Агар тарроҳони кишварҳои дунё бар сари таҳияи либосҳои тирамоҳиву зимистонӣ ва баҳорӣ вориди сабқат шуда, талоши пайдо кардани харидони зиёд ҳастанд, тарроҳони либос дар Тоҷикистон аз ин сабқатҳо солҳо дур мондаанд.
Дар Тоҷикистон ба сурати умум тарҳи либоси зебои замонавӣ ва бо риояи танавуъ вуҷуд надорад, ки занҳо битавонанд аз либосҳои аз муд баромада берун шаванд ва пиронаҳои зеботареро бар кунанд.
Аммо ба назар мерасад, ин рисолатро мехоҳад ҳукумат бар дӯш бигирад ва шеваи либоспӯшии занону духтарони тоҷикро ба танзим дарорад. Дар ҳамин авохир макомоти Тоҷикистон борҳо ба шеваи либоспӯшии занҳо эрод гирифта ва онҳоро барои бозгашт ба либосҳои миллии замонавӣ ташвиқ карданд.
Ҳоло омодагӣ ба ҷашнвораи “Хандаи ҳусн” ва ё “Либосҳои миллӣ” ҷараён дорад, ки хукумат мехоҳад бо истифода аз он, фарҳанги либоси миллиро ташвиқ кунад. Қурбон Ғуломзода, як масъули Вазорати фарҳанг гуфт, мақомот тасмим дорад, бо анҷоми чунин чорабиниҳо, тарҳи либосеро ба миён биёранд, ки хусусияти миллӣ дорад ва ҷавобгу ба талаботи замон аст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бисёриҳо аз танзим шудани либоспӯшии занону духтарони тоҷик пуштибонӣ мекунанд, вале мегӯянд, ин кор набояд маҷбурӣ бошад. Шоираи Раҳимҷон, яке аз фаъолони ҷомеаи маданӣ ҳам ба ин бовар аст, ки набояд ҳеҷ касе ба ҳарими шахсии сокинон дахолат кунад, зеро пӯшиши либос барои ҳар нафар озод аст. Аммо ӯ аз он нигаронӣ мекунад, ки то ҳанӯз тарроҳони тоҷик натавонистаанд, хостаҳои занону духтаронро вобаста ба завқашон пешниҳод кунанд.
Аммо тарроҳони тоҷик мегӯянд, ҳоло барои дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам ҷаҳон муаррифӣ шудани либоси миллии тоҷикон, мушкилиҳои зиёде вуҷуд дорад. Онҳо мегӯянд, барои баргузор кардани намоиши муди фаслҳои сол маблағ надоранд ва ба пуштибонии молӣ ниёз доранд.
То имрӯз танҳо теъдоди ками тарроҳон тавонистаанд, маҷмӯи либосҳои худро берун аз кишвар муаррифӣ кунанд. Азиз Мирзоев, тарроҳи ҷавон, пешниҳод дорад, ки мақомот, дар баробари чорабиниҳои тарғиботӣ ба хотири эҳёи либоси миллӣ, ҳамчунин бо тарроҳоне, ки идеяҳои ҷолиб доранд, ҳамкорӣ кунад.
Таъкидҳои зиёди мақомот барои пӯшидани либосҳои миллӣ то андозае ба мардуми оддӣ ҳам таъсир кардааст ва аксаран бо шунидани ибораи “либоси миллӣ” ҳатман аз чакан ва атлас ном мегиранд.
Мавзӯи танзими либоспӯшии занону духтарон дар ҳоле доғ шуд, ки теъдоди занҳои чодарпӯш дар кӯчаҳои шаҳр бамаротиб зиёд шуд ва мақомот ба занҳо тавсия доданд, ки ба ҷои либосҳои бегона беҳтар аст агар ба либосҳои миллӣ, бахусус атлас рӯ биёранд.
Аз сӯи дигар, ин ҳарфҳо ҳам шунида мешавад, ки дар сатҳи ҳукумат таҷлил ва баррасӣ шудани ин мавзӯъ ба он хотир аст, ки Тоҷикистон мехоҳад, либосҳои миллии чакану атласро ба феҳристи намунаи фарҳангӣ тоҷикон дар ЮНЕСКО сабти ном кунад.
Аммо мунаққидон дахолати ҳукуматро ба тарзи либоспӯшии занон нодуруст мешуморанд ва мегӯянд, агар ҳадаф эҳёи либоси миллӣ бошад, пас чаро ин раванд танҳо ба занҳо рабт мегирад?
Бисёри ҳо ҳам ин суолро мегузоранд, ки оё мухотаби ҳукумат дар масъалаи миллӣ кардани либоси занон танҳо занҳои маъмулиянд ва ё ин раванд ба ҳамаи занҳо рабт дорад. Дар зимн, занҳое, ки дар мақомҳои баланди давлатӣ кор мекунанд ва ё дар парлумон аз мардум намояндагӣ мекунанд, ҳамагӣ либоси аврпуоӣ доранд.
Чанд соли пеш ҳам мақомот бо баргузории маъракаи “Чакомаи гесу” сабқати дарозтарин гесуҳоро роҳандозӣ карданд ва бо ин роҳ занонро ташвиқ карданд, ки кокулони дарози худро ҳифз кунанд. Аммо ин маърака ба афзоиши теъдоди теъдоди занҳои муйдороз дар кишвар мусоидат накард.
Ва ҳоло низ интизор намеравад, ки маъракаҳои нави ташвиқи либоси милллӣ талабгорони либосҳои аврпуоиро аз молҳои шанел ва гуччи дур ва ба куртаҳои дӯхти корхонаи дузандагии Тоҷикистон наздик кунад.