Марзбонони тоҷик дар ҳоле 24-умин солгарди таъсисёбии ниҳоди худ таҷлил карданд, ки тамоми ин солҳо ва ба вижа солҳои охир ҳифзи марзи давлатӣ ва ҳудудҳои он аз пурчолиштарин масъалаҳо дар амри таъмини амнияти кишвар маҳсуб мешавад.
Таҳдиди гурӯҳҳои силоҳбадаст ба убури марз бо Афғонистон, қочоқи маводи мухаддир ва аслиҳа аз сахттарин чолишҳои марзбонҳои тоҷик дар солҳои охир гуфта мешавад.
"Мусодираи 22 тонна маводи мухаддир"
Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон мегӯяд, ба муносибати рӯзи марзбонони тоҷик чандин сарбозон ва афсарон бо медал ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Ҷаноби Улуғхоҷаев рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамчунин дар рӯзи идашон барои марзбонон дар шифохонаи марказии ҳарбии Раёсати марзбонӣ майдони варзишӣ бунёд гардид.
"Дар давоми 24 сол дар тамоми мавзеъҳои сарҳади давлатӣ дидбонгоҳҳои нави сарҳадӣ ва дигар иншооти зарурӣ сохтаву навсозӣ шуда, ҷузъу томҳои марзбонӣ бо техникаву таҷҳизоти муосир, силоҳу муҳиммоти ҷангӣ ва дигар ашёву лавозимоти ҳарбӣ таъмин гардиданд,”-афзуд Муҳаммад Улуғхоҷаев.
Сухангӯи Нерӯҳои марзбонӣ мегӯяд, давоми 24 соли фаъолият марзбонони тоҷик аз даҳҳо қонуншиканӣ дар марз ҷилавгирӣ карда, миқдори бузурги маводи мухаддиро мусодира кардаанд. Аз ҷумла марзбонони тоҷик дар ин давра, зиёда аз 440 қочоқчию марзшиканро дастгир кардаанд. Мақомот мегӯянд, дар давоми солҳои фаъолияти ниҳод марзбонҳои тоҷик аз гурӯҳҳои ҷиноӣ зиёда аз 22 тонна маводи нашъаовар ва миқдори зиёди муҳимоти ҷангӣ мусодира кардаанд.
Дар баробари ошкор кардани даҳҳо қонушиканӣ сарҳадбонони тоҷик қурбониҳо низ додаанд. Ҳарчанд мақомот омори марзбонони қурбоншуда ба ҳангоми иҷрои масъулиятҳои касбиашонро нашр накардаанд, аммо пурсарусадотарин қурбонӣ ин кушта шудани полковник Хайриддин Аҳтамов мебошад.
Хайриддин Аҳтамов дар як шабехуни 2-юми декабри соли гузашта дар марзи Афғонистону Тоҷикистон кушта шуд ва чор сарбозу афсари дигар захмӣ шуданд. Ӯ баландтарин афсаре буд, ки дар ҷарёни мубориза бо гурӯҳҳои марзшикан ва қочоқчӣ ҷон дод.
"То Афғонистон ором нашавад, вазъи марзбонон мушкил мемонад"
Мақомоти марзбонӣ мегӯянд, вазъ дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон дар солу моҳҳи охир нигаронкунанда шудааст. Бахусус ҷамъшавии 7 ҳазор ҷангҷӯ дар он тарафи марз аз нигарониҳои аслӣ номбар мешавад. Таҳлилгарон низ мегӯянд, хатари гузаштани ҷангҷӯён ба ин ҷониби марз доимо вуҷуд дорад.
Нуралишоҳ Назаров, собиқ муовини фармондеҳи нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳам марз бо Афғонистонро аз мушкилиҳои аслӣ барои марзбонони тоҷик арзёбӣ кард. Собиқ фармондеҳи нерӯҳои марзбонӣ гуфт, то замоне, ки вазъ дар Афғонистон ором нашавад, вазъи сарҳадбонони тоҷик мушкил хоҳад буд.
"Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон марҳилаҳои зиёд ва давраҳои вазнинеро паси сар карданд. Аз рӯи маълумотҳо дар тарафи Афғонистон ҷангҷӯёни зиёд ҷамъ шудаанд. Барои ҳамин ҳушёр шудан даркор аст, ки гуфта намешавад яке ногаҳон ҳуҷум накунанд. Мақсади онҳо ҳам ҳамин аст".-афзуд собиқ фармондеҳи Нерӯҳои марзбонӣ.
Нуралишо Назарова мегӯяд, зери назорати ҷиддӣ гирифтани 1400 километр бо Афғонистон ва ошкор кардани қонуншиканиҳои зиёд дар сарҳад нишон медиҳад, ки марзбонони тоҷик тавони ҳимояи марзро доранд. Марзбонони тоҷик шурӯъ аз соли 2005 ба ин сӯ назорати марз бо Афғонистонро, ки то он замон ҳамроҳ бо Русия идора мешуд, ба ӯҳдаи худ гирифтанд.
"Панҷ мушкили аслӣ барои марзбонони тоҷик"
Маҳдӣ Собир, таҳлилгари дигари масоили амниятӣ мегӯяд, бо назардошти вазъи минтақа марзбонони тоҷик ҳамеша ба чолишҳои бузурге рубарӯ мебошанд.
Аз ҷумла ба гуфтаи ӯ, "чолишҳо иборат аст аз рӯбарӯ шудан бо гурӯҳҳои террористӣ, паҳн шудани маводи мухаддир, ғайриқонунӣ убур кардани сарҳад, паҳн кардани адабиётҳои динӣ ва паҳн кардани силоҳу муҳимоти ҷангӣ. Аз ҳамаи инҳо чолиши аслӣ ин паҳн кардани маводи мухаддир мебошад."
Маҳдӣ Собир мегӯяд, ҳукумат бояд тамоми чораҳоро биандешад то марзбонон аз ҳама ҷиҳат таъмин бошанд. Чун ба қавли ин коршиноси тоҷик дар ин самт камбудиҳое дида мешавад. Маҳдӣ Собир гуфт: "Пеш аз ҳама моҳонаи афсарон баланд бошад, то онҳо тавонанд зиндагии худро пеш баранд ва барои бехатарии миллату давлат кӯшиш намоянд."
Бархе коршиносони дигар мегӯянд, сохтори марзбонии Тоҷикистон дар муддати ин солҳо дар нуқоти дигари марзӣ, аз ҷумла дар Қирғизистону Узбекистон дарси мудирияту назоратро азхуд карданд. Муноқишаҳои марзӣ ваё бурузи нофаҳмиҳо дар миёни сокинони деҳоти наздисарҳадӣ марзбонҳои тоҷикро зарурати ба кор бурдани ҳунари дипломатӣ ва муомилатҳои маданиро ҳам тақозо кард.
Тоҷикистон бо чаҳор кишвар - Узбакистон, Қирғизистон, Чин ва Афғонистон беш аз 4 ҳазор километр марзи муштарак дорад. Марзи миёни Тоҷикистон бо Афғонистон, ки 1400 километрро ташкил медиҳад, вобаста ба вазъи кишвари ҳамсоя муташанниҷ мегардад.
Мақомоти тоҷик ҳамвора таъкид кардаанд, ки нерӯҳои Тоҷикистон аз соли 2005 ҳимояи тамоми марзи кишварро ба дӯши худ доранд ва собит намуданд, ки ба чунин коре омода мебошанд.