Таи се рӯз аст, ки маблағҳои интиқолӣ бо рубли русиро бонкҳои Тоҷикистон ба пули миллӣ - сомонӣ бармегардонанд ва сипас ба соҳибонашон медиҳанд. Ин иқдом бар асоси дастури нави Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шудааст. Дастури нави Бонки миллӣ ба афроди воқеӣ, ки дар бонкҳо ҳисоб надоранд, рабт дорад ва ба пули ширкату корхонаҳо дахл намекунад. Ин дастур ба асъори хориҷие чун доллар ва евро рабт надорад.
Наргис Холдорбекова, сардори Маркази хизматрасонии рақами 3-и "Агроинвестбонк" дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, амри бонки миллӣ барои аз байн бурдани бозори сиёҳи асъор ва танзими сомонӣ таъсиргузор хоҳад буд. Холдорбекова мегӯяд, ки ба муштариҳо додани рубл қатъият манъ шудааст ва новобаста ба хоҳиши корафтодаҳо онҳо бояд ба ҷои рубл сомонӣ бигиранд.
"Ҳоло ҳамагӣ ду рӯз аз ин амр сипарӣ шудааст, ростӣ на ҳама розиянд.
Мардум одат накардаанд. Онҳо дигар хел мефаҳманд. Камтар гаранг шудаанд, ки қурб болову поён мераваду зарар мебинанд ё фоида. Аммо фикр мекунам, ин вазъ оҳиста-оҳиста ба танзим медарояд”, - гуфт Наргис Холдорбекова.
Аммо баъзе кормандони бонк ин воқеъиятро низ эътироф мекунанд, ки низоми муомилот танҳо бо сомонӣ метавонад интиқоли рубли русиро аз тариқи бонкҳо кам кунад. Мақомоти расмӣ мегӯянд, ки ин иқдом бо ҳадафи боло бурдани қурби пули миллӣ ва иҷрои қонуни Тоҷикистон дар мавриди истифодаи пули миллӣ барои ҳисоббаробаркунӣ дар дохили кишвар сурат мегирад.
Ҳафтаи гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон низ дар ҷаласаи солонаи ҳукумат хоста буд, ки тамоми амалиёти харидуфурӯш дар ҳудуди ҷумҳурӣ танҳо бо пули миллӣ сурат гирад. Наргис Холдорбекова ба ин суол, ки оё ин амр хилофи оинномаи бонкҳо нест? - гуфт, муомилоте, ки дар асоси қарори Бонки миллӣ сурат мегирад, наметавонад ғайриқонунӣ бошад.
Қарори Бонки миллӣ баъзе хонаводаҳои муҳоҷирони кориро, ки маблағҳои наздикони муҳоҷири худро бо рубли русӣ аз бонкҳо мегиранд ва барои барномаҳои бузургтари хонаводагӣ пасандоз мекунанд, нигарон кардааст. Онҳо мегӯянд, ки чунин бархӯрд ба буҷаи бе ин ҳам холии хонаводаҳои муҳоҷирон зарба мезанад.
Аҳмадҷон Раҳимбеков, сокини ноҳияи Рашт, ки аз "Агроинвестбонк" ба ҷой рубли русӣ сомонӣ гирифтааст, мегӯяд, дирӯз ба ӯ аз Русия 10 ҳазор рубл равон карданд, вале вақте ин маблағ ба сомонӣ иваз шуд, 60 сомонӣ зарар дид. "Агар 60 сомонии дигар имрӯз зарар бинем, дар ду рӯз 120 сомонӣ мешавад. Агар кор ҳамин гуна идома кунад, ба писаронам мегӯям, минбаъд тариқи бонк пул равон накунанд”, - гуфт Аҳмадҷон Раҳимбеков.
Беҳрӯз Бобоев, сокини пойтахт мегӯяд, ҳоло, ки бӯҳрон аст ва қурби рубл ҳар лаҳза тағйир меёбад, беҳтар мебуд ба муштариён рубл медоданд, то баъдан дар ҳолати зарурӣ бо арзиши хубтар иваз кунанд.
1000 ҳазор рубли русӣ рӯзи 5 феврал 104 сомонӣ қимат дошт. Дар соли 2014 ҳазор рубли русӣ то 150 ва аз он бештар арзиш дошт, аммо дар оғози соли 2015 якбора то 65 сомонӣ поин рафт ва ҳанӯз ҳам натавонистааст қоматашро рост кунад. Дастури нави Бонки миллӣ дар мавриди бо сомонӣ гирифтани рублҳои фиристодаи муҳоҷирон дар ҳолест, ки қаблан Бонки миллӣ иваз кардани доллари Амрико дар берун аз ҳудуди бонкҳоро манъ кард ва фаъолияти саррофиҳои хусусиро дар қаламрави кишвар манъ кард.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад