2017 -- соле, ки бонкҳо мардумро навмед карданд

Рекламаи як замон маъруф бо шиори “Агроинвестбонк – бонки масъулиятшинос аст!” имрӯзҳо дар гӯши муштариёни ин бонк мисли як истеҳзо садо медиҳад.

Холиқназар Ҷумъаев, сокини шаҳри Душанбе яке аз онҳост. Ду сол қабл ӯ бо дархост ва бовариномаи як шаҳрванди дигари Тоҷикистон Моҳира Тағоймуродова, аз номи ӯ дар “Агроинвестбонк» пасандоз гузошт. Хонум Тағомурдова ва шавҳараш дар Русия кор мекарданд ва ба умеде пулашонро дар бонки Тоҷикистон амонат гузоштанд, ки рӯзе бо он барои худ хона мехаранд.

Ҷумъаев мегӯяд, "ду сол инҷониб ӯ наметавонад ин амонати ба ӯ боваршударо аз «Агроинвестбонк» бозпас бигирад. Мақомот ваъда медиҳанд, ки маблағро бармегардонанд, аммо маълум нест кай? Дар ин муддат шавҳари Моҳира Тағомуродова аз дунё гузашт”.

Бонки миллӣ дар соли равон шумораи ба таври бесобиқа зиёди ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳоро барҳам дод. Масъулони Бонки миллӣ ин тасмимро чун «сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат» шарҳ медиҳанд.

Шавҳари хонум Тағоймуродова ягона шахсе нест, ки орзуҳояшро бонкҳои Тоҷикистон ба гӯр бурданд. Хайриддин Қодирови 50-сола, сокини маҳаллаи Калинини шаҳри Душанбе низ моҳи июли соли равон пас аз оне, ки 100 ҳазор доллар пасандозаш дар бонки муфлисшудаи “Тоҷпромбонк” дармонд, афсурда шуд ва худкушӣ кард.

Бӯҳрон дар бонкҳои Тоҷикистон, ки соли 2016 шурӯъ шуд, дар соли 2017 ба авҷи худ расид. Навбатпоии муштариёни зиёд дар назди хазинаи бинои марказии «Агроинвестбонк» ва «Тоҷиксодиротбонк» барои гирифтани маош ва ё пасандози худ, ба як ҳолати маъмулӣ табдил ёфт. Муштариёни сарсони ин ду бонк дар оғози сол барои бозпас гирифтани маблағҳояшон умедворие пайдо карданд, аммо боз ҳам он бароварда нашуд.

Давлати Тоҷикистон дар оғози соли равон бо нашри векселҳо ва ихтисоси 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба "Тоҷиксодиротбонк" ва 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ ба "Агроинвестбанк" талош кард, ки ин ду бонкро аз вартаи касодшавӣ наҷот диҳад. Ду бонки дигар -- «Тоҷпромбонк» ва «Фононбонк», ки аз кӯмаки давлат маҳрум монданд, муфлис эълон шуданд ва айни замон таракаи амволи ин бонкҳо идома дорад.

Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон.

Ин кӯмаки давлат мушкили «Тоҷиксодиротбонк»-у «Агроинвестбонк»-ро ҳал накард ва ин мавзӯъ мояи баҳси тунди вакилон бо Ҷамшед Нурмуҳаммадзода, раиси Бонки миллӣ дар як ҷаласаи порлумонӣ дар охири моҳи октябр шуд. Маълум шуд аз 3 миллиард сомонӣ қарзи давлат ба бонкҳо, танҳо чоряки он - 800 миллион сомонӣ барои пардохти пасандозҳои мардум масраф шудааст. Барои ҳал нашудани бӯҳрони бонкӣ, вакилон истеъфои Нурмуҳаммадзодаро талаб карданд, аммо ӯ гуфт, ин маблағ барои пурра берун кашидани бонкҳо кифоя набуд ва барои ин боз 2 миллиарду 100 миллион сомонии дигар зарур аст.

"Бонкҳои дучори мушкил бояд барҳам дода шаванд"

Аммо созмонҳои байнамиллалии молӣ мегӯянд, сармоягузории давлат ба бонкҳо бояд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ сурат бигирад. Юрий Соболев, роҳбари намояндагии Сандуқи Байналмиллалии Асъор дар Тоҷикистон мегӯяд, дар ғайри сурат бонкҳое, ки низомсоз нестанд ваё фаъолияташон босубот нест, бигзор барҳам дода шаванд.

