Намадгут - биҳиште аз биҳиштҳои Бадахшон

Саодатқадам Назаршоев

Ин матлабро Саодатқадам Назаршоев ба Озодӣ фиристода, мегӯяд, 5 сол боз дур аз зодгоҳаш ба сар мебарад ва хостааст, муҳаббаташ ба зодгоҳи худ - Намадгутро дар ин матлаб бикорад.

Ай Намадгути биҳиштосои ман!

Дар ҳамин ҷо ман ба дунё омадам,
Дар ҳамин ҷо чашмбино омадам.
Дар ҳамин ҷо аст, манзилгоҳи ман,
Дар ҳамин ҷо аст, равшан роҳи ман.
Ай Намадгути, биҳиштосои ман,

Дар ҳамин ҷо аст, қадамгои Алӣ.
Ҳам мазори Шоҳи Мардон, Дулдули пои Алӣ,
Дар ҳамин ҷо шуд муяссар
Мазраи нури Муҳаммад (с), дасти сахои Алӣ,
Ай Намадгути биҳиштосои ман.

Дар ҳамин ҷо аст боғу мевазор,
Дар ҳамин ҷо ҳам қалъаву кӯҳсор.
Дар ҳамин ҷо оби софу чашмасор,
Дар ҳамин ҷо аст макони нурбор.
Ай Намадгути биҳиштосои ман.

Саодатқадам Назаршоев

Дирӯз бо устод ва амаки фарреҳтаам Одинамаҳмад Мирзоев сӯҳбати телефонӣ доштам, хушҳолам, ки сиҳативу саломатиашон бо баракати Худованди бениёз бахайр аст.

Вақти устод ба корҳои илмиашон масраф буд. Хушнудам, ки қаламаш мудом равон ва ёдрас аз таърихи гузаштаамон аст. Чанд рӯз пеш мақолааш дар нашрияи "Минбари Халқ бо номи “Изи асрҳо дар Намадгут” ба чоп баромад, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон менамоям:

“Яке аз 45 деҳаҳои ноҳияи Ишкошим - Намадгут - дар худ сифатҳои қайдгардидаро бештар таҷассум намудааст. Номи худи деҳа таърихӣ буда, забоншиносон маънои онро аз калимаи Намата- гатаи забони куҳнаи форсӣ ҷойи зиёрату ибодат маълум намудаанд. Ин яке аз қадимтарин нуқтаи аҳолинишин будани онро далолат мекунад. Дар инҷо зиёда аз 17 ёдгориҳои таърих ва гушаҳои нотакрори табиат ҷойгиранд ва меарзад, ки қобили маълумоти хонандагон гардад. Ин деҳа дар худ саргузашти ба худ хос дошта, дар саҳифаҳои таърихи кишвар хиссагузор мебошад.

Дар Намадгут бархӯрди байни дину давлатҳо рӯй додааст. Он оромию нооромиҳои асрҳои гуногунро нисбат ба дигар деҳаҳо бештар аз сар гузаронидааст. Дар гузаштаи дур маркази шоҳигарии Вахон дар инҷо ҷойгирифта, ягона пуле, ки аз фарози дарёи Панҷ мегузашт ва роҳи наздиктарин ба сӯи Ҳиндустон (ҳоло Покистон) аз ин деҳа сар мешуд. Рӯи кор омадани осорхона дар деҳа ба таърихи он такя мекунад ва далели гуфтаҳои боло хисоб меёбад.

Манбаҳои таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ки шохаи ҷанубии Роҳи абрешим, ҳаракати тоҷирони чинӣ аз худуди Вахон мегузашт ва онҳо дар таърих бо номи «Роҳи вахонии абрешим» ва « Роҳи вахонии буддоӣ» маълуманд. Ин роҳ серодам будааст. Мусофирон аз ҳарду соҳили Панҷ ҳаракат карда, диққати онҳоро қалъаи Қаҳқаҳа, ки дар водии фаррох дар соҳили рости дарё ҷойгир буд, ба худ мекашид. Сайёҳону тоҷирони Чин: Фас-Ян, Сон-Юн, Сюан-Сзян, Хой-Чао олимону эмиссарҳои Аврупо: Марко Полои итолиёвӣ, Ҷон Вуд, А. Форсайт, Ч. Уйфолови, А.Л.Лолимери британӣ, А.Стейни венгерӣ, О. Олуфсени даниягӣ, Б.В. Станкевичи полландӣ, Г. Маргенстерни норвегӣ, А.А.Бобринскиий, А.А.Корженевский,М.С. Андреев, В.К. Мосалский, А.Н.Берштам, М.Б. Станишевский, А.Бобоев, М.Б.Бубнова, С.Н.Климчинский, Б.А.Ранов, И.Н. Зарубини рус К.Энокий, Ширатории ҷопонӣ ва бисёр дигарон дар деҳаи Намадгут мушоҳидаҳо гузаронида номи онро ба қайд даровардаанд.

Муҳимтарин ёдгории таърихии деҳа қалъаи Қаҳқаҳа мебошад. Он яке аз се қалаҳои (қалъаи деҳаи Ҳисор то кунун боқӣ намондааст) типпи шаҳрии Вахони қадим буда, дар асри 111 пеш аз милод сохта шудааст. Дарозиаш 650 ва паҳнои ба ҳисоби миёна 300 метрро дар бар мегирад.

Олимон санаи сохтмони калъаҳоро ба замони давлатдории Кушониён муайян кардаанд. Мақсади сохтмони силсилаистеҳкомҳои водии Вахонро ба он алоқаманд менамоянд, ки дар асри 111 пеш аз мелод ҳаракати кучманчиёни тибет, сакҳо ва қувваҳои ҳарбии Чин ба Помир меафзояд ва хатари воридшавии онҳо ба дарунаи мамлакат ва аз даст рафтани роҳи Вахон аз пеш меояд. Илова ба ин роҳҳои ҷанубу шимол ва шарқу ғарб ба Ҳиндустон, Аврупо ва Чин аз ин ҷо мегузашт ва аҳамияти иқтисодӣ, ҳарбию сиёси пайдо карда буд.

Интихоби ҷой, мавод ва санъати қалъасозӣ дар шароити он давра қобилияти баланди фикрии муҳандисонро талаб мекард. Ба чунин комёбӣ соҳиб шудани санъати муҳандисии он давра дар китоби «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров чунин омадааст. «Муҳандисони қалъасозӣ Осиёи Марказӣ комёбиҳои калон ба даст овардаанд. Деворҳои рахнанопазири қалъаҳо, ки онҳоро бурҷҳои овеза, сади мураккаби таги дарвоза ва тиркашҳои сершумор боз ҳам мустаҳкамтар мекарданд санъати қалъасозии Осиёи Миёнаро ба дараҷаи беҳтарин санъати қалъасозии он давра боло бардошта будаанд. Дар водиҳои Помири ғарбӣ Қаҳқаҳа ва Ямчун барин қалъаҳои азим сохтаанд, ки дар сари роҳи асоси вокеъ буданд ва силсилаи истеҳкомҳои дарозмуддати бо ҳамдигар алоқамандро ташкил мекарданд».

Ин силсилаистеҳкомҳо дар харду соҳили дарёи Панҷ дар масофаҳои муайян сохта шудаанд. Дар масофаи дукилометраи он тарафи дарё қалъаи Сияҳпушта, Варқ, дар ин тарафи соҳил қалъаҳои Рэн ва Реч қомат афрохтаанд, ки сохтмони қисми онҳо ба давраи сохтмони қалъи Қаҳқаҳа рост меояд.

Вайронаҳои қалъаҳо то замони мо омада расидаанд. Деворҳои қалъаи Қаҳқаҳа дар қисми шимол 1-2 ва ҷанубу ғарб то 6 метр муҳофизат ёфта, қисми ҷанубии девор нақшбандӣ ёфтааст. Дар хатти дарозии девор боқимондаи 56 манораи дидбонӣ ва садҳо тиркашҳо муҳофизат ёфтаанд.

(Манзараҳои деҳаи Намадгут)




Аз замони гузашта то ба ин рӯз расидааст, ки хишти аз гилу коҳ рехтаи андозаашон гуногун дар масофаи чанд рӯза роҳ дар хоки Бадахшони Афғонистон рехта бо ҳамдастии 70 ҳазор нафари паҳлу ба паҳлуистода то ба ҷои сохтмон кашонида, болои бунёди аз санг сохта девор шудааст. Тибқи ба охир расидани сохтмон дар ҷои гарамкардаи байни роҳ қалъаи дигаре қомат афрохтааст.

