Даргузашти Хол Машрабов, яке аз чеҳраҳои шинохтаи Тоҷикистон

Акс аз бойгонист.

Хол Машрабов, раиси собиқи Кумитаи андози Тоҷикистон ва яке шахсиятҳои бонуфуз дар солҳои 90-ум ва 2000-ум шаби 6-ум ба 7-уми октябр даргузашт. Ӯро нисфирӯзии 7-уми октябр дар канори ҳавлии масҷиди маъруф ба номи "Хол Машраб" дар шаҳри Душанбе дафн кардаанд.

Намози ҷанозаи ӯро Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои исломии Тоҷикистон хондааст. Дар намози ҷанозаи ӯ садҳо нафар ҳузур доштаанд.

Хешовандонаш ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки ӯ бар асари авҷ гирифтани бемориаш ҷон додааст. Хол Машрабов, ки 69 сол дошт, аз соли 2008, ба сактаи сахти мағзӣ гирифтор шуд ва қудрати сухан гуфтанро аз даст дод. То ин замон ба гуфтаи хешовандонаш зиёд ҳаракат намекард ва аксаран бемори бистарӣ буд.

Ӯ аз соли 1998 то соли 2001-ум раиси Кумитаи молиёт буд ва баъд аз он 5 сол раҳбарии ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ бузургтарин ва сераҳолитарин ноҳияи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Хол Машрабов ҳамчунин аз мутахассисони хуби соҳаи кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт ва усули кишоварзии ӯ бо номи “модели Хол Машрабов” дар байни мутахассисони соҳаи кишоварзӣ маъруф аст.

Бародари ӯ Ибодулло Машрабов, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон аст.