Ҷузъиёти қатли мӯсафеди тоҷик

Акс аз бойгонӣ

Матбуоти Русия менависад, як мӯсафеди 60-солаи зодаи Тоҷикистон дар вилояти Ярославл қурбони тирандозии мастомасти як марди маҳаллӣ шудааст.

Матбуоти Русия ирӯзи 13 ноябр ҷузъиёти бештари қатли як марди 60-солаи зодаи Тоҷикистон дар вилояти Ярославлро нашр кардааст.

Қаблан гузориш шуда буд, ки рӯзи 11 ноябр дар як сохтмон дар кӯчаи Курчатови ноҳияи Фрунзеи вилояти Ярославли Русия як марди 60-солаи зодаи Тоҷикистон бо тири туфангча кушта шуд ва пулис ба дунбол, бо гумони даст доштан дар ин куштор як сокини 48-солаи маҳаллиро дастгир кардаву алайҳаш бо иттиҳоми куштор парвандаи ҷиноӣ кушодааст.

Сомонаи kp.ru навишт, ки дар асл марди кушташуда на гастарбайтер набуда, балки чандин сол боз дар Ярославл ба сар мебурд ва шаҳрвандии Русияро ҳам ба даст оварда буд. Ин сомона менависад, “маълум шуд, ки марди кушташуда дар сохтмон ба ҳайси посбон кор мекард бо яке аз сокинони маҳаллӣ муноқиша кардааст. Ин марди 48-солаи сокини Ярославл, ки дар ҳавлии ҳамсоя ба сар мебурд, мастомаст ба кӯча баромада, дар дили шаб ба тирандозӣ сар кардааст. Посбонҳои сохтмон камонро аз дасти ӯ гирифта, кӯшиш кардаанд, оромаш кунанд. Вале ин мард аз ҷайбаш туфангча(пистолет) кашида мебарорад ва ба рӯи яке аз посбонҳо чанд тир холӣ мекунад. Ин мард дар натиҷа кушта мешавад.”

Ба гуфтаи мақомоти пулис, тирнадоз ҳатто дарк накардааст, ки чӣ ҷинояте содир кардааст. Баъди куштани посбон ӯ оромона ба манзилаш баргашт ва хоб рафт. Ӯро танҳо баъди ягон ду соат маъмурони пулис дар бистари хобаш боздошт кардаву ба дастонаш завлона задаанд.

Кумитаи тафтишоти ноҳияи Фрунзеи вилояти Ярославл ҳоло алайҳи ин тирандоз парвандаи ҷиноӣ кушодааст ва ба ӯ то 15 соли зиндон таҳдид мекунад. Кумитаи тафтишоти Русия дар сомонааш хабар дод, ки ин мард бар асоси моддаи 105-уми Кодекси ҷиноии Русия (куштор) айбдор мешавад. Ин модда барои куштани афрод вобаста ба ҳолати он аз 6 то 15 соли зиндонро ҳамчун ҷазо пешбинӣ мекунад.

Ба навиштаи kp.ru, маълум шуда, ки ӯ қаблан ҳам маҳкум ба зиндон шуда буд, вале дар иен авохир гӯё мушкиле бо мақомот надошт. Хешовандонаш мегӯянд, ӯ машруботи зиёд ҳам намехӯрд ва онҳо намедонанд, ки он шаб бо ӯ чӣ шуду чӣ гузашт, ки дар як дили шаб ба даст силоҳ гирифта, ба кӯча баромад?

Исми тирандоз ва ҳамин тавр, ҳуввияти қурбонии ӯ нашр нашудааст. Ва аммо дар ҳоле ки kp.ru аз ӯ ба унвони шаҳрванди Русия ном бурдааст, аксари расонаҳои маҳаллӣ мӯсафеди кушташударо тоҷик ва шаҳрванди Тоҷикистон ном мебаранд.