Таърихи фаъолияти қалъаҳои Вахони қадим нокофтаю нонавишта бошанд ҳам аз ёддоштҳои сайёҳони Чин, асари муаррихон ва нақлу ривоятҳои то замони мо расида шаҳодати онанд, ки дар гузаштаи дур задухурди байни чиниҳо ва тибетиҳо барои соҳиб шудани роҳи Вахон дар қайди зоҳирон даромадааст. Сар задани ҷанги байни арабҳо ва тибетиҳо дар хотираи дарвеши чинӣ Хой –Чао ҳангоми соли 729 аз Вахон гузаштанаш ба қайд даровардааст. Истодагарии қалъаи Қаҳқаҳа дар ҷорӣ шудани дини буддоӣ дар қаламрави Вахон, ҷанги байни оташпарастон ва арабҳо дар ин қалъа ба вуқуъ пайваста аст. Қабристонҳои, сершуморе, ки то имрӯз дар атрофи қалъа омухта шудаанд аз ҳодиссаҳои он замонҳо далолат мекунанд.

Аз маълумотҳои таърихӣ бармеояд, ки соли 715 дини Ислом дар саросари Осиёи Марказӣ паҳн шуда, вориди кӯҳистон мешавад. То ба Вахон омадани Хой- Чао (729) мардуми ин сарзамин саросар эътиқодманди мазҳаби ҳиноянии дини буддоӣ будаанд ва он ба ноҳияҳои ҳамсоя паҳн нашудааст. Шояд қалъаи Қаҳқаҳа ягона истеҳкоми мустаҳками дини зардушт буд, ки ба паҳншавии буддизм ба нохияҳои ҳамсоя, ки аз он ғарбтар воқеъанд, истодагарӣ карда тавонист. Дар махазҳои таърихӣ омадааст, ки дини Ислом соли 736 то Ҷирми Бадахшони Афғонистон паҳн шудааст ва баъдҳо ба води Вахон, ки бо ҷангҳо анҷомид доман паҳн кард.

Аз нақли то замони мо расида, қувваҳои арабро Холид ибни Валид сардорӣ мекард. Яке аз монеае, ки пешоруи қувваҳои араб аз пеш омад ин қалъаи Қаҳқаҳа дар Намадгут буд. Сардори қалъа аз Холид ибни Валид омодагии даҳрӯзаро ба ҷанг пурсида, сипас ба амалиёти ҷангӣ гузашта, қувваҳои арабро ба муҳосира мегирад ва танҳо яке аз гурезагон ба марказ хабар мерасонад.

Саранҷоми фатҳи қалъаҳои Вахон, ки дар тасарруфи бародарон Қаҳқаҳа, (Намадгут) Замри оташпараст (Ямчун), Зангибор (Ҳисор), хоҳарон Зулхумор (Сиёҳпушта) ва Зулашам меистод, бо сафарбар шудани қувваҳои иловагӣ бо ғалабаи арабҳо меанҷомад.

Аммо амалиётҳои ҷангӣ идома меёфт. Оташпарастони шикастхӯрда ба паси Ҳиндукуш рафта аз он ҷониб муборизаи ҷангиро бо қалъаи фатҳгардидаи Қаҳқаҳа, ки акнун бо номи Кофирқалъа соҳиб шуда буд, давом медиҳанд. Аз таъсири онҳо мардуми ба дини Ислом даромада дар саргоҳи деҳа гурезгоҳо кофта, пинҳон мешуданд. Шумораи ин гурезгоҳҳо то 20 ададро ташкил дода идае аз онҳо аз ду ошиёна иборатанд. Мардум сохтмони ин гурезгоҳҳоро ба давраи паҳншавии ислом мансуб медонанд.