"Вақте сухан дар бораи бонкҳои дучори мушкил меравад, танзимгари соҳа (манзур Бонки миллӣ)-ро зарур аст, норасоии маблағро дар бонкҳо аниқ кунад. Бонкҳое, ки дучори мушкил шудаанд, вале низомсоз нестанд, бояд барҳам дода шаванд. Дар ҳолати сар задани буҳрони системавӣ, андешидани чораҳои изофӣ зарур аст. Аз ҷумла, кӯмаки таъҷилӣ барои нигоҳ доштани пардохпазирии бонкҳо ва кафолати бозгардони тамоми амонатҳои муштариён. Аммо кӯмаки молиявӣ аз будҷаи давлат ба бонкҳо бояд танҳо дар ҳолатҳои истисноӣ фароҳам оварда шавад",-мегӯяд ҷаноби Соболев.

Даромадгоҳи дафтари "Тоҷиксодиротбонк" дар Душанбе.

Зимнан, Бонки миллӣ дар соли равон шумори ба таври бесобиқа зиёди ташкилотҳои қарзӣ ва бонкҳои хурдро барҳам дод. Масъулони Бонки миллӣ ин тасмимро чун «сиёсати гузариш аз миқдор ба сифат» шарҳ медиҳанд.

Сироҷиддин Икромӣ, муовини раиси Бонки миллӣ дар ин робита гуфт, "мо фаъолияти 49 ташкилоти қарзиро қатъ кардем. Боз санадҳои 3 ташкилоти дигар барои қатъи фаъолият омода аст. Аммо дороии ин ташкилот чандон зиёд нест ва агар ба дороии ҳамаи ташкилоти хурди қарзӣ қиёс кунем, ин ҳамагӣ 2 дарсадро ташкил мекунад...”

"Бо ин фоизҳо маълум аст, ки қарзҳо ба бонк барнамегарданд"

Аммо муҳаққиқони умури молия ва бонкдорӣ мегӯянд, бӯҳрон дар бонкҳои Тоҷикистон сабабҳои усулӣ дорад, ки солҳо боз ҳалношуда боқӣ монда буд ва бо кам шудани интиқоли пули муҳоҷирон дар соли 2017, якбора авҷ гирифт.

Олимҷон Бобоев, вакили Маҷлиси намояндагон ва раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, ки сабабҳои сар задани бӯҳрон дар бонкҳои Тоҷикистонро таҳқиқ кардааст, мегӯяд, бо он фоизҳое, ки бонкҳои кишвар ба муштариён қарз медиҳанд, аз қабл маълум аст, ки барнамегарданд.

Олим Бобоев.

"Ҳоло фоизи қарзҳо ба ҳисоби миёна 30-32 фоиз аст. Ҳар сол таварруми пул то 7 дарсадро ташкил медиҳад. Даромаднокии истеҳсолоти мо хеле паст ва он маблағҳое, ки барои рушди соҳибкории инфиродӣ равона мешавад, аз пеш маълум аст, ки ин қарзҳо бознамегарданд. Бинобар ин, дар бонкҳо бояд як системаи идораи хавфҳо -- қарзҳое, ки мушкилзо ҳастанд, бояд таъсис дода шавад”.

Ин вакили тоҷик мегӯяд, як мушкили дигар, ки боиси бӯҳрон шуд, интихоби нодурусти кадрҳо ва ғалатҳо дар идораи корпоративии бонкҳо аст. Бино бар мушоҳидаи Бобоев, дар аксар бонкҳои тиҷоратӣ то чанде пеш шӯъбаи идораи хавфҳо вуҷуд надошт, ки бонкҳоро аз пешомади бӯҳрон ҳушдор бидиҳанд.

Чора чист?

Зимнан, масъулони бонки хусусии «Эсхата» -- яке аз чор бонки бузурги тиҷоратии Тоҷикистон, ки ба фарқ аз дигар бонкҳо вазъаш мӯътадил ба назар мерасад, мегӯянд, маҳз таъсиси шӯъбаи идораи хавфҳо дар солҳои 2000-ум, ин бонкро аз бӯҳрон эмин дошт.

Бинои марказии бонки "Эсхата"

Намояндаи «Эсхата» Толибҷон Исроилов рӯзи 19-уми декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Баъд аз оне, ки Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд саҳҳоми бонки «Эсхата» шуд, дар умури идораи бонк як зумра ислоҳот ворид шуд. Аз ҷумла, дар сохтори бонк сохтори алоҳидаи идораи хавфҳо созмон дода шуд, фикр мекунам, бонки моро аз бӯҳрони охирон, ки ду соли охир ҷараён дорад, эмин нигоҳ дошт”.

Айни замон дар Тоҷикистон 15 бонки тиҷоратии хусусӣ ва як бонки давлатӣ- "Амонатбонк" амал мекунанд. Ду бонки асосии Тоҷикистон - "Тоҷиксодиротбонк" ва "Агроинвестбонк", ки созмонҳои молии хусусӣ буданд, баъди гирифтани миллиардҳо кӯмак аз давлат, метавон гуфт моли давлат шуданд.