84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд. ВИДЕО, АКС

Шаби 30-юми апрел 84 кӯдаку навраси тоҷикро тавассути ҳавопаймои ширкати ироқии Fly Erbil аз Бағдод ба Душанбе оварданд.

Баъзеи ин кӯдакон чанд сол пеш ҳамроҳи волидони худ ба маҳалли ҷанг дар Ироқ рафта, бархеи дигар дар онҷо ба дунё омадаанд. Дар ҳоле ки падарони аксари онҳо ба ҳайси ҷангҷӯи ДИИШ кушта, фирорӣ ё беному нишон шудаанд, модаронашон дар зиндонҳои Бағдод нигаҳдорӣ мешаванд. Ба иттилои расмӣ, феълан дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ҳастанд.

Навори видеоиро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

84 кӯдаки тоҷикро аз Ироқ ба Душанбе оварданд

Мақомоти Тоҷикистон шаби 30-юми апрел дар изҳороти расмӣ гуфтанд, баргардондани кӯдакон "бо пуштибонии ҳукумат ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ироқ ва Кувайт ва созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла ЮНИСЕФ, сурат гирифтааст".

Музаффар Ҳусейнзода, муовини вазири корҳои хориҷӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, масъалаи зудтар бозгардондани шаҳрвандони ноболиғи Тоҷикистонро аз Ироқ ҷиддӣ пайгирӣ доранд. Ба қавли ӯ, "бо ҳукумати Ироқ вориди музокирот ҳастем ва барои анҷом додани ин корҳо тамоми чораҳоро меандешем."

Дар ҳоли ҳозир 11 навраси дигари тоҷик ҳамроҳи модарони худ дар зиндонҳои Ироқ мондаанд.

Саҳнаи бозгашти кӯдакону наврасони тоҷик аз Ироқ хеле ҳузнангез буд. Ин кӯдаконро Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайту Ироқ ҳамроҳӣ мекард. Як қисми кӯдакон, ки хеле хурдсол буданд, беист гиря мекарданд ва кормандони тиб талош менамуданд онҳоро ором кунанд.

Масъулони Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки 84 кӯдаки тоҷикро аз фурудгоҳ ба осоишгоҳи “Харангон”-и ноҳияи Варзоб мебаранд.

Мақомот гуфтанд, кӯдакон аз ташхис мегузаранд

Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, омбудсмени кӯдак дар Тоҷикистон, шаби 30-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ин кӯдакон аз ташхиси тиббиву равонӣ мегузаранд.

"Агар хешовандон майл доранд, онҳоро ба тарбия ва парастории худ мегиранд. Агар аз онҳо рӯй гардонанд, давлат кӯдаконро ба тарбия фаро мегирад. Барои ба ҷомеа ворид намудани кӯдакон ва таҳсили онҳо ҳамаи чораҳо андешида мешавад", -- афзуд ӯ.

Яке аз наврасони тоҷик, ки шоми 30-юми апрел аз Ироқ ба Тоҷикистон баргашт дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, чаҳор соли пеш ҳамроҳ бо модар ва падарандараш ба Ироқ рафтанд. Ҳамсуҳбати навраси мо афзуд, модараш дар Ироқ зиндонӣ аст ва ӯ мехоҳад ҳарчӣ зудтар ба канори падари аслӣ ва дигар наздиконаш бирасад. Ин наврас гуфт, тӯли чаҳор сол дар Ироқ буданд вале намехоҳад дар бораи ҷанг ва вазъи онҷо суҳбат кунад.

​Шаби 30-юми апрел барои дидани кӯдакон бобову бибӣ ва хешу таборашон ба фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омада буданд. Асолатмоҳ Тиллоева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, бо даъвати мақомот ба пешвози набераҳояш – Абӯбакру Фотимаи 6 ва 3-сола – омадааст.

Ин зан, дар ҳоле ки гиря гулӯгираш мекард, гуфт, баъди тарки Тоҷикистон кардани духтараш Саодатмоҳ Тиллоева дар соли 2014 аз онҳо ҳеч хабар надошт. Танҳо ним сол пеш шунидааст, ки Саодатмоҳ дар Бағдод ба ҳабси абад маҳкум шудааст.

"Дар ин муддат ҷигархун шудам. Дар бораи духтарам аз як номаи СММ хабардор шудам ва ба ҳамаи онҳое, ки дар овардани набераҳоям аз Ироқ кумак кардаанд, самимона ташаккур мегӯям”, -- афзуд ин зан.

Асолатмоҳ Тиллоева гуфт, баъд аз зӯҳри 30-юми апрел мақомот барояш хабар додаанд, ки наберагонаш ба Душанбе оварда мешаванд ва баробари шунидани ин хабар ба сӯи пойтахт шитофтааст. "Имшаб барои мо шаби хушбахтӣ аст", -- гуфт ӯ.

Асолатмоҳ Тиллоева афзуд, духтараш Саодатмоҳ Тиллоеваи 28-сола ҳамроҳ бо шавҳару фарзандаш панҷ сол пеш барои ёфтани кор ва музд ба Русия рафта буд. Ӯ мегӯяд, намедонад, ки чӣ гуна онҳо дар Ироқ пайдо шуданд, вале ҳоло ҳаминро медонад, ки "дар ин саргузаштҳо домодаш сабабгор аст. Худи домод ҳоло бедарак аст."

Ба гуфтаи ин зан, шумори зиёде дар ноҳияи Ҷомӣ мисли онҳо чашм ба роҳи фарзандони худ аз Ироқу Сурия мебошанд ва умед доранд, ки билохира набераҳои худро ба канор хоҳанд гирифт.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. То ҳол хабари марги беш аз 300 нафари онҳо расидааст. Баъди кушта шудани аксар ҷанҷгӯён, оилаҳои онҳо бесарпаноҳ монда, бо тасмими мақомоти Сурияву Ироқ дар урдугоҳҳои махсус ҷой дода шуданд.

Додгоҳи вижаи Бағдод даҳҳо зани тоҷикро ба муддатҳои тӯлонии зиндон ва чанде аз онҳоро ба ҳабси абад маҳкум кард. Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Кувайт ва Ироқ, ки барои баргардонидани кӯдакони тоҷик вазифадор шудааст, моҳи январ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, аз 43 зани тоҷик, 15 нафарашон ризоият надоданд, ки кӯдаконашон ба ватан фиристода шаванд. Сарнавишти ояндаи ин тифлон норӯшан боқӣ мемонад.