Масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон (КҲФ) мегӯянд, ки таҳдиди канда шудани садди кӯли сунъӣ дар ноҳияи Дарвоз вуҷуд надорад, аммо ин кӯл қитъаи роҳи байналмилалии Душанбе-Хоруғ-Кулма-Қароқурумро масдуд кардааст.
Мутахассисон мегӯянд, қатъ шудани ҳаракат дар ин масир, ки Тоҷикистону Чинро баҳам мепайвандад, дар сурати ба дарозо кашидан, ба тоҷирону соҳибкорон зарари ҳангуфти молӣ мерасонад. Шоми якшанбеи 9-уми июл бар асари фаромадани сел аз
Ҳоло комиссияи ҳукуматӣ дар маҳали ҳодиса масъалаи бо манзил таъмин кардани 20 хоҷагии осебдидаро ҳал мекунад. Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ин сокинон барои бунёди манзил қитъаи замин ҷудо мекунад
кӯҳпораҳои деҳаи Дуихои самти Афғонистон дар рӯбарӯи деҳаи Ширговади ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз, маҷрои дарёи Панҷ баста ва дар ин ҷо кӯли сунъӣ пайдо шуд.
КҲФ: Хатари канда шудани садд вуҷуд надорад
Полковник Гулшан Насруллоев, як масъули Ситоди Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар вилояти Бадахшон, ки рӯзи 11 июл дар маҳали ҳодиса қарор дошт, дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ сару садоҳо дар бораи хатари рахна шудани садди кӯли сунъиро бепоя хонд.
Насруллоев гуфт, ҳоло корҳои бартарафкунии оқибати сел дар минтақаи Ширговади ноҳияи Дарвоз идома дорад. Ба гуфтаи ин мақомдор, барои барқарор кардани роҳи байналмилалии Тоҷикистону Чин, ки 800 метраш зери об мондааст, беш аз як моҳ фурсат лозим аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
800 метр роҳ зери об монд
Зимнан, бар асари боришоти зиёд ва омадани сел аз самти Афғонистон дар рӯзҳои 8-9 июл маҷрои дарёи Панҷ дар ноҳияи Дарвози Тоҷикистон баста шуда, дар деҳаи Хостави ҷамоати Нулванд, дар 55-километрии маркази ин ноҳия, бист манзили сокинон, комилан зери об мондааст. Ин ҳодиса талафоти ҷониро ба дунбол надоштааст.
Бино ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, ҳамчунин бар асари ҷорӣ шудани сел тақрибан 800 метр роҳи Душанбе–Хоруғ низ зери об мондааст. Дар ҳоли ҳозир ҳаракат аз Бадахшон ба Душанбе тавассути гарданаи Хобурубот сурат мегирад.
Вале ба далели хароб будани пули иртиботӣ дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ҳаракат аз тариқи ағбаи Хобурубот барои мошинҳои борбар ғайриимкон будааст. Гуфта мешавад, аз тариқи ин пули иртиботӣ танҳо мошинҳо бо вазни то 3 тонна убур карда метавонанд.
Ҳоло як комиссияи вижа хисороти ворида аз ин селро ҳисобу китоб дорад. Рӯзи душанбе мақомоти вазорати нақлиёт ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар раъси Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон ба маҳали осебдида дар ноҳияи Дарвоз сафар карданд.
Рӯзи якшанбеи 9 июл нахустин кӯмакҳо аз ҷониби ҳукумат ба осебдидагони деҳаи Хостав, аз ҷумла орду шакар, нахуд ва хаймаҳо тақсим карда шуд. Худоёр Худоёрзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ки тоза аз ноҳияи Дарвоз ба Душанбе баргашт, баъд аз зӯҳри 11 июл ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои бо манзили зист таъмин кардани осебдидагони офати табиӣ чораҳо меандешад. Ӯ гуфт:“Ҳоло комиссияи ҳукуматӣ дар маҳали ҳодиса масъалаи бо манзил таъмин кардани 20 хоҷагии осебдидаро ҳал мекунад. Кумитаи замин ва геодезии назди ҳукумати Тоҷикистон ба ин сокинон барои бунёди манзил қитъаи замин ҷудо мекунад. Аҳолии осебдида аз сел аз минтақаи хафвнок ба маҳали бехафв куч дода шудаанд”.
Роҳи алтернативӣ аз Тоҷикистон ба Чин
Тоҷироне, ки қаблан аз роҳи Хоруғ-Кулма-Қароқурумба Чин сафар мекарданд, мегӯянд, имкон дорад то замони азсаргирии ҳаракатҳо дар ин ин масир тавассути Қирғизистону Узбакистон ба шаҳрҳои Чин бираванд.
Рустам, як тоҷири тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд роҳ аз Чин ба Тоҷикистон аз тариқи Қирғизистону Узбакистон тӯлонитар аст, вале роҳи амн ва барои тиҷорат мувофиқ аст.
Мошинҳои Тоҷикистон аз тариқи гузаргоҳи Қарамиқи Қирғизистон ба Русия ва Чин ҳаракат карда ва борҳои мавриди ниёзро интиқол медиҳанд.
Бадахшон аз офатҳои табиӣ осебпазир аст
Вилояти Бадахшони Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳои фаромарзӣ воқеъ буда ва тақрибан ҳамасола дар фасли баҳору тобистон аз боришоти зиёду ҷорӣ шудани селоб осеб мебинад. Бархе аз минтақаҳои кӯҳӣ ва наздик ба соҳили дарёҳо, ҳамчунин, мавзеъҳои зери ағбаҳо аз минтақаҳои хатарзо дониста шудаанд.
Лағжиши хок дар рустои Барсеми Шуғнон рӯзи 16-уми июли соли 2015 маҷрои як шохаи рӯдхонаи Ғундро баст ва як обанбори сунъиро ба вуҷуд овард. Дарозии обанбори сунъӣ зиёда аз 3,5 км буда, паҳнои он аз 200 то 700 метр ва чуқуриаш аз 25 то 60 метрро ташкил медод. Рахна шудани кӯл метавонист ба нерӯгоҳи "Помир-1" - бунгоҳи асосии таъминкунандаи Бадахшон бо нерӯи барқ осеб расонад. Вале баъдан бо кӯмаки созмонҳои байналмилалӣ маҷрои кӯл боз ва он безарар гардонида шуд.
Дар натиҷаи ҳодисаи табиӣ деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнони Бадахшон хароб шуда баъди ин дар саҳрои Питовдашти ин ноҳия барои 84 оила қитъаҳои замин барои бунёди манзил ҷудо шуд. Бо мусоидати давлати Тоҷикистон дар муддати беш аз ду моҳ барои сокинон манзилҳои зист бунёд шуда ва мардум ба ифтихори раиси ҷумҳури Тоҷикистон деҳаи навбунёдро Раҳмонобод ном гузоштанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, дар панҷ соли ахир дар кишвар 603 ҳодисаи табиӣ сабт шудааст, ки бар асари онҳо 127 нафар ҷон бохта ва ба иқтисоди мамлакат 600 миллион доллар хисорот ворид гаштааст. Мақомот Тоҷикистон мегӯянд, наметавонад ба танҳоӣ оқибатҳои ҳодисаҳои табииро рафъ ва манотиқи осебдидаро бозсозӣ ва аз ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли ин мушкилот дархости кумак кардаанд.