Як тоҷик дар Русия набераашро Путин ном гузоштааст

Оилаи Ҷӯраевҳо.

Як тоҷики муқими Русия, ки мегӯяд, мухлиси ашаддии президенти ин кишвар аст, мехоҳад, номи набераи дусолаашро аз Расул ба Путин иваз кунад.

Раҳмон Ҷӯраев, омӯзгори ҳафтодсолаи тоҷик, ки 18 сол боз дар Русия зиндагӣ мекунад, рӯзи 30-юми август дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, пас аз хондани лаҳвае дар як нашрия тасмим гирифт. ки исми набераи дусолаашро ба Путин иваз кунад. "Дар як газета хондам, ки як мисрӣ номи писарашро Путин гузоштааст. Пас аз ин, фикр кардам, ки номи набераамро Путин мемонам. Набераам ба Путин хеле монанд аст," - гуфт Ҷӯраев.

Мусоҳиби мо афзуд, наберааш ҳамроҳи волидонаш дар шаҳри Александровои вилояти Владимир ба сар мебарад ва ҳоло онҳо ба мақомоти Сабти асноди ҳолатҳои шаҳрвандӣ (ЗАГС) барои иваз кардани номи наберааш ариза навиштаанд. "Номи падараш Ҷаҳонгир аст, ки ба русӣ мешавад "полководец" тарҷума кард. Ман фикр кардам, ки агар номи набераамро Путин монем, Ҷӯраев Путин Ҷаҳонгирович мешавад. Яъне Ҷӯраев Путин Полководец мешавад," - мегӯяд Раҳмон Ҷӯраев.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия.

Пас аз он ки оилаи Ҷӯраевҳо барои иваз кардани номи писарашон ба мақомот муроҷат кардаанд, таваҷҷӯҳи расонаҳои Русия ба ин иқдоми онҳо якбора зиёд шуд ва акнун телефони хонаашон беист занг мезанад. Ҷӯраев гуфт, то кунун се телевизиони Русия аз музеи “Путин”, ки ӯ ташкил кардааст, навор бардошта бо фарзанду наберааш ҳамсӯҳбат шудаанд.

Ин мусоҳиби мо мегӯяд, мухлиси ашаддии Путин аст ва ӯро одилтарин раиси ҷумҳури ҷаҳон мешуморад. Раҳмон Ҷӯраев гуфт, 12 сол аст дар ҳавлии берун аз шаҳриаш осорхонаи Путинро таъсис дода ва дару девори ин хонаро бо аксу навиштаҳои раиси ҷумҳури Русия оро додааст. Ҷӯраев мегӯяд, ҳарчанд муҳаббати ӯ ба раиси ҷумҳури Русия боре боиси хонавайрониаш шуд, вале ақидаашро дар бораи Путин иваз накардааст.

Ӯ мегӯяд, "ман як завҷаи рус доштам. Муддати 12 сол бо ин зан зиндагии хуб доштем, аммо ӯ бо духтараш фақат Путинро танқид мекард. Ҳамин қадар ба онҳо фаҳмондам, ки Путин президенти беҳтарин аст ва ӯро танқид накунанд, нафаҳмиданд. Онҳоро тарбия карда натавонистам. Аз ин мавқеи онҳо сахт ранҷида аз оилаам ҷудо шудам."

Таронаи Толибҷон Қурбонхонов дар васфи Путин -- "ВВП" дар соли 2012, дар ҷомеаи Русия сарусадоҳои зиёдеро ба дунбол дошт.

Ӯ афзуд, гоҳо дар қади роҳ ва ё истгоҳу даруни нақлиёт агар касе Путинро танқид кунад, хеле нороҳат мешавад ва аз раиси ҷумҳури Русия ҳимоят мекунад. Ин ҳамсҳбати мо мегӯяд, агар дар интихоботи соли 2018 Путин номзадиашро ба президентии Русия пешбарӣ кунад, вай омодааст шикамғеҷ ба ҳавзаи интихоботи ҳозир шуда, ба тарафдорӣ аз ӯ овоз диҳад.

Ин барои бори аввал нест, ки муҳоҷирон ва тоҷикони муқими Русия аз президент Путин васфу ситоиш мекунанд. Қаблан ҳам як таронаи Толибҷон Қурбонхонов дар васфи Путин бо номи "ВВП" дар соли 2012 дар ҷомеаи Русия сарусадоҳои зиёдеро ба дунбол дошт.

Суруди дувуми худро Толибҷон дар арафаи интихоби Владимир Путин ба курсии президентии Русия таҳти унвони "Шукр худойро барои Владимир" пахш кард. Ин таронаи Толибҷон Қурбонхонов аз ҷониби сиёсатмадорони Русия, аз ҷумла Владимир Жириновский бо интиқоди шадид рӯбарӯ шуд.