Ҳомиёни ҳуқуқ: "Парвандаи Иброҳим барои мақомот шармовар аст" ВИДЕО

Иброҳим Тиллозода ва модараш Мижгона

Ду созмони ҳомии ҳуқуқи башар аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ки иҷоза бидиҳад, Иброҳим Тиллозода, набераи бемори раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломиро барои муолиҷа ба хориҷ баранд.

Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки рӯзи 27-уми июл бо нашри баёнияи расмӣ гуфтаанд, “манъи сафари Иброҳим Тиллозода ангезаҳои сиёсӣ дорад ва бояд билофосила лағв шавад.”

Иброҳим (Ҳамза - исми хонаводагии тифл) Тиллозода ба саратони узви таносул гирифтор аст ва хешовандонаш мегӯянд, ки бояд барои муолиҷа ба хориҷа бираванд. Ба гуфтаи онҳо, имкони муолиҷаи ӯ дар Тоҷикистон вуҷуд надорад.

Стив Свердлов, пажуҳишгари Дидбони Ҳуқуқи Башар дар Осиёи Марказӣ дар ин баёния гуфтааст, “Шармовар аст, ки мақомоти Тоҷикистон, кӯдаки фавқуллода беморро гаравгон гирифтаанд, то ба падар ва падарбузургаш фишор оварданд”. Ба гуфтаи ӯ ин парванда набояд парвандаи сиёсӣ, балки парвандае дар бораи зиндагии кӯдак бошад.”

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Вазорат: "Ҳамза гирифтори саратони дараҷаи чорум аст"

Иброҳим Тиллозода, фарзанди Руҳулло Тиллозода ва набераи Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон аст, ки соли 2015 аз тарси боздошт ва зиндонӣ шудан, Тоҷикистонро тарк кард ва дар хориҷ ба сар мебарад.

Кабирӣ ба ҷиноятҳои сангин аз ҷумла кӯшиши табаддулоти давлатӣ муттаҳам мешавад ва муҳокимаи ӯ дар ғайбаш идома дорад. Ба гуфтаи хешовандонаш, мақомоти Тоҷикистон охири соли 2015 санадҳои Мижгона Зайниддинова, модари Ҳамза Тиллозода ва дигар хешовандони Муҳиддин Кабириро гирифтаанд, то нагузоранд, ки онҳо ба хориҷ бираванд.

Ҳомиёни ҳуқуқ: Иҷозаи диҳед фавран бираванд

Мариус Фоссум, намояндаи Кумитаи Норвегии Ҳелсинки дар баёнияи муштарак гуфтааст, “Мақомоти Тоҷикистон бояд фавран ба Ҳамзаи 4-сола ва аъзои хонаводаи ӯ иҷозаи сафар бидиҳанд, то ӯ муолиҷаи ҳаёти барояшро бигирад.

Аввали имсол табибони Тоҷикистон Ҳамзаро, ки чанд сол боз ба саратон мубтало аст, ҷарроҳӣ кардаанд, вале бенатиҷа. Хонавода ва мутахассисон мегӯянд, ки муолиҷа дар хориҷ ягона роҳи наҷоти тифли 4-сола аст. Дидбони Ҳуқуқи Башар ва Кумитаи Норвегии Ҳелсинки гуфтаанд, ки хабар ёфтаанд, ки шифохонае дар Туркия омода аст, Иброҳим Тиллозодаро муолиҷа кунанд.

Аммо Саида Умарзода, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, Иброҳим Тиллозода гирифтори саратони дараҷаи чорум аст ва муолиҷаи ӯ дар ҳар ҷойи дигар ҳам имкон надорад.

​"Ин кӯдак дараҷаи паҳнгаштаи саратон дорад. Дараҷаи чорум. Мо ӯро куҷо фиристонем? Бо падару модараш муассисаҳои тандурустӣ, Маркази илми саратоншиносӣ сӯҳбат карданд. Тасмим ба худи онҳост. Медонанд хешу табор, лекин инро қабул кардан намехоҳанд" – гуфт, ӯ.

Дар баёнияи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ омадааст, ки саратоншиносон дар Туркия иттиллот дар бораи бемории Иброҳим Тиллозода ва аксҳои варами саратони ӯро омӯхта ва рӯзи 25-уми июл гуфтаанд, ки агар дар чанд рӯзи оянда табобати лозимро нагирад, ҷонаш дар хатар хоҳад буд.

Иброҳим Тиллозода

Баъд аз онки сарнавишти кӯдаки 4-сола аз ноҳияи Ваҳдат сару садои зиёдеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барангехт, мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ монеае барои рафтани Мижгона Зайниддинова ва писараш ба хориҷ вуҷуд надорад.

Онҳо ваъда доданд, ки ба зудӣ дар таҳияи шиноснома ба ин хонавода кӯмак мекунанд. Мижгона дар суҳбате дар гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “шиноснома ва шаҳодатномаи таваллуди ӯву фарзандаш, “гум шудааст” ва барои ҳамин онҳо наметавонанд ба хориҷ бираванд.

Волидон дар хориҷ, фарзанд дар дохил

Руҳулло Тиллозода ва падараш Муҳиддин Кабирӣ, соли 2015 баъди он шурӯи маъракае ба зидди Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ Тоҷикистонро тарк карданд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳизбро моҳи августи оли 2015 созмони экстремистӣ ва террористӣ эълон кард ва гуфт, ки раҳбарони ҳизб аз тарҳрезони ошӯби нофарҷоми Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ ҳастанд.

Дар ин ошӯб дар моҳи август ва дар амалиёти нерӯҳои амниятӣ баъд аз он даҳҳо нафар кушта шуданд. Раҳбарони ҳизб иддаоҳо дар бораи даст доштан дар ошӯбро беасос номида ва гуфтаанд, ки он як баҳона барои бастани ягона ҳизби мухолифи давлат дар Тоҷикистон буд.