Ба муносибати ғалабаи дини Ислом паҳлуи қалъаи Қаҳқаҳа зиёратгоҳи «Шоҳимардон» ҷой гирифтааст. Он ба номи қадамгоҳи ҳазрати Алӣ машҳур аст, ки аз рӯи ривоят баъди шикасти қувваҳҳи араб бо сардории Холид ибни Валид ба ин сарзамин омада, ба ғалаба муваффақ шудааст. Амалиёти зиёратгоҳи Шоҳимардон ба давраи паҳншавии Ислом рост омада, таърихи куҳан дорад. Соли 1838 Ҷон Вуд сохти зиёратгоҳро ба қалам дода буд. Ин дуюмин ёдгории сарироҳи деҳаест, ки сайёҳон онро мебинанд. Аммо маънои зиёратгоҳ доштани деҳаро аз давраи дини зардштиён ҳисобидан мумкин аст, ки қалъаи Қаҳқаҳа маркази онро дар он қаламрав ба зимма дошт.

Мо имрӯз бояд муҳоффизати ёдгориҳои таъриху гӯшаҳои нотакрори табиатро аз солҳои пеш дида беҳтар ба роҳ монем. Дар ин ҷода баъзе корҳои анҷомдода боиси қаноатмандист. Аз ҷумла дар курсу семинарҳо тайёр намудани кадрҳои ин соха, дар қаълаҳо шинондани маълумотномаҳо, сохтани роҳи пиёдагард дар дохили қалъа ва баъзе корҳои дигар аз тарафи ассосиатсияи сайёҳии вилоят анҷом дода шудаанд.

Аз таъсири атмосфеари сол аз сол вайроншавии қалъаи аз хишти хом сохтаи Қаҳқаҳа босуръат давом дорад. Дар натиҷаи боришоти бардавоми соли пеш калонтарин манораи дар қисми ҷанубии он фуру рехт. Дар аҳди ғарбии он нақши деворҳо торафт ноайён шудаистодаанд. Солҳои дароз ҷой додани дидбонгоҳи сарҳадчиён ба муҳофизати қалъа таъсири манфӣ барҷо гузошт ва дар ҳақиҳат ҳам дучори норозигии одилонаи сайёҳони хориҷӣ гардид. Сохтмони обектҳои зист, саисхона, партовгоҳҳо истифодаи хоку санг барои сохтмон, кандани хандақҳо ба дигаргуншавии мазмуну сохти қалъа таъсири манфӣ гузошт ва ҳоло, ки аз тарафи мақомоти ҳокимияти маҳал ин камбудӣ ислоҳ шудааст корҳои бетаъхирӣ аз ҷихати илмӣ баркароркуниро талаб менамояд»

Бояд хотирнишон кард, ки табиати зебои ин диёр дар баҳору тобистон диққати ҳар бинандаро ба худ ҷалб мекунад. Аз ҳар сӯи деҳа чаҳ-чаҳи булбулон, манзараи дилрабои гулзорону, боғҳои себу нокзорон, майдонҳои зардолую, шафтолу, бинандаро мафтун мегардонад. Худо агар ба ҳаркас насиб гардонад, ки як бор ба деҳаи Намадгути бостони ояд, бо мардуми шарифу бомаърифат, дилкушоду саховатманд, меҳмоннавозу иззатманд, зарофатгўю ҳозирҷавоби он бинишинаду ҳамсӯҳбат шавад, ҳамеша хостори он мегардад, ки такрор ба такрор ба ин мавзеъ омада аз сӯҳбати устодону деҳқонон, устоҳои гулкор, ахли адаб баҳра бардорад.

Мактаб даргоҳест, ки бехирадон соҳибхирад мегарданд

Мактаби таҳсилоти миёнаи умуми №18 ба номи Рамадонов Мамадазим.


Мактаб бузургдаргоҳест, ки баробари дар остонааш қадам гузоштан хурдон, бузургон барнодил ва бехирадон соҳибхирад мегарданд. Бале дар асл ҳам чунин аст, нахуст қадами ин фарзандон ба боргоҳи илму маърифат маҳз аз мактаби ҳамин деҳа оғоз ёфта, дар соҳаҳои гуногун ба дуриҳои дур ва қуллаҳои баланд расиданд. Ба монанди:

