Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арабов, ду масъули ширкати "Гардуна"-ро бо гуноҳи фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо 8 сол зиндонӣ кардааст. Ҳоли ҳозир ду намояндаи дигари ширкати "Гардуна", ки якеаш шаҳрванди Ҷумҳурии Чех аст, дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд.
Ба қавли мақомот, масъулони "Гардуна" ваъда карда будаанд, ки корҷӯёнро дар ширкати мошинбарории "Шкода"-и Ҷумҳурии Чех ду сол бо ҷойи кор таъмин мекунанд. Вале баъд аз гирифтани ҳаққи хидмат ва харҷи сафар натанҳо бо ҷойи кор таъмин накардаанд, балки пулашонро барнагардондаанд.
Наздикони маҳкумшудаҳо ба бегуноҳии онҳо пойфишорӣ доранд ва бозбинии ҳукмро талаб кардаанд. Ба қавли баъзе афроде, ки мегӯянд фиреб хӯрданд, ҳадафи онҳо аз шикоят бозпас гирифтани пулҳои ба ширкат додаашон буд, чизе, ки ба он сахт ниёз доранд.
Ҳукми додгоҳ нисбат ба Товус Хушқадамова ва Бахтиёр Арабов дар охири моҳи октябри имсол содир шуда, ҷузъиёти он 21-уми ноябр ба Радиои Озодӣ маълум шуд. Бар асоси қонуни афв, муҳлати ҷазои онҳо ду сол кам гардидааст. Дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вакилони мудофеи айбдоршавандаҳо аз рӯи ҳукм шикоят карда, бозбинии онро талаб доранд.
Зоиршо Юнусов, яке аз даҳҳо нафарест, ки мегӯяд, бо гузашти даҳ моҳ ҳанӯз натавонистааст пули ба ширкат додаашро пурра бигирад. Ӯ мегӯяд, ба ваъдаи ҷойи кору маоши баланд ва шароити беҳтар дар Ҷумҳурии Чех бовар карда, ба ширкати "Гардуна" 1300 доллар дода буд.
"Умед доштам, аз кори сахту камдаромади Русия озод мешавам, аммо дар ниҳоят фиреб хӯрдам ва чанд моҳ боз бекору қарздор ҳастам. Ба мо акси хобгоҳ ва ҷойи корро нишон дода, гуфта буданд, ки моҳона 960 евро аст ва ҷойи хобу хӯрок бепул", -- нақл кард ӯ.
Юнусов мегӯяд, бо умеди дарёфти кори хуб дар Аврупо аз дигарон қарз гирифта буд ва то ҳанӯз натавонистаст онро баргардонад: "Як қисми пули маро муҳосиби ширкат то боздошт шудан баргардонда буд. Агар боздошту зиндонӣ намекарданд, шояд маблағҳоро бармегардонд ва мо ҳам қарзи дигаронро медодем."
Афроде, ки ба мисли Зоиршо Юнусов худро ҷабрдида мешуморанд, беш аз 200 нафар будаанд. Аммо вакили мудофеи масъулони ширкати "Гардуна" гуфт, дар парванда шикояти 34 нафар сабт шудааст.
Наздикони Товус Хушқадамова, яке аз ду масъули ширкати “Гардуна”, ки ҳоло ба зиндон маҳкум шудааст, ба бегуноҳии ӯ таъкид доранд. Онҳо мегӯянд, Хушқадамова “ягон кори ғайриқонунӣ накардааст” ва ӯ то охир бовар доштааст, ки корҷӯён бо кор дар Чехия таъмин мешаванд. “Баъд аз фирори Ватслав Скоҳоутил, шаҳрванди Чехия ва Тоҳир Рустамов, муовини ширкати “Гардуна”, ки ҳамзамон шавҳари Товус Хушқадамова аст, корафтодагони ширкат маблағро аз ӯ талаб кардаанд”, -- гуфт Фирӯза, хоҳари ӯ.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Васвасаи кор дар Аврупо корҷӯёни тоҷикро ба "дом" афтонд. ВИДЕО
Абдукарим Абдуҳамидов, вакили дифои ду корманди маҳкумшудаи ширкати мазкур мегӯяд, “ин ду нафар маблағро тасарруф накардаанд. Бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бонкӣ маблағро фиристодаанд. Тафтишоти пешакӣ инро ба назар нагирифт ва бо вуҷуди он ки ӯ кӯдаки ширмак дошт, боздошт шуд.”
Товус Хушқадамова модари 4 фарзанди ноболиғ будааст. Кӯдакони ӯро ба пайвандонаш тақсим кардаанд. Гулхизо Ашӯрбекова, модари Товус Хушқадамова рӯзи 21-уми ноябр гуфт, бо вуҷуди он ки духтараш худро гунаҳкор намедонад, талош кардааст 30 дарсади маблағи сокинонро баргардонад. "Агар ӯ гуноҳ медошт, суроғаашро иваз мекард. Гурехта, ба пеши шавҳараш мерафт, вале нарафт. Ӯ то охир фикр мекард, мушкил ҳал мешавад. Дар охир хонаашро ба гарав монд,” – гуфт ӯ.
Ширкати “Гардуна”, ба гуфтаи вакили мудофеи масъулини он, бо иҷозатномаи идораи муҳоҷирати Тоҷикистон кор мекардааст ва ин ҳам бовари корҷӯёнро барои дарёфти кор дар Чехия бештар кардааст. Ҷалби даҳҳо нафар барои кор дар Чехия дар ҳолест, ки ба таъкиди афроди огоҳ пайдо кардани ҷойи кори қонунӣ дар Ҷумҳурии Чех ҷараёни содаву осон нест.
Ҷомеашиносон мегӯянд, бекории аз ҳад зиёд дар кишвар ва маоши кам дар корхонаҳои дохилӣ сокинонро ба кору маоши муносиб дар хориҷа умедвор кардааст ва васвасаи кор дар Аврупо ё кишварҳои дигари пешрафта баъзан онҳоро ба дом меафтонад. Бекорӣ яке аз мушкилҳои асосии мардуми Тоҷикистон аст.