардурӯғ парвоз ба таъхир афтад ва ӯ худро ба ҳавопаймое, ки ба Душанбе парвоз мекард, бирасонад.

Дар соли 2014 дар Екатеринбург дар бораи боздошти як муҳоҷири дигари тоҷик гузориш доданд, ки низ тавассути телефон дар бораи гузоштани маводи тарканда дар як фурӯшгоҳи ин шаҳр хабар дода буд. Баъди боздошт ин ҷавон гуфтааст, ки маъмурони пулис ӯро дар наздикии ин фурӯшгоҳ боздошт ва хеле азият карданд ва ӯ бо ин роҳ хостааст, аз онҳо интиқом бигирад.