Устод - Зарифбек Саломатшоев, Мазабшоҳи Мабатшо, Гулхоҷаи Ҷангибек, Боғшо Лашкарбеков, Доробшои Давлатшо, Ноёбшо Зуробеков, Зебиниссо Мабатшоева, Абдуло Абдураимов, Хушвахтшо Муборакшоев, Моҳинав Байрамбекова, Кобулмо Назаршоева, Пайшанбе Лалбеков, Муминшо Мабатшоев, Бодурбек Амирбеков, Айдибек Қадамалиев, Некқадам Зуробеков, Сафархоҷа Карамалиев, Айёмбек Қадамалиев, Ҷангибек Муборакшоев, Мирзоев Одинамуҳаммад, Ҷумахонов Муло, Гулхоним Гулхоҷаева, Шогунбек Муборакқадамов, Гулзорова Донабегим, Амиргулхон Айдаров, Иқбошо Муминшоев, Мамадсано Бунёдбеков, Ҷаббор Ғаффоров, Соҳибдавлат Назаршоева, Қаноати Алиқул, Абдулло Ғаффоров, Мадшо Ҷабборов, Мамадазим Рамадонов, Давроншо Назаршоев, Ҷумахон Ҷумахонов, Гулбек Шодавронов, Байрамбек Саидқадамов, Хилватшои Султоншо, Мирзои Одинамуҳаммад, Муборакшо Ҷангибеков, Арбобмеҳри Шадодов, Зарифмо Додмамадова ва ғайраҳо. Ва ин силсила ифтихори моён кунун аз Шамси Муборакшоев, Ҳалимшо Султоншоев, ва Мусо Мирзоев аст, ки имрӯз камина аз ҳурмати зиёдам нисбати инҳо, бо сад ифтихори баланд аз номҳояшон садо додам. Умедворам ки ин боргоҳи илму маърифат анъанаи некро дар оянда низ дар худ нигоҳ дошта, чеҳраҳои бузурги соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро ба воя хоҳад расонид. Анҷоми лутфамро мехостам бо чанд мисраи дигари шеъриам, ки аз муҳаббати бепоён, нисбат ба ин диёри маърифатпарвар ба қалам овардаам ба шумо арза намоям.

Аз он ҷоям, ки қадамгоҳи Алӣ ал-Муртазо бошад,
Аз он ҷоям, ки дар он қалъае то осмон бошад.

Аз он ҷоям ки ҳар санги сари роҳаш,
Китобе аз гузашти “Тоҷикон” бошад.

Макони ганҷи зарру зевараш Зерев,
Ниҳон дар қаъри кӯҳои Вахон бошад.

Гар Намадгутро зи қарнҳо диёри меваҳо гӯянд,
Кунун равшангари ҳар деҳаву ҳар хонадон бошад.

Диёри мардуми фарҳангпарастон аст Намадгут,
Ба таъқиқ чун биҳшти рӯи ҷаҳон бошад.

Зи кӯҳсори баланд оби равонаш бар диёр ояд,
Шитобону давон сӯи хоки Шаҳи Мардон ояд.

Бифахрам дар ду олам ман ба зодгоҳи падарҷонам,
Ман, ки фарзанди ин зебодиёри Шодмон бошам.

Ба сӯи ин диёри нозанинам Муртазо Дулдулсавор омад,
Шитобону давон сӯи мо бо амри Яздон омад.

Бо ҳукми Ҳақтаъоло баркашид як наъраи охир,
Биларзид аз замин то осмон, шуд халқ дар таҳайюр,

Бизад бар гардани Қаҳқаҳ бо дам Зулфиқори худ,
Бияфтид бар замин он хунхору беасар монд зуд.

Чунин аст таърихи зебодиёри ман – Намадгутҷон,
Ки ҳасту буду бошад то абад бо ман басо ҳамсон.

Кунун дорем қадамгоҳи Шаҳи Мардон дар деҳам,
Ки будаст амри Яздон ин бар хоки ниёгонам.

Бифахрам дар ду олам ман ба зодгоҳи падарҷонам,
Ки ман фарзанди он зебодиёри Намадгутҷонам.

Ман на шоираму на нависанда. Ҳадафи камина танҳо равшани коштан аз рустои кӯҳанбунёду, биҳиштосоям буд, ки бо сад ифтихори баланд аз номҳояшон садо додам. Хушҳолӣ ва хонаободии шумоёнро аз даргоҳи Худованд таманно дорам. Комраво бошед! Бо эҳтироми самимӣ!
Саодатқадам Назаршоев