Пули либосро кор кардем, меравем мактаб

Ҳарчанд дар Тоҷикистон кори кудак мамнӯъ аст, вале мақомот кори кудаконро нодида мегиранд.

Теъдоде аз наврасони тоҷик талош мекунанд, то фарорасии соли нави таҳсил кори мувақатиеро анҷом дода, барои худ ҷиҳози мактабӣ бихаранд.

Инак то оғози соли нави таҳсил ҳам рӯзҳои ба шумор мондааст ва ин наврасон ҳам ҳоло пас аз ду ё се моҳи кор, бо корфармоёни худ худоҳофизӣ мекунанд. Инҳо наврасоне ҳастанд, ки аз таҳсил дур намондаанд, балки ба хотири хуб анҷом додани соли нави таҳсил, замони таътили тобистона ба кори мувақатӣ рӯ меоранд. Рамазон 14 сол дорад ва кори мувақатие, ки ӯ пайдо кардааст, иборат аз ҷалби сокинон ба хатсайрҳои гуногуни мошинҳои мусофиркашонӣ аст.

Рамазон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд, то имрӯз ҳамсолони хиёбонии ӯ дар бозорҳо аробакашиву селофанфурушӣ ва талбандагӣ карда бо ин роҳ аз таҳсил дур мондааанд, аммо ӯ мисли онҳо нест. Рамазонро ҳамроҳ бо хоҳарчаи 12 солааш падари маъюбашон тарбия мекунад ва модараш барои кор ба Русия рафтаву се сол боз ба дидорбинии онҳо наомадааст. Мо бо Рамазон дар чорроҳаи маҳаллаи 46 пойтахт сӯҳбат доштем ва мегуфт акнун пас аз ду ҳафта бо ин кори мувақатии худ то таътили соли оянда худо ҳофизӣ мекунад. Рамазон гуфт:

«Ягон кори пинҳонӣ ва сиёҳ намекунам. Ман ҳатто кондукторӣ низ намекунам. Ман бо ронандаҳо як шартномаи даҳонӣ мебандем ва агар барои онҳо мусофир фарёд кунам онҳо барои ин кор ба ман маблағ медиҳанд. Дар як рӯз то 15 сомонӣ ва дар як моҳ то 600 сомонӣ кор мекунам. Ин пулро ба хона мебарам, пули мактаб медиҳам, ҳамчунин ба хоҳарчаам ки синфи 5 мехонад дафтару қалам мехарам».

Марям ҳамсӯҳбати дигари мо ки имсол дар синфи нуҳум таҳсилашро идома хоҳад дод, дар бозори «Султони Кабир» ба модараш ва ҳамроҳони ӯ кумак мекунад. Вай мегуяд, ба хотири он ки падараш ҷое кор намекунад ва кашидани аробаи зиндагӣ барои модараш мушкил аст, барои харидани либоси мактабӣ ва асбобҳои хониш дар бозор ба модараш ёрӣ мерасонад. Ӯ мегӯяд, дар аввал ҳангоми кумак ба модараш ва кор дар бозор шарм медошт, зеро гоҳҳо бархе нафарон ба ӯ мисли кӯдакони хиёбонӣ назар мекарданд. Вале мегуяд, ӯ баъдан ба ин кор одат кард ва ҳамеша ба модараш ва ҳамроҳони ӯ дар бозор барои фурухтани молҳои хурокворӣ ёрӣ мерасонд то бар ивази кораш маблағе ба даст оварда барояш ҷиҳози мактабӣ харад.

Марям гуфт: «Ин кори айб нест, ман талбандагӣ ва ё маҷбури селофан намефурушам, балки ба модарам ва ду се нафар савдогароне ки назди модарам ҳастанд, кумак мекунам, ҳангоми набудани онҳо молашонро мефурушам, борҳояшон аз як тараф ба як тарафи дигар мегузорам. Ман барои ин корам ҳар рӯз бо 20 сомонӣ ба даст меорам, гоҳҳо нисфи пулро ба модарам медиҳам, гоҳи дигар не. Ҳамаи пули кор кардаамро ҷамъ кардам, акнун либоси мактабӣ мехарам. Вақте дарс сар мешавад, дигар инҷо намебиёям ин як кори мувақатӣ аст. Аз беҳуда гаштану талабандагӣ кардан кори хубтар ин аст».

Мисли Рамазон ва Марям садҳо навраси дигар дар кӯчаву бозорҳо кори муваққатеро анҷом дода ба ивазаш маблағи хуб ба даст меоранд ва мегӯянд ин ҳама барои таъмини сару либоси мактабӣ ва беҳтар таҳсил кардан дар мактаб аст. Дар ҳамин ҳол созмонҳои ғайридавлатӣ низ бо анҷоми пажӯҳишҳо теъдоди чунин наврасоне, ки мувақатӣ кор мекунанд то 10 ҳазор нафар медонанд. Тоҷиддин Ҷалолов раҳбари созмони ғайридавлатии «Ҳуқуқи кудак» дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аксари ин кудакон аз хонаводаҳои ҳастанд, ки саробони онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Ва ё наметавонанд зиндагии худро таъмин кунанд. Ҷалолов ҳамчунин афзуд, ки бояд ин наврасонро аз кӯдакони хиёбониву талбанда фарқ кард, зеро онҳо барои беҳтар шудани зиндагии худ ва таҳсилашон мувақатӣ кор мекунанд:

«Ин кори муваққтии бачаҳо аст, намешавад онҳоро бачаҳои хиёбониву таланда гуфт. Дар солҳои пеш низ дар бораи кори ингуна наврасон пажӯҳишҳо анҷом шуда буд. Миёни онҳо бачаҳое ки ба корҳои сиёҳ аз қабили аробакашиву селофанфурушӣ ва талбандагӣ даст зада кам нестанд. Вале онҳое ки кори мувақатеро барои харидани ҷиҳозӣ мактаби анҷом медиҳад, ҳудуди то 10 ҳазор нафар гуфта мешавад, ки ин ҳам дар пажуҳишҳои охирини созмонҳои ғайридавлатӣ рушан шудааст».

Бар асоси қонунҳои Тоҷикистон наврасон танҳо аз сини 16 солагӣ иҷозаи корро доранд. Аммо шароити сахти зиндагӣ аксари наврасони тоҷикро ба кор кардан аз синни хурдӣ маҷбур мекунанд. Ва ҳамингуна корҳое, ки наврасони тоҷик дар чунин сину сол анҷом медиҳанд, аслан ғайрирасмианд ва ба онҳо бидуни санаду ҳуҷҷат аз суи корфармоҳо маблағ дода мешавад.